Бахшҳо

Шӯрои уламо донишҷӯи порадеҳу омӯзгори порагирро “дӯзахӣ” хонд

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар шарҳи порадиҳии донишҷӯён ба омӯзгорон аз қавли Расули Худо (с) изҳор доштааст, ки “порадиҳанда ва порагиранда дар дӯзаханд”.

Шаҳром, як донишҷӯй корбари сомонаи Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки “дар донишгоҳ баъзе муаллимон барои мондани рейтинг маблағ талаб мекунанд, агар надиҳем, рейтингро намемонанд ва ҳамин тавр ба имтиҳон роҳ дода намешавем. Мо дигар илоҷе надорем, маҷбурем бидиҳем. Лутфан мегуфтед, ки мо бо ин кор, яъне пора додан чӣ қадар гуноҳ гирифтаем”.

Дар посух Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки “аз нигоҳи шариат пора додан ва пора гирифтан амали гуноҳ маҳсуб мешавад. Чунонки Расули Худо (с) фармудаанд: “Порадиҳанда ва порагиранда дар дӯзаханд”. Агар шумо хоҳед, ки аз гуноҳи пора додан эмин бимонед, бояд вазифаи донишҷӯии худро содиқона ба чо оварда, дар дарсҳо мунтазам иштирок намоед ва ба санҷишу имтиҳонот комилан омода шавед, умед аст, ки бидуни пардохти маблағе комёб мешавед”.

Мӯҳр
Худо моро бубахшад вале дар замони имруза шароити бозор ба шароити ойлик мутобикат намекунад ба хамин хотир бисёрихо аз мачбури пул мегиранд. Чунки муаллим ё омузгор агар хади акал 1500 сомони бигирад аз ин маблаг ба хисоби миёна 60-сомониаш рохкирои якмохааш мебошад, пули барк пас аз насби хисобкунакхои нав ками дар кам 120 сомон , пули об мохона 28-30 сомони, пули хизматрасонии комунали квартали 60-сомон гайр аз ин хариди озукавории хона : нон, картошка, пиёз, равган, чойи кок, шакар, намак, когази ташноб, айна, собун, шампун ва гайрахову хоказо...Худо накарда боз агар бемор шави соката дар ончо духтурон мечафанд чунки онхо хам зиндаги доранд. Хулоса дар шароити имрузаи Точикистон дар сурате ки бозор бо ойлик мутобик набошад бояд макомотхои зидди карупсиони ба пули ночиз бечораомузгоронро махбас накунад. Дар давлатхои хорича бо се ойлик ё шаш ойлик хона ё мошин харидан мумкин аст. Хатто баъзе касбхое хастанд ки бо як амалиёти тичори масалан дар сохаи сохтумони бо як проект даххо хога харидан мумкин аст. Ана дар ин гуна шароит макомоти зиди карупсиони буданаш арзандааст. Мо чи ? Агар шахсе гуяд ба ойлик дар Точикистон зиндаги мекунам у бояд на зан дошта бошаду на фарзанд ва инчунин либосхам як адади дошта бошад. Либоси зимистона, тобистона, бахори ва тирамохи. Хамзамон бояд кам бемор шавад хади акал дар панч сол як маротиба. Фикр мекунам ингуна инсонхо ками дар каманд. Ангуштшумор.

Муаллим аз Корвон, Хамаи суханхоятон маъкулу охири каломатон нашуд муаллим ана хамин мисраъхо зиёдати буданд (Аз кадом адолат ва хакикати Худованд гап мезанед, ман дарк намекунам.) Адолат ва Хакикати Худовандро факат атеистон, материалистон ва комунистхо дарк намекунанд. Он чи Худо ва паёбаронаш гуфтаанд саропо хакикату адолатанд. Инчо сухан дар бораи марази порахори ва порадихи дар чомеъаи имрузаи мо меравад ва хукми шаръии он чи гуна аст? Яъне дар дин хукми ин ду дузах будааст, Агар оди карда фахмонам барои чи як тараф дузахи набудасту хардуро дузахи хукм кардан бо сабабе, ки агар яке ба дигаре пора надихад дигари мачбур мешавад ки вазифаашро аз руи конун ичро кунад. Дар кучои ин хукм адолату хакикат дида намешавад? Амалхои нопокатонро бо хакикату адолати Худованди омехта накунед, илтимос. Шоир хуб кайд кардааст.
Ислом ба зоти поки худ надорад айбе,
Хар айбе ки хаст дар мусалмонии мост.
Барои хамин аз мавзуъ берун набароед агар саводи кофии дини надоред.

Аслан омилхои асосии пайдоиши ин падидаи номатлуб зиёд аст , аммо омили мубрами ин падиди дар паст будани маоши муалиммон ва дигар кормандони ниходхои мухталифи ЧТ... Албатта акаллияти устодон ба ин кор даст мезанад , ки танхо бо рохи дарсдихи зиндагияшонро пеш мебаранд.. Хушбахтона ин падида бо ташабуси пешвои миллат, чаноби оли мухтарам Эмомали Рахмон руз аз рух кохиш ёфта истодааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)