Бахшҳо

Мухлис: Баъди нуқраи Анталия муҷозоти Комроншоҳ лағв шавад

Яке аз шарҳнависон бо номи Мухлис дар зери матлаби “Баъди муҷозот. Устопириён бо медали нуқра ба Ватан бармегардад”-и “Озодагон” навиштааст, ки баъди ба даст овардани медали нуқраи мусобиқаи байналмилалии ҷудо - “Grand-Prix Antalya 2017” бояд Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозоти ахирашро дар мавриди Комроншоҳ Устопириён қабл аз тамом шудани давраи муҷозот, лағв кунад.

Ин шарҳнавис аз ҷумла навиштааст, ки “вақте Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён муҷозот эълон кард, ӯ мардонавор инро қабул кард ва узр ҳам пурсид. Ин дуруст аст. Акнун Кумитаи мазкур мардонавор дастоварди охирини Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириёнро ба инобат гирифта, муҷозотро пеш аз мӯҳлат бардорад”.

Ба навиштаи Мухлис “чунин таҷриба дар олами варзиш вуҷуд дорад. Дар ин сурат ҳам мардонагии Қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо Комроншоҳи Устопириён исбот ва ҳам адолату шаффофияти кори масъулини варзиши кишвар дар чашми мардум барқарор хоҳад шуд. Зимнан, чунин таҷриба ба такрор мегӯям, ки дар давлатҳои мутаррақии олам роиҷу равост! Боз мехоҳам ёдовар шавам, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ танҳо ягона касе, ки ба кишвар бонгу номи қаҳрамонӣ аз қораи Осиё овард, Комроншоҳ буд!!!”

Ҳамчунин имрӯз Федератсияи байналмилалии ҷудо мақоми Комроншоҳи Устопириёнро дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо панҷ зина боло бурд. Мақоми навро Комроншоҳ баъд аз пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия соҳиб шуд, ки Устопириён дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 1776 имтиёз дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.

Комроншоҳи Устопириён 23-уми март қабл аз эълони ғолиби мусобиқаи куштӣ дар мусобиқаи куштии милии "Ҷоми Пойтахт -2017”, ки дар “Наврўзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишораи даст дашном дод. Ин лаҳзаро дурбинҳо сабт карданд ва баъдан дар интернет паҳн шуд. Гуфта мешуд, варзишгар довари асосии куштиро дашном додааст, аммо вай дар як суҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ишорааш ба тамошобиноне буд, ки дашномаш доданд. Ӯ дар финали ин мусобиқа бо Саидҷалол Саидов қувва озмуд ва доварон дувумиро ғолиб эълон карданд. Дар пайи ин Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо баргузории як ҷаласа барои санҷиши рафтори Комроншоҳ гуруҳи корӣ таъсис дод. Гуруҳи кории Кумита паҳлавони шинохтаро аз 1 апрели соли 2017 то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои куштии миллӣ дар кишвар маҳрум кард. Аммо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баҳогузории доваронро, ки ангезаи амалкардҳои Комроншоҳ шуда буд одилона ва тибқи қоида баҳогузорӣ намуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон дар мавриди ноадолатиҳои доварон баҳсҳои гармеро ба бор оварда буданд.

Комроншоҳи Устопириён ахиран мусобиқаи байналмилалии ҷудо -- “Grand-Prix Antalya 2017”, ки аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд мақоми дуввумро касб намуд. Дар ин мусобиқа дар баробари Комроншоҳ инчунин ду паҳлавони дигар: Хаёмиддин Ҷабборов (вазни -73 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) намояндагӣ карданд. Комроншоҳи Устопириён баъди шикасти ду рақибаш -- Батуҳан Ефемгили турк ва Ҳае Ҷо Ҷунги кореягӣ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин қисмат Магомед Магомедови русиягиро шикаст дод, аммо дар финал аз Алтанбагана Гантулга, паҳлавони муғул мағлуб шуд.
Мӯҳр
Сугд
дируз як точикписари дигар дар Амрико чои якум гирифт маълумот доред ё не

Бетараф
гушти не бародари азиз ,кушти аст.

в
Бетараф,

Мардум як умр гушти мегуфт. Шумо аклакхо аз кучо ин калимаи "куштиро" ефтед? Фирдавси дар Шохнома навиштааст? Хайр муйсафед хато карда ба чои Г харфи К навиштааст.

хонанда
хай другу рост Кумитаи варзиш ва сайёхи ин чемпиёна ки да Чахон номи мора мебардошт дь сол аз гуштиной дохили депортш кадан, барой як ишораи даст бо бахшишам прсид. (хуб канд зана Кумита Корша хуб ичро кад :(:(:( )
лек агар Дашноми санъаткор Шахриёр Давлатов ро нигох кни ай кахру газаба аламт мекна да байни укадар мардум шарму хайо накарда ба микрафон хакорат мекна ... бо бахшиш прсиёша мебини мегуй мачбури овада шинондану сиёнкаш доран ...


Некон
Рости ман намефаҳмам....худи комрони усто ба гуноҳаш иқрор шудаасту ба ҷазояш розӣ ҳаст ...шумо чиҳо менависед....
Ба мисли комрон даҳҳо паҳлавонони номи буданд ҳоло ҳастанд аз ҷониби онҳо то ба имруз чунин рафтори беақлона сар назадааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)