Бахшҳо

Умед Ҷайҳонӣ: Ниҳодҳоямонро бояд аз истилоҳоти “уштурговпалангона” пок кунем

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 30 январ гуфт, онҳо барои тоҷикитар кардани номи вазорату идораҳо ва ниҳодҳои дигар як гуруҳи корӣ таъсис додаанд. Ба таъкиди ӯ, ҳадаф доранд ин тарҳро зина ба зина татбиқ кунанд. Баъди нашри ин гуфтаҳои хонум Шарофзода забоншинос ва ҷойномпажуҳи варзидаи тоҷик -- Умед Ҷайҳонӣ изҳор дошт, омодааст, дар ин кори ба гуфтаи вай хайр ёрӣ бидиҳад. Дар зимн, Иршод Сулаймонӣ бо Ҷайҳонӣ суҳбате анҷом дод ва нахуст аз ӯ пурсид, вуҷуди ҳамин хараҷу мараҷ дар номгузории ниҳодҳо ба куҷо бармегардад ва ин бебандуборӣ аз куҷо маншаъ мегирад?


Умед Ҷайҳонӣ: Ин ҳарфу марҷ дар номгузории ниҳодҳои давлатӣ аз Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ки ахиран онро ҳам русиёна Конститутсия хондаанд) ва дигар қонунҳои ҷории кишвар маншаъ мегирад. Забони қонунгузории Тоҷикистон бисёр русизада аст ва бархе аз қонунҳои Тоҷикистон ё куллан рӯбардор аз қонунҳои Русия ҳастанд ва ё аслан аввал ба русӣ омода шудаву сипас ба тоҷикӣ баргардон шудаанд, ки аз ҷумлабандияшон ошкор аст. Ин қонунҳо низ бояд ислоҳ шаванд. Вале гумон дорам ки номи вазорату ниҳодҳоро мешавад пештар ҳам ислоҳ кард ва мунтазир набуд, ки кай қонунҳоро ислоҳ кунанд.

Озодагон: Ҳоло фикр мекунед кадом ниҳодҳову вазоратхонаҳо ба чунин номгардонӣ ниёз доранд ва чаро бояд ҳатман номгардон шаванд?

Умед Ҷайҳонӣ:
Аз болотарин ниҳоди кишвардории Тоҷикистон, яъне Президент бигиред ва то поинтарин ки раиси ҷамоати деҳот аст, номҳо аз русӣ баргардон ва ё гардабардорӣ шудаанд. Чунончи, Президентро бояд Раиси Ҷумҳурӣ ва кӯтоҳтар Раисҷумҳур гуфт. Аммо онро метавон Кишвардор ҳам гуфт. Бори маъноии истилоҳоти “кишвардор” (“сарвари кишвар”) ва “кишвардорӣ” (“дониш, фанн ё шеваи идораи кишвар”) имкон медиҳад, ки онро барои номидани мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба кор барем ва ба ҷои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯтоҳу зебову расо Кишвардори Тоҷикистон гӯем. Корбурди истилоҳи “кишвардор” ба маънии “болотарин мақоми иҷроии ҳар кишвар” роҳро барои пазириши “устондор” ба ҷои “раиси вилоят”, “фармондор” ба ҷои “раиси ноҳия”, “шаҳрдор” ба ҷои “раиси шаҳр” ва “деҳдор” ба ҷои “раиси ҷамоати деҳот” ҳамвор мекунад ва радаи хӯшавожаҳои идориро падид меоварад.

Яке дигар аз истилоҳоте ки ҳатман бояд ислоҳ шавад, “Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” аст. Бо таваҷҷуҳ ба ҷойгузинҳое, ки барои раёсати ин воҳидҳо пешниҳод кардем, “мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят” бояд кӯтоҳакак “устондорӣ” номида шавад. Ногуфта намонад ки вожаи “устон” бозмонда аз “*abi+stāna-“ дар порсии бостон аст, ки аз пешванди “abi-“ ва “*stāna-“ аз решаи “stā-“ ба маънии “истодан” сохта шуда ва маънияш “ҷой, макон, сарзамин” аст, ки дар номи Тоҷикистон ошкор аст. Ин вожа дар порсии миёна “awestān” ва дар порсии дарӣ “ustān” гашта аст. “Устон” бо вожаҳои олмонии “Staat”, англисии “State”, Испании “Estado”, фаронсавии “État” ҳамреша ва бо “Province” дар англисӣ, “Provinz” дар олмонӣ ва “Province” дар фаронсавӣ ҳаммаънӣ аст. Ҳамин пешинаву корбурдро бояд дар назар гирифт ва вилоятҳоро “устон” номид.

