Раиси Оҷонсии зидди фасод боздошти кормандонашро "махфӣ" хонд
Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо корруписия Тоҷикистон аз шарҳи боздошти кормандони баландпояи ниҳоди тобеяш ба далели сирри тафтишот худдорӣ кард.
Султонзода, имрӯз, 26-уми апрел дар ҳошияи ҷаласаи парлумон ба суоли хабарнигорон дар бораи боздошти тобеини баландпояаш гуфт, “ин ҳамааш махфӣ аст”.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳо аз боздошти 17 корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳанд. Оҷонсии зидди фасод дар бораи ин боздоштҳо иттилои расмие нашр накардааст, аммо масъулини ин ниҳод ба расонаҳо дар мавриди чанд тан аз боздоштшудаҳо гуфтаанд, онҳо қаблан аз кор рафта буданд.
Миёни боздоштшудаҳо исми Давлатбек Хайрзода, муовини пешини раиси агентӣ, Фирӯз Холмуродзода, муфаттиши калон ва Ҷамолиддин Муҳамадзода, сардори раёсати ташкилӣ-нозиротӣ ва Фирдавс Ниёзбадалов, муфаттиши собиқи агентӣ ҳам гуфта мешавад: "Як корманди агентӣ - Умед Камолов - дар пайгард эълон шудааст".
“АП” менависад, Хайрзода замоне боздошт шуда, ки қасди гузаштани марзи Қирғизистонро доштааст. Аммо бино ба манобеи Радиои “Озодӣ” ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми парвоз ба Русия дастгир намудаанд.
Ба иттилои расида, боздоштшудаҳо аслан дар “қаллобӣ” муттаҳам мешаванд. Фарзияҳое низ ҳаст, ки силсилаи боздоштҳо ба ҷараёни бунёди бемористони "Истиқлол” рабт дорад. Ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе раиси собиқи раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе маъруф ба УКС Саидшариф Анваров ва яке аз шарикони ӯро барои дуздии пулҳои буҷа дар сохтмони ин бемористон ба 18 соли зиндон ва як нафари дигарро ба 4 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешавад, муфаттишони агентӣ фаъолияти УКС дар замони бунёди беморхонаро санҷида, ба он баҳои мусбат додаанд.
Мавриди таъкид аст, ки исми бархе аз боздоштшудаҳо дар робита ба қазияи пурсарусадои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов расонаӣ шуда буд. Ба вижа, Фирӯз Холмуродзода, ки сардории гуруҳи тафтишотии ин қазияро бар уҳда дошт. Ҷамолиддин Муҳамадзода бошад, соли 2013 дар замони баррасии парвандаи ҷиноии Саидов сардори раёсати тафтишотии Агентии зидди фасод буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |