Бахшҳо
23 янв 2017 12:18Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ тағйироти кадриро амалӣ кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармонҳои президент Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Худоёрзода Худоёр Завқибек - Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонзода Сулаймон Саид - Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурзода Тоҳир Сироҷиддин - муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Имомназар Хоҷаназар Лутфулло - иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон пешниҳод кардааст, ки Давлатзода Дилмурод Ашурбек бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мақоми раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад ва Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, раиси ин Палата таъин гардад.

Ҳамчунин бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон - муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Азиз Абдусаттор, Камолзода Мирҳамуддин - муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Назарзода Ризо Шодик-муовини якум ва Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ - муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Набизода Мадина Раҳмат - Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд”, Шарифзода Маҳмадзариф Раҳмон - Директори Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии “Тиллои тоҷик” ва Пиризода Ҷалил Сафар - Директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрова Зулфия Маҳманабиевна аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор аз вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пиризода Ҷалил Сафар аз вазифаи Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Солеҳзода Искандар аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд.

Муинова Матлуба Сайфиддиновна аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд” ва Асоев Асват Раҳимович аз вазифаи муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва Варзоб кадрҳои соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои навтаъин, ки аксарият ҷавонони соҳибзавқу тарбиятдидаи мактаби роҳбарии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонанд, садоқат ба халқу миллат ва хизмати софдилонаро талаб намудааст.



АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...

АКС: Таъини раиси Оҷонсии зидди коррупсия, Кумитаи сармоягузорӣ, вазири нақлиёт ва...
Мӯҳр
Ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудани одами нав айни муддаост.

Худоёров кайхо пир шуду сиёсат надорад. Гапашро дар вазорат касе гуш намекунад! Афсус! Вазорати наклиёт нав ба тартиб даромада буд,

Вазорат нав сохибаш ефт табрик Худоер Завкибеков!

Озодагон мумкин ми ма хам дар бораи Худоеров Х фикру акидахоямро иброз намоям? ки гуе "Раиси нохияи Рушон на сиесату на дар Вазорати Наклиет гапашро ягон кас гуш намекунад" Наход тухмати нохак то хамин дарача бошад.Шахсияти Вазир ба фикрам то ин дарача паст задан аз руйи инсоф нест.Имруз хар як сокини солимакли хуб медонад, ки Худоеров Худоер пеш аз Вазири Наклиет таин шудан дар вазифахои гуногуни давлати фаолият намудааст охиран ба хайси Раиси Нохияи Рушон кор кардааст.Дар кучое, ки кор накардааст хамаашон аз кобиляти кордонию ташкилотчигии Худоеров Худоер хуб бохабаранд,умуман пешравихои собик Раис зиеданд.Ба огои Давлат гуфтаниам суханони бузургонро хонад ва хулоса барорад. Хар шаб зи худат бипурс агар ту марди. К -имруз чи хизмате ба мардуми карди!

Хакикатан хамин мардак тариф ба ниез дорад, ман факат як чиз мегуям Худоеров Мард буд ва мардона рафт аз Рушон!

Якумин раиса мебином аз Рушон бо сари баланд рафт ин огои Худоер буд, муввафакият Шумо ба мухтаррам Вазир!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)