Бахшҳо

Вокуниши Раззоқов: Пешниҳоди ман таҳриф шудааст

Баҳодур Раззоқов, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ирсоли як нома унвонии хабаргузории “Озодагон” мавқеи худро дар баробари мақолаи Иршод Сулаймонӣ “4 пешниҳод “..она” ё буҳрони фикрӣ дар Тоҷикистон” изҳор доштааст.

Дар ин мактуб ҷаноби Раззоқов мегӯяд, “баромади ман дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе (15 феврали соли 20017) ба интиқод гирифта шуда, мазмуни он бо таҳриф тавсиф дода шудааст. Аз ҷумла, дар мақола чунин омадааст: “Маҳдуд кардани вуруди деҳотиён ба шаҳри Душанбе, аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи ш.Душанбе, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Раззоқов Баҳодур Ҳаётович”.

Ин вакили шаҳрӣ дар идома менависад, “биноан, дар баромади ман, ки тавассути ҳама шабакаҳои телевизионии давлатӣ пахш гашта буд, чунин тарзи масъалагузорӣ ҷой надошт. Ман нисбати таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ ва зарурати ҷорӣ намудани маҳдудият барои дастрасии моликияти ғайриманқул дар шакли хариди манзили истиқоматӣ барои деҳотиён пешниҳод доштам”.

Баҳодур Раззоқов иддао мекунад, дар матлаби Иршод Сулаймонӣ пешниҳоди эшон ба раисҷумҳури кишвар нодуруст оварда шудааст ва ӯ талаб карда, “тавассути нашри раддия дар сомонаи худ ба мақолаи “4 пешниҳод “..она” ё буҳрони фикрӣ дар Тоҷикистон” дар қисмати таҳрифи суханҳои ман тавзеҳот ворид намоед. Агар ҷаноби И.Сулаймони аз одоби рӯзноманигори хуб огаҳ бошад, пас дар чунин ҳолат бахшиш пурсидани ӯ фарз аст. Вале инро ман талаб надорам”.

PS. Хабаргузории “Озодагон” бори дигар навори пешниҳоди вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раззоқов Баҳодурро дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе омӯхт. Дар натиҷа маълум шуд, ки дар ҳақиқат пешниҳоди вакил барои баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ иборат аз мазмуни зайл буд: “Мо баъзе маҳдудиятҳоро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нисбати соҳиб шудан ба моликияти ғайриманқул, хусусан манзил дар биноҳои бисёрхонагӣ ҷорӣ кардан даркор барои шаҳрвандоне, ки аз деҳот меоянд. Ин ба фарҳанги шаҳрдорӣ ҳам таъсир мерасонад ва ҷанбаи амниятӣ ҳам дорад”.

Ин пешниҳоди Баҳодур Раззоқов аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул нашуд ва изҳор намуд, ки “бародари азиз, дар масъалаи манъ кардан он қадар розӣ нестам, чунки худам ҳам деҳотӣ ҳастам. Решаи ҳамаи мову шумо аз кӯҳистон ҳаст, аз деҳот”.


Акс аз шабакаҳои иқтимоӣ
Мӯҳр
Озодагон чаро назари мардумро ба пурраги нашр намекунед

Хамин худи Раззоков аз кучо аст? Дар кучо зиндаги мекунад? оё ягон маротиба бо сокинони манзили истикоматиаш мулокат кардааст? Оё боре хам фарханги шахриниши дар пойтахтро ба мардум фахмонидааст? Ку Раззоков посух гуед.

Беном
Чи тавр депутат шуди - мо хайрон? Хамаат бегонапараст шудаед аз А- то Я .

Devona
Мусофир,
Man sad dar sad tarafdoram,ki dehotijon ba madaniyati shahrnishini hurmat doshta boshand. Az rusho niz talab karda shavad ,ki ba tojikoni kishlokii nodidai bemadaniyat sarhadro baroyashon bandand.

Дар сурате ки 80% мардуми шахри душанбе ичора нишину аз дехот хастан, ва савол ба миён меояд ки хамин ваклиа решааш аз кучо бошад ва бо кадом вичдон хамин суханхопро гуфтанд

ошно
мухтарам Озодагон чаро лукмапартоихое: ки хакикати мусбиро нисбати дониш ва чахонбинии дар хакикат доштаи доктори илм Разокков Баходур менависанд, чоп намекунед. Бинобар аз озодагон буданатон зери суол меравад, Хохиш менамоем: ки хама нуктахои назарро чоп намоед, то яктарафагы раф гардад.Бо узру сипос ошно.

Дехоти
Пешвои Миллат мухтарам Эмомалии Рахмон бехтарин чавобро додаанд, ман ифтихор мекунам ки чунин Пешвои бохирад дорем.

Набояд як чизро фаромуш кард, ки мардуми шахр ва мардуми дехот гуфтани гап нест. Танхо мардуми пештар ба шахр омадаги ва мардуми баъдтар ба шахр омадаги хаст. Душанбе пеш худ як дехот буд, баъдан бо гузашти солхо ва зиёд шудани мардуми дехоти дар шахр ба Шахр мубадал гардид (1850 то 1930). Аз ин ру мухтарам "доктор" фаромуш накун!, Бузургон гуфтаанд.
"Одамони бузург дар дехот ба дунё омада дар шахрхо ташаккул меёбанд".

Ман ба ҳамон ташкилкунандагони ин маҷлис ҳайронам ақаллан мепурсиданд ки ин зиеии дар нохунак чи мехоҳад, пеш аз он ки дар рӯ ба рӯи ҷаноби олӣ ё дар минбар ом баромад мекунад

Хонанда
"Ман нисбати таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ ва зарурати ҷорӣ намудани маҳдудият барои дастрасии моликияти ғайриманқул дар шакли хариди манзили истиқоматӣ барои деҳотиён пешниҳод доштам”... Акаи Раззоков, бо ин чумлаи печидаатон чи гуфтани будед? О точикча карда гуед намешавад?
Шумо "махдудият барои дехотихо" мегуед, пас аз худатон шуруъ кунед. Шумо ки хастед, ки барои дигарон махдудият чори мекардаед? Душанбе моли бобоятон-ми?

одами холис
Душанбе шахрдориро авал аз хучанд омузад дар хучандхам аз тамоми точикистон зиндиги меку над лекин доимо озода аст душанбе рави на шарию накишлоки ба фарханги шахрдори кам а х мият метиянд

брат
Корхонахо, макомотхои давлати, донишгоххо хамаро ба пойтахт кучонден, мардумро мачбури мебиёретон бо даъво мекнен ки намоненшо. Маърифати шахрдорира чко мекнан мардуми бечора барои ризку рузи омадан. Мархамат брен бсозен заводу корхона ку кадоми хаму деханишинон миёян шар? ДАР ОН РУЗХОИ НООРОМИ КИ АЛЛОХ ХЕЧ ВАКТ БА САРИ МАРДУМИ ТОЧИК НАОРАД, ХАМА ШАХРИХО ПАРТОФТАН РАФТАН, БО ХАМИ ШАХРА ДЕХОТИХО ОМАДАН ОБОД КАРДАН.

Манучехр
шумо муаллими фанни хукукшиноси хастед аз ин пешниходи худ шарм надоштед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)