Бахшҳо

Ронандаи зӯру “баднафс”-и дигаре дар хатсайри 28: Гурехтагӣ “р...х” будай...

Мусофирони хатсайри 28-и шаҳри Душанбе шикоят доранд, ки дар рӯзҳои иди гузашта, бархе аз ронандаҳои ин хатсайр то нимароҳ низ 2 сомонӣ роҳкиро талаб мекарданд.

Раҳматулло Одинаев, сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар арафаи Иди Қурбон қариб ҳамаи ронандаҳои хатсайри 28 то ними роҳ ду сомонӣ талаб мекарданд: “10 сентябр дар бозори Корвон аксари мусофиркашҳои хатсайри №28 ба ҷойи 80 дирам то бинои Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ 2 сомонӣ талаб менамуданд. Кондукторҳо вақти даъвати мусофирон огоҳ мекарданд, ки то ГАИ ду сомонӣ ва мусофироне, ки норозӣ буданд, кондукторҳо таъкид мекарданд, то савор нашаванд”.

Одинаев афзуд, мо савори мошине шудем, ки кондуктораш арзиши роҳкиро эълон намекард: “Бинобар ин бо дӯстам дар ин микроавтобус, ки рақами қайди давлатиаш 04-43 тт 05 буд, савор шудем. Хостем ба маҳаллаи “Политехникум” равем, вале кондуктор то истгоҳи РБДА 2 сомонӣ талаб кард. Ҷанҷолу хархаша дар дохили старекс шурӯъ шуд. Кор ба ҷойе расид, ки кондуктор ба ронанда амр кард, ки нақлиётро нигаҳ дорад, то мусофирони «саркаш»ро фароранд. Чанд мусофири норозиро аз мошин фаровард. Ман ишора кардам, ки қазияи ҷазои як ронанда ва раиси ҷамъият бароятон дарси ибрат нашуд? Ронандаро ҷарима карданду кондуктор гурехт. Ронанда дар ҷавоб гуфт, он ронандаю кондукторе, ки ҷарима шуданд, ё гурехтаанд «р..х будай» ва исрор мекард, мусофирон ду сомонӣ пардохт намоянд”.

Одинаев мегӯяд, дар пайи ин қазия ба рақамҳои боварие, ки дар дохили мусофиркаш насб шуда буд, занг зад: “Баъди чанд соат масъули ҷамъияти «Нақлиёт» ва худи ронанда ҳам занг зада, хоҳиш карданд, ки ба идораи дахлдор занг назанем ва ин мавзӯъро расонаӣ нанамоем. Вале мо розӣ нашудем”.

Одинаев гуфт, шаҳрвандон бояд ҳақталошӣ кунанд, то ронандаҳо густохона ҳақашонро нақз накунанд: “Қарори шаҳрдориро поймол менамоянд, аз меъёр зиёд мусофир савор мекунанду бар замми ин, дар старексҳо ҳам пулчинак мегиранд, ки ҷанҷолро ин нафарон мехезонанд”.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи чунин як қонуншикании ронандаи хатсайри 28 ахиран Бародмат Муродов, раиси ҷамъияти “Нақлиёт” дар суҳбат бо “Озодагон” ваъда дод, ки назорати тартиботро дар ин хатсайр пурзӯр мекунад.
Мӯҳр
хамин маршрути раками 8 ро хам як бинед охир аз хама 2 сомон мегиранд аз ин тарафи магозаи маркази шишта ба он тараф гузашта фарои 2 сомон мегиранд болои ин бисераш бо кондуктор дорад 5 ум одам дар тори сарут качала шуда меистад

Dima
бефоида, дар сайти мометановенм менависи, факат як чавоб мо ронандаро ба 5 руз аз кор озод кардем, ягон чорабини нест

Сухроб
Мухтарам хамдиёрон, ба гайр аз мурочиат ба идораи нашрияву макомотхои давлати, шумоён дар холати аз мошин мачбури фаровардан ё дар дигар шакл тахкир наудан (масалан суханони кабех), аккалан барои паст задани шаъни худ ба суд мурочиат намуда метавонед ва чуброни зарари маънави талаб намоед (дар ин сурат ба шумо дар суд нишондоди шохидон лозим меояд).

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)