Бахшҳо

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷузъиёти тағйироти кадриро, ки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 12-уми январ дар сатҳи вазирҳо ва шаҳрдории Душанбе амалӣ кардааст, ироа намуд.

Ба иттилои манбаъ бо фармони раисиҷумҳур Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод шуда, Рустами Эмомалӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси пойтахт таъин гардид. Бо фармони раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ аз мақоми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барканор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин барои барканории муовинони раиси шаҳри Душанбе -- Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич (муовини аввал), Самадов Шакарбек Додхоевич, Мақсудзода Шӯҳрат ва Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич розигӣ дод.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Президент озод гардида, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Назирмадзода Бахтиёр бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Муинӣ Мавсума бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, фаъолияти худро минбаъд ба ҳайси муовинони раиси шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон барои ба вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани Саидзода Қурбон Тағай ва Ҷумазода Фаррух Турақул розигӣ доданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Саиднуриддин Акрам аз вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонов Аламхон Ҷамилович аз вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Сиёмардзода Сайдамир аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод шудаанд.

Бо Фармони дигари раисҷумҳур Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардидааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самӣ Шариф Ҳамид аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун" озод ва бо Фармони Президенти мамлакат иҷрокунандаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.

Ҳамчунин, бо Фармони Президент Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа аз вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич аз вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.


Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)

Ҷузъиёти тағйирот: Аз барканории Убайдуллоев бо муовинон то вазири нави тандурустӣ (АКС)
Мӯҳр
Таъиноти Рустами Эмомали ба вазифаи шахрдори Душанбе яке аз икдомхои хубу созанда ва ободкории Сарвари давлатамон ба хисоб меравад. Ин икдом тахкимбахши сиёсати Пешвои миллати точик дар хусуси дастгири ва пуштибонии чавонони мамлакат мебошад. Новобаста аз чавонмардиаш Р.Эмомали метавонад дар кутохтарин муддат шахри Душанберо ба ба мегаполис табдил дихад. У бо тими худаш тартиботро дар пойтахт чори мекунад. Мо чаавонон ба Рустами Эмомали барори кор орзумандем.

Ман аз номи кулли сокинони нохияи Ишкошим ба Шумо мухтарам Рустами Эмомали мансаби навро муборакбод мегуям. Мо боварии комил дорем ки Шумо аз ухдадорихои дар пеш истода бо мувафаккият мебароед.

Али
Рустамчон илтимос Ген.плани хомро бознигари кунед ки мардуми бечора зийон дида истодааст.

Розия
Кадом чавононро мегуен??? Аз калимаи чавонон истифода бурда, як ду чавонони худашон сохиби вазифа мешаванд. Дигар чавонон пусида мемуранд дар Россия. Ру ба суи Россия!!!!

Умедчон
Офарин чаноби оли лекнин ба кормандони агенти хуб нашуд онхо фахр аз рустами эмомали доштан иншоолох бо рохбари рустами эмомали шахри Душанбе бехтарин шахри дунё мешава ман бовари дорам ки рустами эмомали аз ухдаи вазифаи худаш сар баландона мебурояд аз даргохи яздони пок тамоми хушихои зиндагиро тамано дорам генерал мо кормандони агенти бо шумо то хастем фахр мекунему!

Чаноби Оли ягон Бадахшонира хам вазифа тихед мардуми Бадахшон мардуми босаводан о у вазири фарханг кати хами хел раксу бози када меистем...

Ахсан ба М.Убайдуллоев, дар хаки сокинони пойтахт хизматхои калон кард. Махз сиёсати хамин шахс буд, ки Душанбе ба як шахри, аз чихати амну суббот дар арсаи чахони намунави элон шуд. Шахрро дар як муддати кутох (соли 2000) аз чинояткорони силохбадаст (боевикхо) тоза кард. Дар ободони чойи гап нест. Дар хакикат баъзе камбудихо, аз кабили коррупсия дар сохахои МАОРИФ ва ТИББ чой доранд, ки бо омадани Р.Эмомали худо хохад бартараф мешавад...

беномов нишон
Кори хуб шуд бояд акнун давлатро чавонон идора кунанд ояндаи давлати мо дар дасти мост Табрик акаи Рустам

Раиси шаҳри Душанбе гаштан ин зинае аз нардбони ба сӯи курсии роҳбарист. Аммо барои ин гуна ҷавони бетаҷриба тез ба боло баромадан дар оянда шикасти бузург дорад.
Марди Дарвеш,

Барои ашхосе, ки ҷонибдори "кадрҳои ҷавонанд"!!!
Магар дар тамоми ҳудуди кишвар дигар ҷавонон ёфт намешаванд, ғайр аз "пушддоштагон ва шоҳзодагон"?ДИМА,

Сайдамир Сиёмардзода яке аз кадрҳои беҳтарини Тоҷикистон аст.Агар уро вазифа надиҳанд пас маълум ки ҳамин қадар коркуниву обод куни касе аз ту минатдор намешудаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)