Бахшҳо

Маслиҳати Шӯрои уламо ба ошиқи духтари бадахшонӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба як ҷавон, ки духтари бадахшониро дӯст доштаасту модараш мухолифи издивоҷи онҳо мебошад, маслиҳат додааст.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Шӯрои уламои Маркази исломӣ ҷавони ошиқ ба ин ниҳод муроҷиат карда, гуфтааст: “Ман бо як духтари бадахшонӣ шинос шудам ва ба якдигар писанд омадем. Духтар аз маълумоти динӣ ва мазҳаби ҳанафӣ дур буд, ман ба ӯ пешниҳод кардам, ки агар либоси миллӣ пӯшию панҷ вақт намоз хонӣ, бо ту никоҳ мекунам. Духтар пешниҳоди маро қабул ва иҷро кард, аммо аз сабаби бадахшонӣ буданаш модари ман ба оиладоршавии мо розӣ нашуд. Оё кори кардаи мо дуруст аст ё хато? Илтимос бо далелҳо ҷавоб диҳед. Ба модарам чӣ машварат медиҳед?”

Шӯрои уламо посух додааст, “дар ин сурати ҳол ки шумо он духтарро мехоҳед ва ӯ ҳам ба суханони шумо гӯш медиҳад, аз дидгоҳи дини мубини Ислом шумо метавонед, ки бе ягон шакку шубҳа бо он духтар оила бунёд кунед. Аммо дар мавриди модаратон бошад, хуб аст, ки модари шумо бо он келиншаванда ҳамсуҳбат шаванд, умед аст, ки Худованди меҳрубон дар ин иқдоми хайре, ки шумо пеш гирифтаед, кумакатон намояд. Албатта шариати Ислом пайравони ахлоқи писандидаро меписандад ва ба он тарғиб мекунад, фарқ намекунад, ки аз кадом минтақа ва дар чӣ шаклу сурат ҳастанд. Худо ёру мададгор”.

Дар Тоҷикистон, ки аксари сокинон пайрави мазҳаби ҳанафия ҳастанд, баъзан дар мавриди издивоҷ бо сокинони исмоилии ВМКБ нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Аммо Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, Ислом пайравони ахлоқи писандидаро меписандад ва ба он тарғиб мекунад ва фарқ намекунад, ки аз кадом минтақа ва дар чӣ шаклу сурат ҳастанд.
Мӯҳр
дед
Мадина,
ита саросима наша алай ҷу ҳоли бест аввал ку хостгор миёвӣ ё не ?! да и кризиси шавҳар угам нозу нуз кун

Ин ҷавон аслан кадом фанат будааст. Зандагиатро мувофиқи ахлоқи инсонӣ худат сохтан гир охир.

Илтимос қайчӣ назада чоп кунед

Ман фикр мекунам ин чавон хела ва хела чавони худотарс будааст, ки дар масалаи барояш нофхмо ба чои ба ин масала мутасадди хам аз чониби хукумату хам аз чониби худо мурочиат намудааст! Ва чавоби мувофик хам ба даст овардааст. Аллох хамаи моро дар рохи росту зиндагии нек хидоят кунад. Омин!

Мусалмон
Бандаи Аллох.,
Рост гуфти бародар, худованд хидояташро барои ин бародарамон комил гардонад. Чавони боимон будааст. Эй бародарону хохарон ин зиндагии дунё дуруза аст ва барои имтихони мост, мухим ризогии Аллох аст. Дониста бошед ки баракат дар диндор аст. Фардои киёмат хамаи мо аз амалхои худ ва аз занхоямон пурсида мешавем. Ва суол кардан аз олимон ин вазифаи хар кас аст.

Беном
О ба хитои ба шавхар баромада истодаанд _ку!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)