Бахшҳо

“Амри маъруф”-и Абдуқаҳҳор ба “фанатик”-ҳои фаъолу зиёиёни хомӯш

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, бо нашри як матлаб аз фаъолии “фанатик”-ҳои нимаколасаводнок ва хомӯшии зиёиёни тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук интиқод кардааст.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, бо нашри изҳорот дар сафҳааш дар Фейсбук изҳор доштааст, ки “фанатик”-ҳо дар ин шабака минбарро аз зиёиён гирифтаанд: “Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Фейсбук як зумра нимаколасаводфанатикҳо корбаранд, ки тақрибан ин минбарро аз равшанфикрону зиёиён гирифтаанд. Мабодо як ҳарфе риндона гӯйӣ, ё дар мавзӯе изҳори назар намоиву сари бемағзашон қабул накунад монанди галласагони ваҳшӣ ё кафторон "ҳуҷум" мекунанд. Онҳо ба дилхоҳ ош, ош қатиғ ва ба дилхоҳ суҳбат ҳамроҳ шудаву насиҳату васият ва ҳатто таҳдиду такфир менамоянд”.

Оқои Абдуқаҳҳор мисол овардааст, ки рӯзи гузашта дар бораи Авастову Зардушт , ки таъриху фарҳанги пурифтихорамон аст, маълумоте доду аз ҷониби “фанатик”-ҳо “борон”-и таҳқиру маломат ба сараш рехт: “Инҳо, ки “Қоидаи бағдодӣ”-ро ғоибона ва бо ҳуруфоти кириллӣ “хатм” кардаанд, ҳатто аз номи шариат фатво медиҳанд. Аҷобаташ боз дар он аст, ки 24 соат дар шабакаанду намедонам кай масҷид мераванду кай намоз мехонанду кай ниёиш мекунанд. Кофарро мазаммат мекунанду ихтирои кофар интернетро минбар”.

Ба гуфтаи муаллиф аз ҳама аламовараш ин аст, ки зиёиёни мо ба хотири он ки дар “рӯйхати сиёҳ”-и “фанатик”-ҳо наафтанд, садо баланд накарда таҳаммул мекунанд.

Абдуқодир Абдуқаҳҳор дар хитоб ба зиёиёни хомӯш навиштааст:

Таҳаммул гар чи маҳмуд асту нафъи бекарон орад,
Вале бояд начандонаш, ки мардиро зиён орад.


Ба гуфтаи директори китобхонаи ба номи Лоҳутӣ “бетарафии мо буд ки аз дасти ин чалласаводони тахтаришу бузришу кӯсариш Империяи Сосониёну бузургдавлати Сомониёнро аз даст додем. Ҳамин мутаасибон Рӯдакиро кӯр карданду Фирдавсию Синову Носирро дар ба дару бе хонаву дар. Ҳамин ҷоҳилон пеши раҳи олиму ихтироъро гирифтаву Фарангро пешгом намуданд”.

Дар охир Абдуқодири Абдуқаҳҳор фанатикҳоро гунаҳкори ҷавонмарг шудани демократия дар Тоҷикистон хондааст: “Ҳамин фанатикҳо Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданду демократияи ҷавонро ҷавонмарг. Ҳаминҳоянд, ки Ироқу Шомро аз хуни мусалмон оғӯшта карданду Ислому мусалмонро дар ҷаҳон беобурӯ. Ва боз чанд ҳаминҳои дигар...”.

Мӯҳр
Точик
Дар гуфтахои ин шахс Газабу бадбени аз акл боло шудааст

хонанда
...чалласаводони тахтаришу бузришу кӯсариш Империяи Сосониёну бузургдавлати Сомониёнро аз даст додем. Ҳамин мутаасибон Рӯдакиро кӯр карданду Фирдавсию Синову Носирро дар ба дару бе хонаву дар. Ҳамин ҷоҳилон пеши раҳи олиму ихтироъро гирифтаву Фарангро пешгом намуданд”.

Мухтарам хазинадор! ин бефарҳангист, шумо хатто аз илми таърихам дур будаед...

Абдукодир ба фикри банда хам аз илми дуняви ва хам аз илми ухрави фарсах-хо дур мондаасту худро донишманд нишон доданист.

