Бахшҳо

ШУМО БИГӮЕД: Бурд ва бохти 25 соли Истиқлоли Тоҷикистон

Аз Истиқлоли Тоҷикистон баъди ҳамагӣ ду рӯзи дигар 25 сол пур мешавад. Ин рақам дар назди таърих чизе нест, аммо барои инсонҳо арзиши бузург дорад. Дар бораи бурду бохти даврони Истиқлол доираҳои мухталиф андешаҳои гуногун доранд. Аммо мехоҳем, ШУМО дар бораи дастовардҳо ва мушкилиҳои ин 25 сол фикри худро БИГӮЕД...
Мӯҳр
Факат, ва факат, хорию зори, дар тули 25-сол. МИЛАТИ ТОЧДОР, табдил ёфт ба ФОХИША, ЧОХИЛ, НАШАЪЧАЛОБ, РАМШАН, ЧУМШУТ, аз хама мухим як инсон ба ХУДОИ ТАБДИЛ ЁФТ....

Хисрав
Агар объективона бахогузори кунем, БУРД 2% бошад, БОХТ ба 98 % мерасад!!!

аз оне ки мо дар черкизбозор кор мекунем ва корхои пасти дигар ин айби гузаштагони мо нест Вакте ки мо чунин аклу фаросат дорем айби дигарон чи
дар замони шурави дар зери захру зукум кор мекардед барои Русси пахта мекоридед дар стройбат хизмат мекардед ва гайр чаро ношукри мекунед

Муслим
Ассалому алайкум
Бародарон! Истиклолият -бо тамоми камбудиву норасоихояш пастиву баландиаш гармиву сардиаш як неъмати бебахост барои миллати точик як доди худованд аст. Бубинед масалан курдхоро 40 милион ахолиро ташкил медиханд зиеда аз ним аср боз мубориза мебаранд аммо сохиби давлати алохида ва сохибистиклол шуда наметавонанд. Иншоаллох хамааш дуруст мешавад иктисод хам пеш меравад сатхи зиндаги хам бехбуд меебад. Истиклолият ин масъалаи бебахс аст хама атрофи ин мавзуъ як назар доранд ин хам бошад хифз кардани он дар ин замони хассосу асри чахонишави, танхо ва танхо хоинон назарашон мутафовитанд.

Абубакр Душанбе
Мо бояд бо ин давлат ва давлатдоронаш шукри бигуем.Дар натичаи окилонаи давлатдори тамоми сохахои иктисоди ру ба таназул андохт.Хукумат ки хисобу китобро нагз омухт лозим донист бинохои мавчудбударо нест карда ба чояш аз нав баландошенаро сохт ки одамонро аз бекори халос мекард.Рохро бошад чунон боаклона таьмир мекарданд ки дар муддати ним сол вайрон мешуд ки чахон чунин идоракуниро надидааст.Дар муддати 25 сол донишгохои мо мутахассисони боистедоде бароварданд ки бозори Руссия бо аробакашу кучарубак пур карданд ва бо забони номафхум гап задан онхоро ед доданд.Тарракиети мардикории мо дар чахон ба микеси ахолии давлат ба чои 1 баромад ки ин ифтихори давлатдорн аст.Дар муддати 25 сол чандин одамони бегунохро ба махбасхона рохи карданд хатто онхо гунохашро надонистанд ва ин пешравии мо намуна бар чахониен аст.Мо бояд ифтихор кунем ки давлати мо мансабро шахси кард ва ха чо каме пул пайдо шавад онро поймол мекунад.Кишоварзи ба дарачае тараки шудааст ки бозорамон дигар ба моли Покистону Эрон эхтиечманд шуд.Чахониен чунин кудрате надоштанд ки сарконунро хар сол иваз мекунанд вале мо онро тавонистем.Офарин БАР ДАВЛАТДОРИИ МОСТ!

