Бахшҳо
21 сен 2016 11:53Тоҷикистон / Тема дня

Ҳимояти Иттифоқи нависандагон аз даъвои Б.Собир: Ҳаққи адибонро намедиҳанд...

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз даъвои шоир Бозор Собир барои рӯёндани ҳаққи қаламаш аз Кумитаи радиою телевизион ва нашриётҳои кишвар ҳимоят кард.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон имрӯз, 21-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” надодани ҳаққи қалами адибони тоҷикро мояи нигаронӣ хонд. Ӯ афзуд, ҳарчанд борҳо дар мавриди рӯёндани ҳаққи қалами шоиру нависандаҳо, ҳам дар даврони раёсати собиқи Иттифоқ ва ҳам дар аҳди раёсати феълӣ ба Кумитаи телевизион ва радио муроҷиат кардаанд, вале натиҷае ҳосил нашудааст: “Шояд ба шарофати ин даъвои устод роҳбарони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон минбаъд барои баромадашон ба адибон ҳаққи заҳмат пардозанд. Ҳоло беарзиштарин мол сухани бадеист. Соле 365 рӯз васоити ахбор, дастаҳои ҳунарӣ (барои консертҳои давлатӣ) аз зеҳни адибон истифода мебаранд, вале барояшон як пули пучак ҳам раво намебинанд”.

Ба қавли Ато Мирхоҷа “ҳоло ҳарфи Иттифоқро касе гӯш намекунад ва ба эътибор ҳам намегирад”. Муовини раиси Иттифоқи нависандагон ҳамчунин мегӯяд, ки шахсан ман дар муддати 25 соли охир аз ягон шабакаи ТВ ва радио ягон дирам ҳаққи заҳмат нагирифтаам: “Аксари кулли шоирону нависандагони мо ба ҳамин ҳол мувоҷеҳанд”.

Ато Мирхоҷа мегӯяд, ки чанде пештар Аскар Ҳаким шоир ва раиси пешини Иттифоқи Нависандагон дар як суҳбати инфиродӣ изҳор дошт, ки ҳисоб кардааст, ки Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба андозаи чандин ҳазор сомонӣ аз ӯ ҳаққи қалам қарздор мебошад.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагон бо нигаронӣ афзуд, ки “устод Бозор Собир ба туфайли қурбу манзалати бузурге, ки дар назди ҳукумат дорад, пулашро рӯёнд ва мерӯёнад, вале ба доди адибони дигар кӣ мерасида бошад?”.

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир аз шоирони саршиноси Тоҷикистон бо ирсоли як ариза ба бахши захираҳои зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ хоҳиш кардааст, ки ҳаққи қаламашро аз бархе чопхонаҳо ва Кумитаи радио ва телевизион, ки осори ӯро бидуни қарордод ё иҷозаи ӯ нашр кардаанд, руёнад.
Мӯҳр
шеъри бозор собир ба як шапкаи хар намеарзад

Ин Ато Мирхочаш расо хоксори бад будай,иа гапора устодон Турсунзода ва Лоик мегуфтан ҳеч гап набуд,шеьри онхоро тамоми миллат медонист

1.Хар кор расму тартиби хукуки дорад. Оё Иттифоки нависандагон ба макомоти таъину хифзи хукуки муаллифи (номи аники идора дигар аст, албатта) мурочиат кардааст, то донад, ки таъин кардани хакки муаллиф ба чи тартиб аст? Наход дар ин кадар сол накарда бошад? Дар асоси кадом санаду мукаррарот, раками чанд, аз соли чанд аз ТВ ва радио адиб бояд хак гирад? Агар ин чизхо таъин нашуда бошанд, бояд юристи Иттифокхои адибон, охангсозон ва дигар иттиходияхои эчоди бо макомоти зидахл кор баранд. Устод Ато Мирхоча вокеан адиби хубу мухтараманд, вале холо бояд чун муовини ин ниход мурочиати расми мекарданду чавоби расми медоданд.
2. Сарояндагон ва охангсозон, муаллифони филмхо бояд хукуки худро дар Идораи хифзи хукуки муаллиф расман матрах кунанд. Баъд аз макомоти дахлдор бо мурочиати расми манъи фуруши сабтхои таронаю охангхояшонро талаб намоянд. Касе мехохад, сабтхои конуни фурушад, ки бо назардошти хакки захмати муаллифон бояд нархгузори мешавад. Ба шоирони матннавису сенариянавис низ дар ин сурат хак мерасад.
3. Ба сабтфурушони гайриконунии махсули эчодкорони ЧТ чазои чидди таъин гардад, то ки ба ин дузди дар рузи равшан хотима гузошта шавад. Масалан, 6 мохи хабс. (Албатта, аввал корхои фахмондадихи гузарондан ва мухлат додан лозим, то ки аз ин кор даст кашанд).
П.С. Вокеан, худи хамон Идораи сабти хукуки муаллифон низ доир ба ин бахсхо бояд шархи худро нашр кунад.

