Бахшҳо
22 сен 2016 17:16Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳорот аз номи ҷавонони Рашт: САҲА терроризмро пуштибонӣ мекунад

Дар пайи роҳ ёфтани эътирозгарони тоҷик ба ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава аз номи донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт унвонии “Озодагон” изҳороте расид, ки дар он САҲА пуштибони терроризму экстремизм арзёбӣ шудааст.

Дар ин изҳорот, ки имрӯз, 22 сентябр аз номи донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Рашт ворид шудааст, гуфта мешавад, ки аз баҳси эътирозгарон бо намояндагони мақомоти тоҷик дар Варшава тариқи расонаҳо огоҳ шудаанд: “Мо донишҷӯёнро дар ин ҷаласа як чиз нигарон кардааст, ки ҳангоми баромади гуруҳи кории Тоҷикистон дар толори баргузории ҷаласаҳо гуруҳҳои зиддиҳукуматиро, ки барои кирдорҳои ҷинояткоронаи худ дар кофтуков қарор доранд, САҲА дидаю дониста, номнавис карда, ба ин ҷаласаҳо роҳ додааст”.

Ба қавли изҳоротдиҳандагон “Полша кишварест, ки аъзои Интерпол мебошад ва бояд ҷинояткорони дар кофтукоби Интерполбударо дастгир намояд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки баръакс онҳоро пуштибонӣ намуда, дар ҳудуди худ роҳ додааст”.

Дар изҳорот таъкид шудааст, “як рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) боиси нигаронӣ аст, ки чаро ин рафторашонро нисбати ҷинояткороне, ки аз кишварҳои абарқудрат ба мисли Амрико, Олмон, Русия, Франсия ва дигарон раво намебинанд. Пурсида мешавад, ки чаро чунин рафтори ноҷавонмардонаро нисбати Тоҷикистон, ки дар марҳилаи тараққиёт қарор дошта ва ҳамаҷониба институтҳои демократиро ҷонибдорӣ менамояд, раво мебинанд”.

Дар идома изҳоротдиҳандагон таъкид кардаанд, ки САҲА дар гуфтор зидди терроризму экстремизм асту дар асл онҳоро тарафдорӣ мекунад: “Агар инхел набошад, пас чаро ҷинояткоронро дар ин ҷаласа роҳ додаанд? Аз ин рӯ, мо донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба ақидаи дигар донишҷӯёни кишвар ҳамфикр буда, рафтори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо(САҲА)–ро маҳкум менамоем”.
Мӯҳр
Донишчу
Хамин САХА хдш чи боша?

в
Донишчу,

Созмони Амният ва Хамкори дар Аврупо.

Кухистони
аз хама хандаовар аст:дар рохи тараккиёт карор дорад....)))Тараккиёте, ки истехсолот ва саноат УМУМАН нест! Куттии гугирдеро бароварда наметавонад. дар асри 21 дар 25 сол барои 5-6 млн ахоли( 2 млн дар мухочират)кувваи барк нест. Муред аз ин рузатон шармандахои хушомадгуи бенангу беномус.

Хоруг
ма хамчун як чавони зодаи истиклол тарафдори гуфтахои донишчуёни бо нангу номус. Ахсан ба Шумо, ки тарафдори сулху субот ва тинчиё ороми да ЧТ мебошед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)