Виркан
Аз бурдамон шояд хама бигуянд, аммо бохти мо хамон идоматёбии кинаву кудурат, махалбози ва авлодбози. Ба тамоми масоил аз нигохи конуни "Паштунвалай" нигаристан бузургтарин бохти мо буд. Миллате, ки ташнаи истиклолият аст, хамеша чор мезанануд истиклолият, истиклолият, истиклолият мегуяд. Аз хад зиёд мо чор мезанем, номи бозорхо, дастахои варзиши, ошхонаву кучаву махаллу мавзеъхо, боз чандин мавриди аз андоза беш истифода шудани калимаи истиклолият он кадар мантики нест ва ин бояд танзим шавад. Чизи дигар ва мутаассифона аз хама дарднок, ман худ дар маршировка, ду фарзандам дар маршировка, оилаам дар маршировка, вале мебинам, ки наздикону фарзандони чиновникхо озоду бахузур гаштаанд, магар хамин барои ман хамчун як шахрванд истиклолият аст, беш аз як мох мешавад, ки мо тамоми хонавода ба ин ташвишхо гирифтор. Ба замми ин на як стсенарияи халол на як режиссери дуруст, аз Хучанд ё намедонам аз кучо як режиссёри калона ёфта омадаанд, чунин доду вой мекунад, чунон чавонону духтаронро тахкир мекунад ки ногуфтани, худоро шукр ки дар сари ягон вазифа нест, вагарна хамаро нобуд мекард, ба монанди Ким чин Ин. Ин кадар азоб, бовар кунед, то вакте ки духтарам ба хона мерасад, шаб торик мешавад ва хар руз субх мераваду шом меравад, охир ин чи азоб ва ин чи зулм аст. Ё магар зулм нест, аз ин бештар намешавад, зулм бародарон, аз барои худо як биандешед, хайр вакте ки дамамон бар дарун асту доду вой намекунем, ин маънии онро надорад, ки мо комилан зиндагии хушу хуб дошта бошед. Илова бар ин ин кадар харочот чи даркор буд, бошад ба харочот розиам, зеро ин ид иди мухим аст, аммо ин кадар чабр кардан болои сари кудакон, тахкир кардану саргардон кардан зарур набуд. Ба хотире, ки як чиновник омада чи тавр ракс карданро мебинаду бахо медихад, чи кадар мунтазир мешави, оё ба ахлоку мантик рост меояд. Чаро мо чомеаро ба ду гурух чудо кардаем, як тоифа особҷй (хотя самҷе ничтожнҷе) ва як тоифа мазлуму бечора.
Якуним миллюн мухочири бехукук, сарсону саргардон ва хатто аз гурезахои солхои чанги шахрванди хам бечоратар, зеро баъзе аз онон розианд ки статуси гуреза гиранд, сатхи кашшоки ва бечорахолии мардум. Албатта касоне, ки мухити солими шуравиро надида буд киёс кардан наметавонад. Шурави хазорон бор бехтар буд.

Дар 25 соли истиклолият, 25 донишманду олими бехтару забар дастро зери хоку,кунчи зиндону,аз ватан берун кардем(! Ин буд бохт. Агар бурдро гуем,бехтарин заводу,корхонаю, роххои мунфариш бадаст овардем,лекин бо карзхои миён шикан! Окибати мардуми Точик бахайр боду истиклолият муборак!!!

Бурд ин ки моро чахон шинохт. Тамом. Бохт. Тули ин солхо тамоми мутахасисону олимон, ки коре дар мамлакат карда метавонистанд аз махалбозихои рохбар, бечораву хор шуданд ва аз давлат баромада ба дигар чо рафтанд. Таи 25- сол факат худнамои кардем. Ягон мутахасис таёр накардем. Хама шоиру хофиз шуданд. Иктисодёт тамоман паст рафт. Боки равшвнфикрон ва шахсоне ки метавонистанд пеши рохи беадолатиро гиранд куштему зиндон кардем. Мардум дар карз гутида ва давлат бо суду прокурорхояш, амволашонро мусодира кард ва хамаро бе хону мон кард.Он хонахои бохашамат ки дар шахр сохта мешаванд, хама азони хукуматдорон беадолати дар авчи аъло, факат хушомадгуии рохбар. Рохбаре ки намехохад рузхои хунини милат аз ёди мардум равад ва гаштаю баргашта ба хотирашон меорад ва метарсонад мардумро бурд 0,55 БОХТ 95% ОЗОДАГОН НАЗАРХОИ МАРО ЧОП НАМЕКУНЕД ИН ДАФЪА ЧОП КУНЕД

ТОчикистон 25-сол+бурд=-00000000%
Точикистон 25-сол+бохт+++100000000000000000000000000000000000%
афсус хасрат ноумеди камбагали сарсони,бекори дар муддати 25-сол ру ба тараки нихода истодааст.Гуфтани сухани хак не ичозат не барои чи ичозат бошад,вале ШУКР гуи ичозат а бача мемури аз гушнаги аввал ШУКРОНАИ ВАТАН КУН мегуяд масулини дахлдор!!
чим дахон накушо харчи бодо бод охир ОЯНДАИ ТОЧИКИСТОН ДУРАХШОН-бале албата ба ояндаи дурахшон худам бовар намекунам аммо ШУМО мегуед бовар мекунам ПАС ОЯНДА БА ГУФТИ ШУМОХО ДУРАХШОН-аммо чаро ман инро дар муддати 25-сол намебинам? не не мебинам! аммо кай??дусти мухочирам интернетро як су мони гурез ФМС-РОССИЯ омада истодааст бо депорт накунад,ки падару модарат додаронат хохаронат аз хамун як бурда ноне,ки аз пули ту мехурад бенасиб монад.хо рост мегуи хай ма рафт бошен саломат.ВАТАНАМ БА ХУДО ТУРО ОБОД ФАРЗАНДОНАТРО ДАР КАНОРАТ ДИДАН МЕХОХАМ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)