Ҳамчунин, “мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия”-ро метавон “фармондорӣ” ва “ноҳия”-ро низ “шаҳристон” номид. Ҳамин, ки ноҳияе дар Тоҷикистон Шаҳристон ном дорад, гувоҳ бар ин аст, ки ин вожа бегона нест, чунон ки шояд бархе гумон баранду онро “эронича” пиндоранд. Ба ҷои “ҷамоати деҳот” ҳам бояд истилоҳи тоҷикии “деҳистон” ба кор гирифта шавад. Истилоҳи уштурговпалангонаи “мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр” бо як вожа ҷойгузин мешавад ки он “шаҳрдорӣ” аст. Ин истилоҳот ҳама дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” оварда шудаанд, ки худ гувоҳ бар корбурдашон дар қадим аст, гарчи маънияшон дигаргунтар будааст.

Аз дигар истилоҳоте, ки бечуну чаро бояд ислоҳ шаванд, “суд” ва “прокуратура” ҳастанд, ки аз русӣ гирифта шудаанд. Суд бояд “додгоҳ” ва прокуратура бояд “додситонӣ” номида шаванд. “Суд” дар забони мо даромадеро гӯянд, ки аз хариду фурӯш ё сармоягузорӣ ба даст ояд. Натиҷаи хубу дилхоҳеро, ки аз коре ба даст ояд ва асари дилхоҳ ё хушоянди чизеро ва баҳраро низ суд гӯянд. Аз ин вожа истилоҳоти судовар, судбахш, судҷӯ, судгароӣ, судманд ва судмандӣ сохта шудаанд. Яъне дар забони мо “суд” ҳаргиз маънии додгоҳро надошта ва наметавонад дошта бошад. Судя ва прокурор низ бояд бо додвар ё додрас ва додситон ҷойгузин шаванд.

Яке аз ниҳодҳои тозабунёди кишварамон Палатаи ҳисоб аст. Ногуфта пайдост ки “Палатаи ҳисоб” рӯбардор аз “Счётная палата” дар забони русӣ аст. Агар номгузорони ин “палата” каме худро заҳмат медоданд ва нимнигоҳе ба кишварҳои ҳамзабон мекарданд, медиданд ки чунин ниҳоде ҳамакнун дар Эрон “Девони муҳосиботи кишвар” ном дорад ва метавонистанд ҳамин номро бар ин ниҳод бигзоранд, ки бисёр муносиб аст. Агар ҳам нигоҳашон он дуриҳоро намебинад ва ё маънии истилоҳи “муҳосиба”-ро дар намеёбанд, шояд саре ба “Луғатномаи Деҳхудо” мезаданд, то медиданд ки он фарҳангнома муъодили форсии “муҳосибот”-ро “ҳамор” ва “ҳамора” овардааст, ки “андозаву шумору ҳисоб”-ро мегуфтанд. Агар каме худро бештар заҳмат медоданд ва нигоҳе ба “Фарҳанги решашинохтии забонҳои эронӣ” мекарданд, медиданд ки ин “ҳамор(а)” бо “омор” ва “шумор” аз як реша аст: “(h)mar-“ (“ба ёд доштан; ба ёд овардан”) ки дар эронии бостон “*ā-(h)mārta-“ шуда ва аз ин вожа дар порсии миёна “āmārkār” (“оморгар”) ва “hamārkār” (“ҳаморкор”) дорем ки “ҳисобрас” аст. Азбаски “омор” ва “оморгар” акнун бар кор мераванд, метавонистанд аз “ҳамор” ва “ҳаморгар” низ баҳра баранд ва номе рӯдакиёна ва фирдавсивор бар ин ниҳод бигзоранд ва онро “Девони ҳамора” биноманд. Аммо номгузорон ки ин ҳама доштаҳову тавонмандиҳои забони миллиамонро намедонанд, он ниҳодро русиёна “палата” номиданд.