1.Хар кор расму тартиб дорад. Оё Иттифоки нависандагон ба макомоти таъину хифзи хукуки муаллифи (номи аники идора дигар аст, албатта) мурочиат кардааст, то донад, ки таъин кардани хакки муаллиф ба чи тартиб аст? Наход дар ин кадар сол накарда бошад? Дар асоси кадом санаду мукаррарот, раками чанд, аз соли чанд аз ТВ ва радио адиб бояд хак гирад? Агар ин чизхо таъин нашуда бошанд, бояд юристони иттифокхои адибон, охангсозон ва дигар иттиходияхои эчоди бо макомоти зидахл кор баранд. Устод Ато Мирхоча вокеан адиби хубу мухтараманд, вале холо бояд чун муовини ин ниход мурочиати расми мекарданду чавоби расми медоданд. Бояд на хакки худ, балки хакки хама адибонро химоя кунанд.
2. Сарояндагон ва охангсозон, муаллифони филмхо бояд хакки худро дар Идораи хифзи хукуки муаллиф расман матрах кунанд. Пасон аз макомоти дахлдор бо мурочиати расми манъи фуруши сабтхои таронаю охангхояшонро талаб намоянд. Касе мехохад, сабтхои конуни фурушад, ки бо назардошти хакки захмати муаллифон нархгузори мешаванд. Ба шоирони матннавису сенариянавис низ дар ин сурат хак мерасад.
3. Ба сабтфурушони гайриконунии махсули эчодкорони ЧТ чазои чидди таъин гардад, то ки ба ин дузди дар рузи равшан хотима гузошта шавад. Ва ин монеи пешравии сохаи мусики ва СИНАМО нашавад. (Пул набошад, синамо чи хел пешрави мекунад?). Масалан, 6 мохи хабс. Албатта, аввал корхои фахмондадихи гузарондан ва мухлат додан лозим, то ки фурушандагони сабтхои гайриконуни аз ин кор даст кашанд.
П.С. Дарвокеъ, худи хамон Идораи сабти хукуки муаллифон низ доир ба ин бахсхо бояд шархи худро нашр кунад.

Агар ин корхоро, ки дар шархи пешинаам навиштам, анчом надихем, чанд сохаи бузург, ки метавонад ба хазорон нафар кор дихад ва миллатро дар арсаи чахон муаррифи кунад, хеч гох дар Точикистон рушд намекунад. Хотири чор дискфуруш ва чанд порахури дигар, ки аз хисоби онхо руз мебаранд, набояд аз хотири миллат боло бошад.

жолдошака
????-дорам. Чаро ахли илму адаби чумхури, ки зиёии раками 1 анд дар нисбати мушкилоти зиёди миллату давлат харфе бо овози баланд, нотарсона намегуянд . Ва Бозори таърифиатон низ сухане нагуфта.

ачоибот.
Ман хам дар чанд туй порчаҳои шеърии Устод Бозор Собирро хонадаам, ба кучо барам маблағаша? Пешниҳод дорам ҳар нафаре, ки лоакал як порча шеър аз Бозор Собир медонад гонарарша пардохт кунад. Ман дигар аз хондани шеърҳои Устод даст мекашам. Чаро ки зурам намерасад маблағашро пардохт кунам. Илму амал бояд ҳасафари якдигар бошанд. Ман наметавонам гуфта, ки кадом як асари аҳли зиёи мо баҳри рушду ривоҷи ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва давлату миллат мусоидат карда бошад. Узр аз хҳамаашон, аммо воқеъият чунинаст. Боз шарм надошта ҳақи қалам мекобанд!

Шараф
Ато Мирхоҷа!!!!!! Ба ин шеъратон чи мегуед ки чанд сол пеш дар рузномаи Миллат ,ки бо чунин мисраҳо шуруъ мешуд чоп шуда буд.
Бозор Собир, Бозор Собир,
Эй дар ҷаҳолат бадтар зи кофир.
Давомашро боз худатон ин ҷо мекоридед бисер хуб мешуд.Чун мегуянд, Сухан аз даҳони луқмон хуш аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)