Аз оне ки тоҷикон пур аз хато ва беҷо бо заб русӣ баромад меуарданд, ман фейсбуки худро маҳкам кардам. Ҳоло маълум мешавад, ки ин лашкари ДИИШ фейсбукро майдони ҷанг эълон кардааст. Вой ба ҳолат тоҷики хурофотӣ! Ҳама аробакашу мардикор, саводи дунявӣ нест, картошкафуруш 2кг картошкаро дар калкулятор зарб мезанаду боз инҳо забон бароварданд? Ҳамаи ин хурофотиҳои ифротӣ дар мардикорӣ дар Русия "таълим" мегиранд. Ин ҳама ҳуҷумҳои фейсбукӣ ҳам аз ҳамон тараф аст. Инҳо ошиқони гӯру қиёмат, дониши дунявиро бад мебинанд, вале аз ихтирооти техникӣ, ба мисли, компютер, телефон, мошинҳои азим бо лаззат истифода мекунанд. Магар ин мунофиқӣ (дуруягӣ) нест? Шоир беҳуда нагуфтааст: "мунофиқро ҳаргиз мадон мувофиқ; мунофиқро мунофиқ дон, мунофиқ!"

Tojik
Ин гуна туҳмат задан ва муттаҳам кардани дигарон нишонаи заъфи гӯянда аст. Бо таҳқири дигарон Тоҷикистон ободу озод намешавад. Хеле мағрур ҳастед, ки худро зиёӣ меномед. Ин беҳунарии шумост, ки барои пушондани хаъфҳои худ ҳамеша ба диндорон ҳамла мекунед. Шумо худро дар зулмат нигаҳ доштаед боз худро зиёӣ меномед ва дунболи демократия мегардед. Агар натиҷаи китобхонаи шумо ҳамин бошад вой ба ҳоли дигарон!

nasri
Сухани ин шахс ва амсоли онхо ягон асаре барои мардум надоранд. Агар майдони бахс ташкил карда шавад бовари дорам ин Абдукодир баринхо шикаст мехуранд. Суханашон асар надорад.

Бархе худро устод олими замон ва ё шахси бо фарҳангу оқилу доно мешуморанд дар сурате ки ҳақро канор гузоштаанду дунболи ноҳақию ноадолати давонааанд ва худро чунон ба намоиш мегузоранд ки гӯё ҳар ҳарфе ки менависанд ҳамаги ҳақаст ва он гунае худро тасаввур мекунанд ки гӯё дар ҷомеа бениҳоят шахси зарури бошанд. Ҳар гоҳ дар мавриди хатоии он (ба қавли худаш олими барҷаста) ҳафе гуфта шавад яъне аз ноҳақ буданашон ҳарф навишта шавад дар ҳол бо як буғз дигаронро ба бесаводи мутаҳам мекунанд...

мардон
Сиёвуш,
сафсаттае беш нест

Устоди азиз шумо мусалмон хастед е на? Дар вакти дар радио буданатон хам шабу руз зардушту авасто мегуфтед холо хам. Чаро аз муаллими муаллимон бехтарин инсони руи замин хазрати Мухаммад(с) сухан намекунед?

Нодонак саволи бомаврид доди ку бинем чи посух мета?

Калби сузон
Пас чи маслихат медихед огои Абдулкодир: дубора оташпараст шавем?

Abdulqodori Abdulqahhor. Shumo durust qayf karded in ho hama shagolu rubah dar surati odamizod hastn. AMMO shumo ABDULQODIR. shumo dar kadom din hastet. Agar dar dini islom naboshed. Pas khudatonro charo dar zahmat giriftor mekuned.AZ hamon oini zardushtivu avesto amal kuned.khub dar in oini shumo chizhoe ajoibe hast.khub amalash kuned.

bakha21
ба фикри ман устод дуруст кайд карданд. галасагон одам намешаванд


In mardumi aqibmondai fanatro ba rohi rost hidoyat kardan, misli ba gushi khar azon khondan ast. Inho az dark kardani sukhanoni haqi yak hamwatanashon ojizand wa bo maghzhoi puchu torikashon hozirand, ki filhol uro nosazo guyandu besawod iilon kunand. Wale agar hamin holo Doish onhoro ba kallaburi daawat kunad, fawran ba on jo khudro merasonand, chun inho hej ba inson namemonand, asrho boz mankurtand. Baroi inho millat, Watan, donish, ilm, farhang wa hokazo hej mafhume nadorand, chun khudashon bemafhumand. Yak kitob nakhonda, kasi ogohu bosawodro mefarmoyand, ki kitob bikhon. Inho yak umr kharhoi borbardori arab budand wa mutaassifona, hamon guna boqi mondand. Man medonam, ki Abduqodir yake az fardhoi bosawodi jumhurist wa bined in chalasawodhoi fanat ba u chi guna hamla mekunand, dar sutate, ki khudashon ghayr az "Chorkitob" digar chize nakhondaand. Hadafi inho az zindagi chist? Hadafashon misli kurshparak zistan wa zindagiro ba shabi torik tabdil dodan wa bas. Inho torikii zulmotand wa hamesha dar fikri onand, ki rushanfikronro ba sifr barobar kunand, to ba hadafhoi nopoku ifrotgaroyonai khud birasand.

Антиараб
Рафоат Саидахмадова,
Офарин!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)