Бисёре аз вазоратҳоро ҳам бояд номгардон кард. Чунончи, вазорати адлияро бояд вазорати додгустарӣ номид. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳам бояд Вазорати кор номида шавад, зеро “меҳнат” дар забони мо ба маънии кор нест, балки “мусибат, бало, бадбахтӣ, идбор” ва “ранҷ, азобу уқубат, машаққат, заҳмат” аст. Аз ин намунаҳо бисёр аст ва ҳар номи вазоратеро бояд ҷудогона баррасӣ кард, то номе муносиб барояш ниҳода шавад.

Ҳамчунин бад нест, ки дар пайравӣ аз Сомониён вазоратҳо “девон” номида шаванд. Дар ин бора метавон муфассал ҳам гуфт, вале бояд донист, ки ин истилоҳ яке аз қадимитарин истилоҳоти кишвардории мост. Он камобеш 2500 сол–аз оғози подшоҳии Ҳахоманишиён то поёни аморати Манғитиён – яъне аз соли 558 пеш аз милод то соли 1920 милодӣ ва сипас дар солҳои 1991 – 1994, корбурд доштааст. Бино бар гуфтаи “Торихи Бухоро”, “Амири Саъид Наср ибни Аҳмад ибни Исмоъили Сомонӣ ба Регистон сарое фармуд ва сарое сохтанд бағоят неку ва моли бисёр дар вай харҷ кард ва бар дари сарои хеш сарои уммол (коргузорон) фармуд бино карданд, чунон ки ҳар омилеро алоҳида девоне будӣ андар сарои хеш бар дари сарои султон, чун девони вазир ва девони муставфӣ ва девони соҳиби шурта ва девони соҳиби барид ва девони мушриф ва девони мамлакати хоса ва девони муҳтасиб ва девони авқоф ва девони қазо, бад-ин тартиб девонҳо фармуд бино ниҳоданд”. Дар пайравӣ аз ҳамин девонҳо метавон номҳое кӯтоҳу расо барои ҳама вазоратҳо гузошт. Аз дигар истилоҳоте ки ҳатман бояд ислоҳ шаванд, дараҷаҳои низомӣ ҳастанд, ки куллан аз русӣ вом гирифта шудаанд.

Озодагон: Кумитаи забон мегӯяд, онҳо Шӯрои машваратӣ ва Шӯрои коршиносон доранд, ки ин гуна масоилро меомӯзанд ва барои ниҳодҳо хулоса ва ё тавсия пешниҳод мекунанд. Вале аз таъсиси Кумита 7 сол мегузарад, аммо то кунун чунин истилоҳоту номҳо ба таъбири Шумо “рузбакӣ” натанҳо вуҷуд доранд, балки бамаротиб бештар мешаванд. Инҷо чӣ мушкил вуҷуд дошта метавонад; фаъолияти Кумита муассир нест ва ё?

Умед Ҷайҳонӣ:
Чунон ки аз Низомномаи Кумитаи забону истилоҳот бармеояд, Кумита “мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд”. Яъне салоҳияту ихтиёроти кофиро дорад, ки битавонад аз номгузориҳои рузбакона пешгирӣ кунад. Вале фаъолияти Кумита муассир нест ва далелаш шояд ин бошад, ки дар ислоҳи номгузории ниҳодҳои давлатӣ дигар мулоҳизотро ба назар мегирад. Коршиносони Кумита дар тағйири номҳои ҷуғрофиёӣ низ камтарин асарро надоранд, вагарна нақшаи ҷуғрофиёии кишвар аз номҳои бемаъниву ғалат намешуд. Ин маврид ҳатман бояд бознигарӣ шавад.

Озодагон: Шояд як иллати дигар дар ин бошад, ки то кунун шахсон ва ниҳодҳои масъул соҳибназарон ва мутахассисинеро надоштанд, ки ин гуна мушкилотро дуруст ташхис бидиҳанд ва дар пайи ислоҳи он бошад?

