Бахшҳо
22 сен 2016 15:23Тоҷикистон / Акс

АКСУ САДО: Эътирози навбатии ҷавонон дар Донишгоҳи омӯзгорӣ: ҲНИТ дар Варшава зидди Пешвои миллат хест

Як гуруҳ аз ҷавонон бо нишони эътироз аз ҳузури мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар конфрони марбут ба ҳуқуқи инсони Варшава дар Донишгоҳи омӯзгорӣ гирди ҳам омадаанд.

Ин ҷавонон дар толори маҷлиси Донишгоҳи омӯзгорӣ иддао доранд, ки Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ “мехоҳад боз ҷангро сар кунанд”.

Сайдулло Қувватов, яке аз ин ҷавонон ҳангоми суханронӣ мухолифони ҳукуматро, ки дар Варшава эътироз карданд, барои интиқод аз Эмомалӣ Раҳмон танқид кард: “ҲНИТ зидди Пешвои миллат хестанд. Тинҷиву оромиро дар кишвар аввал Худованд, дуввум Пешвои миллат овард”.

Ба иддаои ин ҷавон, ҲНИТ мехоҳад “ғаразҳои нопоки худро дар Тоҷикистон амалӣ кунад”. Ӯ бо ишора ба ин ки гирдиҳамоии Варшаваро раиси ҲНИТ тарҳрезӣ кардааст, гуфт, “дар кишварҳои дигар афроде мисли Кабирӣ одамонро бадбахт карданд”.

Хабарнигори “Озодагон” мегӯяд, дар толори маҷлиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон беш аз 300 донишҷӯ нишастаанд, аммо зоҳиран то шурӯи ин ҳамоиш кам касоне дар бораи мавзӯи он хабар доштанд: “Қабл аз оғоз аз чанд ҷавон пурсидам, ки қарор аст дар ин ҳамоиш чӣ шавад, ҷавоб доданд, ки “намедонем”.

Бегоҳи 20 ва субҳи 21 сентябр як гуруҳ аз ҷавонон назди дафтари САҲА (Созмони амният ва ҳамкорӣ дар аврупо) дар Душанбе гирди ҳам омада ва муроҷиатномаеро ба кормандони намояндагии САҲА таслим карда буданд.

Аслиддин Хушвахтов, яке аз ин ҷавонон ба “Озодагон” гуфта буд, дар муроҷиатномаи худ аз САҲА хостаанд, чаро Аврупо нафаронеро, ки дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои сангин таҳти пайгард қарор гирифтаанд ва алайҳи онҳо парванда боз шудааст, имкони буду бош медиҳад ва монеи ҳузури онҳо дар нишасти Варшава нашудааст.

19 сентябр гуруҳе аз ҷавонони тоҷик бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшаваи Аврупо хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд. Ин гуруҳ баъдан вориди толоре шуд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо иштироки мансабдорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, бо шумули Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик ҷараён дошт. Эътирозгарон дар тан либос бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ доштанд ва дар канори толор қарор гирифтанд.

Сайдулло Қувватов дар ҳамоиши имрӯз дар Донишгоҳи омӯзгорӣ гуфт, сару садоҳои намояндаҳои ҲНИТ дар бораи фишор бар мусалмонон асос надорад. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Ҳоҷии асосии Тоҷикистон ва пешвои мусалмонони дунё Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо бояд дуомонам аз Эмомалӣ Раҳмон кунем. Ба ягон ҳоҷиву ягон муллову ягон наҳзатӣ эҳтиёҷ надорем. Пешвоямон ҳар рӯз ба мо дуо медиҳад”.

Қувватов иддао кард, ки ба маслиҳату пуштибонии САҲА эҳтиёҷ надоранд: “Агар тинҷиву ободии Тоҷикистонро мехоҳанд мисли Чин омада маблағгузорӣ кунанд, корхонаву роҳу нақб созанд. Чаро ин корро намекунанд? Чаро САҲА як НБО намесозанд? Агар ободии Тоҷикистонро хоҳад Муҳиддин Кабирӣ ва дигар душманони миллати тоҷикро дошта, Тоҷикистон равон кунанд”.





АКСУ САДО: Эътирози навбатии ҷавонон дар Донишгоҳи омӯзгорӣ: ҲНИТ дар Варшава зидди Пешвои миллат хест


АКСУ САДО: Эътирози навбатии ҷавонон дар Донишгоҳи омӯзгорӣ: ҲНИТ дар Варшава зидди Пешвои миллат хест
Мӯҳр
Мачлихатчи
Маслиҳат ба САҲА ва дигару дигароне, ки ҳақиқатан рушди демократияро мехоҳанд.
Ҳама ин ҷавонони фаъолро як ҳафта ба Аврупо бурда чарх занонда биёретон, баъд бинем чӣ мегӯянд.
Ин бечораҳо ба ғайр аз пора додану зачет гирифтан ва пул додану имтиҳон харидан дигар чизеро надидаанду намедонанд. Як бор рафта бинанд ҳо ба кӣ чӣ гуфтагишона мефаҳманд. Агар тавонед, ҳамун занҳои "фаъолро" ҳам гиретон, як чарх зада биёнд, баъд мебинед.

сардло
барои шумо аврупо мисли хитой фақат пул диҳад вале .....

ЭЪТИРОЗ? ин чи беакли !!! Ба монанди лухтак "ису рав усу рав"!!!
ОЯНДА ГУЛОМОНИ РУССХО МЕШАВАНД !!!

