Бахшҳо
22 дек 2016 13:50Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳавопаймои “Ямал” ба фурудгоҳи Душанбе нишаст

Ҳавопаймои ширкати русии “Ямал” мусофиронро аз фурудгоҳи тозатаъсиси “Жуковский” ба Душанбе овард.

Аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба “Озодагон” гуфтанд, ҳавопаймо соати 13:30 ба пойтахт расидааст.

Тоҷикистон қаблан барои парвози ҳавопаймои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод ва даҳҳо мусофир, ки билет харидорӣ карда буданд, натавонистан сари вақт ба Ватан бирасанд.

Вазорати нацлиёт хабар дод, ки субҳи имрӯз, 22 декабр ҳайати комиссияи давлатии Тоҷикистон барои идомаи гуфтугӯҳо бо Вазорати нақлиёти Русия дар мавриди парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” ба шаҳри Маскав сафар кардааст. Ба иттилои манбаъ, бо назардошти он ки 100 мусофир билет харидорӣ карда, муддати ду рӯз дар фурудгоҳи “Жуковский” мунтазири парвоз буданд, ҷониби Тоҷикистон ба таври истисноӣ қарор қабул намуда, ба ширкати “Ямал” иҷозаи парвоз додааст. Вазорат меафзояд, ширкати “Ямал” барои парвоз ба Душанбе ва Хуҷанд аз тарафи Вазорати нақлиёти Русия иҷозат гирифтааст, аммо Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бинобар риоя нашудани баробарӣ (паритет) парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал”-ро ба Тоҷикистон дар мавсими зимистони солҳои 2016-2017 ғайриимкон медонад.

“ТАНИШИ ҲАВОЙӢ”: РУСИЯ БОЗ БА ХОСТАШ РАСИД

Аз ин пештар Вазорати нақлиёти Русия гуфт, ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи тозатаъсиси “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом медиҳад. “РИА Новости” бо такя ба манобеаш дар ин вазорат менависад, Тоҷикистон ҷадвали парвозҳои ширкати “Ямал”-ро пазируфтааст.

ТАҲДИДИ РУСИЯ БАРОИ ҚАТЪИ ПАРВОЗҲО БА ТОҶИКИСТОН

Вазорати нақлиёти Русия қаблан таҳдид карда буд, дар сурати иҷро накардани уҳдадориҳо аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳоро ба самти Душанбе қатъ мекунад. Хабаргузории “ТАСС” бо такя ба манобеаш дар ин ниҳод навишт, аз соати 00:00-и 22 декабр ҷониби Русия ҳақ дорад, ки парвозҳоро миёни ду кишвар қатъ кунад: “Рад кардани иҷозаи парвоз барои ширкати “Ямал” дар хайтсайри Хуҷанд–Жуковский бо ишора ба набуди баробарӣ, шоиста нест”.

Ин таҳдид дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии “Ямал” барои анҷоми парвозҳо аз Русия ба Душанбеву Хуҷанд иҷоза надод. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ин ширкати русӣ барои анҷоми парвозҳо иҷозаи расмӣ надошт.

Ба дунболи таҳдиди Вазорати нақлиёти Русия, Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба расонаҳои русӣ гуфтааст, чунин фишор қобили қабул нест.

Бори дуввум аст, ки Русия барои анҷоми парвозҳо аз фурудгоҳи навтаъсиси “Жуковский” ба Тоҷикистон аз таҳдид кор мегирад. Вазорати нақлиёти Русия 2 ноябри соли равон баъди мухолифати Тоҷикистон ба парвоз аз ин фурудгоҳ ба қатъи тамоми парвозҳо аз Русия таъкид кард. Аммо баъдан, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо 7 ноябр ба созиш омаданд.
Мӯҳр
мухочир
Бигузор хавопаймохои русхо ба Точикистон парвозхоро анчом диханд,онхо ба инсоф хастанд,нархои чиптахоро нисбат ба ширкатхои точики хело арзон мефурушанд.