Умед Ҷайҳонӣ:
Чунон ки аз сохтори Кумита дида мешавад, кормандони ин ниҳод худ коршиносони риштаҳои марбута ҳастанд ва соҳибназаранд. Ҳамчунин Кумита дар заминаи номгузорӣ ва номгардонӣ бояд бо Пажуҳишгоҳи забону адабиёт ва Пажуҳишгоҳи торих ва забоншиносону ҷойномпажуҳони тоҷик ва хориҷӣ ҳамкорӣ кунад. Мо дар ин замина дастовард фаровон дорем, вале камбахтона аз онҳо ҳеч баҳрабардорӣ намешавад.

Озодагон: Оё мувофиқед, ки ба Кумитаи забон бар асоси қонун ҳуқуқи истисноии таъйид ва таъйини истилоҳот дода шавад. Яъне ба ин хотир, ки то ин Кумита истилоҳеро напазирад истифодаи он муҷоз нагардад?

Умед Ҷайҳонӣ:
Кумита ҳамакнун ҳам чунин салоҳиятеро дорад, вале беҳтар аст пояашро болотар кунанд, яъне кумита табдил ба созмон ё ниҳоде тасмимгиранда ва иҷроӣ шавад, то муқаррароташ лозимулиҷро бошанд. Вале бо таваҷҷуҳ ба авзову аҳволе, ки забони мо дар кишварамон дорад, бояд ниҳоде чун Фарҳангистони забон дошта бошем то шояд мушкилотамон кам-кам ҳал шаванд.

Озодагон: Агар аз шахси Шумо даъват шавад, ки дар ин кори хайр ба Кумита ёрӣ бирасонед, омодаед?

Умед Ҷайҳонӣ:
Бале, омода ҳастам бо Кумита ҳамкорӣ кунам. Акнун, ки роёнаву интернет фосилаҳоро кӯтоҳ кардаанд, ҳамкорӣ аз роҳи дур ҳам муассир хоҳад буд.

Озодагон: Метавонед шумораи телефун ва ё роёномаатон(почтаи электронӣ)-ро дар ихтиёрашон бигузоред?

Умед Ҷайҳонӣ:
Бале, метавонам. Ростӣ, чанд сол пеш номае ҳам ба нишонии Кумита фиристода ва пешниҳоди ҳамкорӣ карда будам, вале камбахтона посухе аз он дарёфт накардам. Ҳаройина омодаам дар ин замина ҳар ончиро, ки медонам ва аз дастам бар меояд, дар ихтиёри Кумита бигзорам.
Мӯҳр
Ҷамоат
Ба диққати муаллиф мерасонам, ки дар кишварамон ду намуди ҷамоат фаъолият мекунанд - яке ҷамоати деҳот ва дигаре ҷамоати шаҳрак. Агар "деҳистон" ба ҷои "ҷамоати деҳот" ва "деҳдор" ба ҷои раиси он пешниҳод гардад, пас "ҷамоати шаҳрак"-ро чӣ бояд гуфт?

Аҳмад
Античахолат,
дар байни ҳамаи коментҳо ҶОҲИЛОНАТАРИН комент аз худат буд
магар аз калима буй миояд
фикр мекунӣ галстук бастӣ аз ҷаҳолат баромадӣ?!

Мухочир, ин ки эрониён мегӯянд "Шумо бо забони Фирдувси ва Рудаки сухбат микунид", таъоруфе беш нест. Дилатонро хуш кардаанд, вале фиребатон додаанд. ИН ки мегӯед "Забони форсие ки дар Эрон истифода мешавад пур аз калимахои араби ва инглиси шудааст", аз баҳонаҳоест ки бисёре аз эронҳаросон пеш меоранд. Вале забони мо
арабиолудатар аст. Масалан, ниҳодеро ки мо "Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят" меномем, эрониҳо кӯтоҳакак "устондорӣ" меноманд ки баргирифта аз порсии миёна аст. Яъне мо барои баёни як мафҳум 5 (панҷ) калимаи арабиро қофила мебандему қатор меорем ва эрониҳо 1 (як) вожаи форсиро бар забон меоранд! Пас забони тоҷикон 5 (панҷ) баробар арабиолудатар аз забони эрониён аст!
Инро ҳам бояд гуфт ки "Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят" баргардон аз "Исполнительный орган государственной власти области" аст.

