Бахшҳо

Раҷаби Мирзо: Убайдуллоев рафт. Акнун чӣ мешавад?

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, ки солҳои охир бо Маҳмамдсаид Убайдуллоев, собиқ раиси шаҳри Душанбе ҳамкории зич дошт, назарашро дар мавриди кори собиқ раис ва вазъи сиёсӣ баъди рафтани ӯ баён доштааст.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, 12-уми январ дар рӯзи барканории Убайдуллоев нафарони зиёде ба ӯ занг задаанд ва суол карданд, ки акнун чӣ мешавад: “"Ҳеч чиз намешавад, агар манзуратон ин бошад, ки Убайдуллоев кадом иқдоми сиёсӣ анҷом медиҳад”.

Ба гуфтаи рӯзноманигори маъруф Убайдуллоев дар мавриди эҳтимоли нофаҳмиҳо бо Президент ҳанӯз чандин сол пеш ҷавоб дода буд: “Гуфт, дар солҳои аввали ба қудрати сиёсӣ расидан, аз як пири сиёсат дуо гирифт ва машварат, ки сабабҳои ба ҷанг печидани Тоҷикистон ҳамин шуд, ки шаҳрдори Душанбе бо президенти вақташ назарҳои мухталиф доштанд. Ман қавли мардона додаам ва онро ба ҳич ваҷҳ намешиканам!".

Раҷаби Мирзо зикр кардааст, ки ду сол қабл замони расидан ба синни нафақа маҳз Убайдуллоев гуфт, ки барои аз раисии шаҳр рафтан ариза навишт, аммо онро қабул накарданд: “Аризаи Убайдуллоев замоне буд, ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон қариб ҳамарӯза "титу пит"- и пойтахтро баровардан мехостанд. Ҳама бесаранҷом буданд, ғайри Шаҳрдор, ки мегуфт бархе аз матолиби пахшшуда воқеият доранд... Дар ҳамин ҳолат ҳам ман дар чашмон ва гуфтори Убайдуллоев як чиро мехондам: Тоҷикистон "ҳамту" дигар нашудааст, курсиҳо низ доимӣ нестанд, агар гап сари курсии ман аст, ҷои гап надорад”.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, ҳеч гоҳ шахспараст набуд: “Агар Убайдуллоевро тавсиф кардам, ӯро не, ҳарфу принсипҳоеро кардаам, ки бо ман наздикӣ дошт”. Дар идома рӯзноманигори тоҷик иқтибосҳое аз қавли Убайдуллоев овардааст, ки баёнгари принсипҳои кору зиндагияшанд:
“ Ман аз ҳисоби маоши худам маблағ ҷамъ меоварам, то ба Ҳаҷ равам, ё Худованд рӯзе амонаташро гирифт, аз пули ҳалоли меҳнатиам масраф кунанд”...
“ Ман бо виҷдони худ ва мани худ ҳамеша дар муборизаам!”..
“Ман озодиро дӯст медорам”...
“ Худованд на ба ҳама имкон фароҳам меорад, ки бо сари баланд ба нафақа равад. Бубинед, бо Янукович чӣ иттифоқе пеш омад”...
“Яке аз рисолатҳои худамро ман дар мубориза бо миёнаравҳо мебинам. Онхо мисли паразит ба ҳама халал мерасонанд. Аз ин хотир, сомонаи “Бе миёнаравҳо” - ро фаъол намудем”...
“Барои дар Амрико зистан, бояд тафаккури амрикоӣ дошт”...
“ Чаро бо мушкилоти пойтахт танҳо шаҳрдор мубориза барад? Зеро дигарон худро ба дигарон ганда карданӣ нестанд!”...
“ Механизми назорат чист? Он чи ки гуфтӣ, иҷро кун!”..
“ Дар баъзе ҳолатҳо бояд масъалаҳоро тариқи судӣ ҳал кард, то фарҳанги қонунияту масъулияти мардум боло гирад”..
“ Рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа ягон раиси ноҳияи пойтахт дар кабинети корӣ набошад. Пеши мардум равед!”..
“ Виҷдонам азоб медиҳад, ки нисбати баъзеҳо лафзи қабеҳро истифода мебарам.Чӣ, магар бе лафзи қабеҳ имкони шаҳрдорӣ надорем?”..
“Дар замони раҳбариам теъдоди мактабҳои сохтаамон аз мактабҳои қаблан мавҷудбуда бештар аст. Ман аз ин ифтихор дорам!”..
“ Гузоштани лавҳаву ҳайкал ба одами фавтида аз нигоҳи ислом дуруст аст? Шояд беҳтар бошад ба номаш кӯчаеро гузорем?”...
“Шукронаи Худованд, ки моро ба истиқлолият расонд”...
“ Имсолро бояд соли мубориза бо дурӯғ эълон кунем!”...
“ Дар ҳама давру замон ислоҳотхоҳонро дуруст намефаҳмиданд. Аммо баъд ба қадри онҳо расидаанд”..
“ Бовар кунед, мардуми тоҷик бисёр мардуми хубу бофаҳм аст. Танҳо онҳоро ба ҳарфу мавқеи худ бояд мутмаин кунонд. Оре, мутмаин кунондани мардум кори осон нест, аммо имконпазир аст!”...