Саид,
Бояд хар инсон ва хар миллат чизхоеро дошта бошад ки бо пул чен карда нашавад ва фурухтахам нашавад. Нархро дар аввал арзон кардан ин як реклама асту хаалос. Кани патенти мухочиронро арзон кунанд!? Ин русхо харгиз пешравиии милати моро нахостаанд ва намехоханд! Максади инхо танхо фоидаи худашон ва чойхои кории тоза ва маоши хуб доштаро аз худ кардан асту халос! Чунки онхо милатгаро хастанд моро хамчун одам хам намешуморанд. Чойхои корие ки тоза ва маоши баланд доранд дар он чойхо бояд русхо кор кунанд. Он чойхо барои точикон нест! Ана максади онхо! Путин аз СУС (ВТО) баромад гарчанде ки хурока пушока ва мошин дар русия арзон шуда буд аммо гуфт ки мошинхои хубу арзони хоричи ба савдо меравад аммо мошинхои кимати ВАЗ-и русиро дигар хеч кас намехарад ва кормандони ВАЗ бекор мемонд. Аз СУС баромад ва мардум дастгириаш кард! Чаро мо бояд хукумати худро дастгири накунем? Онхо ки кушиш мекунанд ширкатхои Точикиро дастгири кунанд. Чойхои кори ба точикон мухаё кунанд. Ин ширкатхо боз ба ба Точикистон налог месупоранд ки аз он пул маоши муалиму нафаки мусафедони точик дода мешавад, мактабу ГЭС сохта мешавад.
Мо бояд Гурури милли худро дошта бошем чун Эрон ба касе ё ба чизе фурухта нашавем дар он вакт мо обу ру ва эътибор пайдо мекунем. Вагар на як умргуломи русхо мемонем!

Модерн
Тахкурси ки колхоз бошад, натичаи корхо низ колхоз мешавад.

Мусофир,
Хамин навиштаатро акалан худат сафахм мерави ?
(Гурури милли гурури милли ...,аз кадом гурури милли гуфта истодаи?
Аз хамон гурури миллие,ки хар рузе сари миллати моро мебуранд ,вале макомот то холо гуё бехабаранд?
Ё ягон маротиба пеши хамон посоли Русия баромада эътироз кардаанд?
Чихел дар ман гурури милли пайдо шавад ман худро танхо бо Худованд супоридаам ,ту гурури милли дошта дар дахонат об гирифта гашти ,танхо гами кисаи худатро мехури,ва ширкатхои (тага) мехохи ,ки тамоми мушкилихои дохиливу хоричиро бар сари хамине мухочирон бор куни.
Он ширкатхои ватание,ки мехохи фаъолият кунанд аз хисоби мухочирон алакай дер шудааст имруз як рублхам арзон бошад аз хамонхо истифода мебаранд.
Агар гурури милли дошта бошед бо хотири мардуми ТЧ имруз нишон дихед ,афсус танхо зери ин калимаи (гурури милли) гуфта маннфиатхои як ду шахсони алохидаро пуштибони мекунед.
Хамон ширкати шумо мумкин 100 нафар манфиатдор бошанд ,ой фикри мухочиру мардуми камбагалро ки мекунад?
Гурури милли дошта бошед мархамат гап занед ,аниктарашро гуем вакташ омадааст нишон дихнед гуруратонро.
Хамонхеле менависед,ки гуё шабу руз дар гами мардумед,бигзор ширкатхои руси парвозро идома диханд ,чунки онхо танхо сабуки мебиёранд бо мухочирон ,мухочироне,ки сутуми бучаи ТЧ ...

Бародарон рост гуфтан ки гурури милли дошта бошем ва бигзор корхонахои худамон кор кунад. Аммо набояд инсофро низ фаромуш кунем. Чаро дар мо факат кимати аст? Барои он ки хама чиз монополия мебошад. Онхо медонанд ки хохи на хохи савор машавию ва мехари. Чой барои конкуренция нест. Инсофа хукуматдорони мо фаромуш кардаанд. Ин беадолати ва беинсофи аст. Бигзор арзони кунанд ва мо онхоро дастгири кунем. Бигзор махалбози накунанд ва мо онхоро дастгири кунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)