Раиси вилоят,
ҳамон калимаҳое ки шумо ҳам навиштаед, ҳамаашон дар Эрон истифода мешаванд. Пас чаро шумо онҳоро ба кор мебаред?

Ҳаддоди Одил,
Эрониҳо "устон" ва "устондор", "шаҳристон" ва "фармондор", "бахш" ва "бахшдор" ва "деҳистон" ва "деҳдор" мегӯянд. Устон бо остон замин то осмон тафовут дорад.

Муаллим аз Корвон
Ой мардум, чун "Точик" Бародари мо Умед донишманди хуб ҳастанд. Дар баробари муҳаққиқи забоншинос будан аз иқтисод ва дигар соҳаҳои низ хабардор ҳастанд. Ман вайро дар қатори Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Баҳриддин Камолидин...ҳо медонам.

Ҳаддоди Одил,

САД ДАР САД РОСТ МЕГУИ БАРОДАР!!!

ХУДИ ЭРОНИХО МУГУЯНД КИ ТОЧИКХО, ШУМО БО ЗАБОНИ АСЛИИ ФОРСИ СУХБАТ МЕКУНЕД.

Умед Ҷайҳонӣ,
на эронситезеро медонам на эронидустдоре! Чизеро ки шунидааму дидаам мегуям! Агар аз арабиолуда будани забони форсии эрон шак доред як бор ба махфилхои шеъри шоирони эрон гушдихед! Мешунавед ки ибора-ибора, мисра-мисра, байт-байт калимахои араби! дар Эрон чумлаи пурра араби истифода мешавад хеч вокунише дар пай надорад. Шояд тахсин хам шавад. Аммо агар дар мо як калимаи ингилисии "бай-бай" дар шеър истифода шавад хама уро интикод мекунад! Ин як хуби дорад ки забонро аз олудашави пок нигох медорад. Чомеаи мо вокуниш мекунад! Ана барои чи забони форсии точики мо аз форси эронихо дида тозатар аст!

Касам ба номи Худо ягон суханатон маъние надорад ва барои насли имрузаву оянда ягон гизои маънавиехам намебахшад. Хохишмандам харзагуиро бас кунед.

Ин пешниходхо ба гайр аз сарфи бучаи давлат дигар хеч аст. Ба чойи он ки ин истилоххоро маблаг сарф карда тагйир дихем, намешавад ба чойи ин ягон корхона созанду мардуми точикро ба кор таъмин намоянд!!!

Бародарон Умед ва Иршод,
Ба ин мардуми хоболуди карахт ягон навовариро пешниҳод кардан, заҳмати беҳуда кашидан аст. Ба инҳо ҳамон тарҷумаҳои фачи таҳтуллафз аз русӣ бошад, бас. Аз ҳар вожаву истилоҳи нав ба даҳшат меафтанд, аз он даст мекашанд ва рӯ ба сӯи забони русӣ мекунанд. Ин тоифа мақоми забони давлатиро ба қавли худашон "аз цум то айрапорт" меҳисобанд. Мана ба ҳамин шарҳҳо нигаред: дар ҳама ҷо овозҳои хоси тоҷикӣ ӯ, ҳ, қ, ғ, ӣ бидуни аломатҳои махсуси диакритикӣ омадаанд, ҳоло ки компютерҳои муосир ва телефонҳо сад дар сад имконияти техникӣ доранд! Ҳамин беморӣ дар тамоми эълонҳои хусусӣ дар шаҳрҳо дида мешавад. Ба ашхосе, ки барои дуруст навистан бо забони тоҷикӣ танбалӣ ё нодонӣ "иҷозат" намедиҳад, оё онҳо метавонанд вожа ва истилоҳоти густурдаро қабул кунанд. Ҳаргиз!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)