Дар ҳамин аксари сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳо аз кори Убайдуллоев тайи ҳудуди 20 соли роҳбарияш дар Душанбе тавсиф карда, барои хидматҳояш изҳори ташаккур намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоеви 65-сола, ки аз соли 1996 ба ин сӯ раиси Душанбе буд, 12-уми январи соли 2017 бо фармони президент аз мақомаш барканор шуд: “Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Убайдуллоев Маҳмадсаид аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод карда шавад”.

Бо фармони дигар Рустами Эмомалии 29-сола, писари бузурги раисиҷумҳур иҷрокунандаи вазифаи раиси Душанбе таъин шудааст. Дар маросими муаррифии раиси нав Қоҳир Расулзода ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои хизматҳои арзишманд дар солҳои тӯлонии роҳбарӣ аз номи Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, тибқи фармони Президент барои фаъолияти босамар ба ӯ Ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи-1 тақдим кард.
Мӯҳр
РОСТИН ш. Душанбе
Офарин, Махмадсаид Убайдуллоев! Аз дасти як инсон хамин кадар кор меояд, ки барои Ватани худ ба чо биорад. Тули бештар аз 20 сол ин одам на шаб на руз орому осуда набуд, хамеша дар кор, дар фикри кор ва дар чои кор. У ягона рохбари воломакоме буд, ки мактубхои ба унвонаш омадаро шахсан мехонд, чора медид, чавоб мегардонд. Бо аксари мурочиаткунандагоне, ки раками телефонояшонро маълум мекарданд, худаш аз утоки кориаш занг мезаду сухбат менамуд.
Хама гуна хуччатро шахсан худаш назорат мекард. Ба ягон хуччати гайриконуни имхо намегузошт. У як намунаи олии рохбари хозиразамон аст. Ба андешаи ман хеч кас мисли у ба Президент ин кадар садокат надошт.
Баъзехо таклиф кардаанд, ки ба номаш маркази ВМКБ -ро гузоранд, ё яке аз хиёбонои калонтарини Душанберо. Чи чои шубха дар хакикат арзанда аст. Агар нагузорем хам номи у то замоне, ки шахри Душанбе хаст, боки мемонад.
Номат то замоне, ки халки точик хаст, боки мемонад. Парво накун, Холо боз барои халкат хизматхои зиёде када метавони. Як каме дам гир, истирохат кун ва боз ба майдон баро. 65 сол ин чи умр аст? Шумо холо кувват неру, хирад ва заковати зиёде доред. Ин бокимондаашро хам барои мардуми Точикистон дарег надор! Боз як бори дигар нишон дех, ки Убайдуллоев дар хама чабхахо Убайдуллоев хаст. Иншоолох, Пешвои миллат, Чаноби Оли, Эмомали Рахмон туро танхо намегузорад. Такдими Ордени "Заринточ" нишон аз кабули хамон хизматхо ва садокатмандихоест, ки Шумо ба Чаноби Оли ва халки точик кардаед! Ба Шумо бахту саодат, осудаги, сарбаланди ва сарфарозихои аз ин хам бештареро таманно дорам!
Зихи, чавонмарди хакики! Зихи, рохбари доно, матин, хирадманд, пухтакор ва принсипнок!

Ман аз суханхои хамаи шумо шодам. Ман як чизи дигарро гуфтаниам агар ин хел шавад бехтарин мешавад. Ба Махмадсаид Убайдуллоев унвони кахрамони медоданд, 7-умин Кахрамон дар Точикистон, ба мисли Точи Хафт ситора, Хафт Кахрамон, Хафт Ахтар. Бехтарн мешуд. Худохохад Пешвои миллат шояд хамин корро кунанд. Тани сихат хонаи обод мехохам ба Шумо мухтара Убайдуллев.

ростгу
Кори Тоҷик аз АЗАЛ чоплусист . Ин дар рагу хунатон буд ҳаст ва мемонад. Озодагон озод боши чоп кун.

Нозир
Убайдуллоев дар байни мансабдорон поквичдонтарин нафар буд!!!! гарчанде ки баъзе вактхо дагал хам буд вале имон вичдон ва калби поку ори аз шахсиятпарастиву махалпарасти буд!!! озодагон чоп кун

Ягон вазир хам монед аз бадахшон ин як вазири фарханга мондагиед аз дасти вай ичи намебиеяд ягон вазири наклиет монед.

Рачабали низ ба фикрам фоидаи накдро аз мири шахр дида буд, барои хамин ба осмони хафтум бардошт.

Раҷаб бародар, барои як хонаи ду утоқаи "ҳадя"-и Убайдуллоев ин қардар таърифу тавсиф карди, агар се ё чор утоқа "ҳадя"мегирифти чи кор мекарди?

Ман аз мухтарам Убайдуллоев М. на хона гирифтаам, на бо он кас саломуалайкам, на хешам хаст. Аз зиндагии мушкил рахониданд моро, куввати дил ва оромии зиндагиамонро таъмин карданд. Барои як нафар сагера хамин бас аст. Чун даврони зиндагии вазнини чангро дидаем. Ин чолпуси нест.
Хамин як сухан, ки Убайдуллоев ин хел амру фармон ва ё карор надорад, аллакай барои чинояткорони хатто маъмури бас буд, ки аз рохашон гарданд. Ба Худо, осудагии хол буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)