Собир
Ха ха ха хаааа!
САХА чаро НБО намесозад?,

Ба чавон. Хар чизе ки зидди Ислом аст,кобили дастгирист. Шояд чунин гуфтани буди?

Ануши суғдӣ
Мебахшед манқурт шумо бо ҳамон САҲА ҳастетон. Манқурт касеро мегӯянд, ки бегонапараст аст. Шумо САҲА-ро аз падаратон бештар дӯст медоретон. Шумо манқурт ҳастетон. Пешвои миллати моро нигаҳ дорад Худо...

я одам да иҷа навиштай ки чаро донишҷӯён репетитсия накарда дар зал аз пешвояшон чи гуна ҳимоят карданро намедонанд?
гуфтаги барин и ҷавонон дар Варшава яке пайдо шдан..бечора ИНХО ҳам дасту по хӯрда гашт.. и донишҷуҳо ҳам саросемавор..бо ҷону дил дарсро партофта...за ПЕШВО..ЗА РОДИНУ....УРРРРРРРА

Манзараи нихоят зебо фикр мекунам шумоҳам дар тамошои ин филми мустаманде бо номи "Лухтакбози"хеле ҳайрон мондет? НЕ ин тавр набояд шавад,зеро шумо алакай чандинборхо ин намоишро тамошо кардет ва фаҳмидет ки ҷавонони мо он қадар милатдусту ватандӯстанд,ки нафаҳмидаю надида аз ҳама аҷибаш дар хаки ки гап мезананд худошон намедонанд.Ин албата ифтихори милии ҷавонон аст аз онҳо ояндаи хубро интизор бояд шуд зеро онҳо пойбанди супоришҳои нодурустанд.Ҷавонони саодатманд о шумо дар куҷоҳо мегардет вақте дар русия тифли панҷмоҳаи тоҷикро куштанд шумо этироз накардет ҳар сол сари чандин тоҷик дар русия аз тан ҷудо мешавад шумо эътироз накардет,барои бар гаштану дар ватан кор кардани мусофирон шумо эътироз накардет,барои аз байн бурдани фасоду порахури эътироз накардет.Барои ҳама ватан чизи муқадас аст ба Худо вақте ватан мегуям оби чашмам беихтиёр мерезад.Ман ба ояндаи дурахшон бовар надорам зеро ман дида истодаам ки дар Осиёи миёна моем милати кашок наход музди миёнаи мардум 400-сомон бошад хато як устод гуфт бо музди давлат зиндаги пеш намеравад барои ҳамин пора мегирем.Ҷавонои мӯҳтарам ман медонам ин айби шумо нест шуморо маҷбур мекунад аммо шумо кӯшиш кунед хонед савод гиред дар куҷое набошед обруи милатро баланд бардоред зеро ба фарҳангу маданияте ки гузаштагни мо доштан дигар милатҳо надошта буд.шиори шумо ин набояд "Хоинонро баргардонед бошад"балки шиори шумо дар зиндаги "Дониш талабу бузурги омуз"бошад вақте шаб ба хона меравед пеш аз хоб ин ду хат шеро хонед"Ҳар шаб зи худат бипурс агар,ки мардӣ,Имруз чи хизмате ба мардум карди"боқи Худованди пок шуморо боинсофу боадолат гардонад.

Мирзо
“Ҳоҷии асосии Тоҷикистон ва пешвои мусалмонони дунё Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо бояд дуомонам аз Эмомалӣ Раҳмон кунем. Ба ягон ҳоҷиву ягон муллову ягон наҳзатӣ эҳтиёҷ надорем. Пешвоямон ҳар рӯз ба мо дуо медиҳад”.

Микдори донишу фахмиши ин чавонон аз хамин харфи гуфтаашон маълум аст.Гулув ба шахсият аз нишонаи хамокат асту бас.Кавмхои пешин низ аз осори гулув ба дарачаи куфр рафта билохир халок гаштаанд.Находи хочии асосии Рахмонов бошаду боки мардуми ом хочии калбаки бошад ё ин чаома аз гайб огах гаштанд ки хачи раиси чумхури Точикистон назди худо кабул гаштаасту аз боки не!Кабл аз харфатон як тафаккур мекардед лоакл.

чавон аз ДУШАНБЕ
Х,ар нафари Ватандуст бояд химоя аз манфиатхои милливу давлати намояд. мо ифтихор дорем бо чунин чавонон, ки садокат ба халку ватан доранд. Вокеан имруз чойи нанг аст, як чосус моро бо хамилатонамон чанг меандозад. САХА чаро як маротиба барои пойдории сулху субот кушиш намекунад. факат игвоангези корашон. Чавонон барои манфиатхои милли ба ПЕШ, МО БО ОНХОЕ КИ ДУСТОРИ ВАТАН ХАСТАНД, ХАСТЕМ ВА ХОХЕМ МОНД.

Кани хамун занакхои фаъол? Бисёр зик шудем,кучо гум шуданд?

мо аз Ватану миллатамон хамавакт бояд пуштибони кунем офарин Саъдулло Кувватов мо бо Шумоем

Мирзо
Агар хамин тудаи чохилону "фаъолон" назди сафоратхонаи Киргизистон чамъ шаванду аз казиия сархад миёни ду кишвар ва парчами худро дар хонаи точикон задан ва ду афсари сархадбони точикро парондани киргизхо тазохрут мекардан шояд....афсус сад афсус

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)