Бахшҳо

Мардум: “Лимит” оғоз шуд... “Барқи тоҷик”: Не, “профилактика”

Сокинони навоҳии Тоҷикистон бо “Озодагон” тамос гирифта, аз маҳдудияти интиқоли барқ тайи рӯзҳои охир хабар доданд.

Субҳон, як сокини ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, имрӯз, 14-уми октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, шабонарӯзи гузашта интиқоли барқ дар маҳалли зисташон қатъ шудааст: “Дирӯз 8-и саҳар интиқоли барқро қатъ карданд, соати 5-и бегоҳ барқарор карданд. Шабона аз соати 10 то 5-и субҳ хомӯш карданд. Ин саҳар боз соати 8 интиқоли барқро қатъ карданд”.

Инчунин сокинони навоҳии дигари атрофи Душанбе низ аз маҳдудияти интиқоли барқ хабар доданд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар шарҳи вазъ ба “Озодагон” гуфт, расман ҳоло лимити барқ оғоз нашудааст маҳдудиятҳо ба корҳои профилактикӣ дар бархе манотиқи кишвар рабт доранд. Ёдгорӣ афзуд, ҷорӣ намудани “лимит” баъди таҳлили мутахассисон рӯзҳои наздик дар назар аст.
Қаблан Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” иттилоъ дода буд, ки бо барқарор гардидани иқтидорҳои нав, таъмини неруи барқ ба аҳолӣ дар зимистони имсола нисбат ба солҳои пеш беҳтар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол тибқи мониторингги Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон 13-уми октябр сокинони ноҳияи Файзобод-17 соат, Ҳисор-11, Ҷиргатол-16, Нуробод-24, Рашт-11, Роғун-14, Рӯдакӣ-22, Шаҳринав-20, Тоҷикобод-19, Турсунзода-22 ва Ваҳдат 7 соат барқ гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ навоҳии вилояти Суғд 24 соат бо барқ таъмин будаанд. Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон афзуд, ки 13-уми октябр таъминоти барқ дар ноҳияи Бохтар ба 12 соат, Данғара-8 соат, Ҳамадонӣ-21, Ҷиликӯл-20, Ҷомӣ-11, Ховалингу А.Ҷомӣ-11, Хуросон-12, Муъминобод-12, Носири Хусрав-10, Панҷ-18, Қубодиён-17, Шаҳритус-19, Шамсиддини Шоҳин-18, Темурмалик-20, Вахш-11, Восеъ-17 ва Ёвон-19 соат баробар будааст. Дар ВМКБ ба истиснои Мурғоб, ки 8 соат барқ доштааст, навоҳии дигар 24 соат бо неруи барқ таъминанд.
Мӯҳр
Насридинзода
Ман сокини нохияй Рудаки. шахраки Мирзо. Турсунзода. дар домо акалан сивет дихенд мардума дар азоб намонен. хунук мешавад. Масъулон. ки ба доди бенавоён мерасад

Рашти торик
Дар нохияи Рашт 5 соат свет медиханд. Мархамат карда бинед

mastchoh
лимит хаст мастчох ба имруз 6 соат барк додан ба фикрам

хонанда
ноҳияи Рудакӣ 22 соат барқа орзу накунад ва ё дар хоб набинад, дигар баъзан 8 ва баъзан 9 соат барқ дар истифодаи мардум аст, як чизи дигарро ҳам қайд кунем, ки мардум ғам нахуранд, ба наздикӣ мешавад барқ 22 соат - якуми апрели соли оянда, агар ҳазорҳо маротиба ки гуем, инҳо боз ҳамон кори худашонро мекунанд, ман аз як чиз ҳайронам, чаро мо ин қадар аз инҳое ки аслан сазовори илтимос нестанд, илтимос кунем, ки ба мо барқ диҳанд, ба гумон ҳадя намедиҳанд- ку??? пулашро сари вақт медиҳем. БОЗ БОЛОИ ИН НАМОЯНДАҲОЯШОН ГАШТА ИСТИДОДААНДУ МАРДУМРО ОГОҲ ДОРАНД, КИ АЗ 1-УМИ НОЯБР 1квт БАРҚ 16 ДИРАМ МЕШАВАД, ИН ХУДАШ ЧӢ ГАП?? МАГАРАМ МАОШЕ, КИ МЕГИРЕМ ТАНҲО ПУЛӢ БАРҚА СУПОРЕМУ ДИГАР ЛАМПОЧКАҲОРО ТАМОШО КАРДА ШИНЕМ, ШОЯД СЕРАМОН КУНАНД, ЭЭЭ МУРЕД ШАРМАНДАҲО, БО ИН ҚАДАР ФИРЕБУ НАЙРАНГ КАДОМ РУЗЕ ШУМОРО Ё БАРҚ МЕЗАНАД Ё АЗ СЕРОБӢ СЕЛАТОН МЕБАРАД

Мониторинги иттифоки истеъмолгарони Точикистон дуруг нагу дар нохияи Рудаки 8-10 соат барк медиханд!!!!!!!!!! Бовар накунед рафта бинед бо чашмони худ сахар соати 5 то 9 ва бегох соати 6 то 10, вале тибки лимити чудошудаи хукумат бояд нохияи Рудаки дар як шабонаруз 16 соат барк гирад! Ин маълумотхо хамааш дуруганд,мардума фиреб накунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)