Муҳаммад: Кондуктори мусофиркаши 28 маро буз гуфт... (АКС)
Як мусофири хатсайри №28 аз талаби роҳкирои бештар ва рафтори ноҷои кондуктор ё пулчинаки як мусофиркаш шикоят дорад.
Муҳаммад Болтаев, як ҷавони тоҷик мегӯяд, мусофиркашҳои №28 аз мусофирон 2 сомонӣ талаб мекунанд: “Ҳамин ҳоло дар назди Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи 33 қарор доштам. Кондуктор аз ҳама ду сомонӣ талаб мекунад. Касе эътироз кард, мегӯяд, “нафорат фаро”.
Ба гуфтаи Муҳаммад, вақте хост рақами қайди давлатии мусофиркашро акс бигирад, кондуктор ӯро дашномҳои қабеҳ кард: “Гуфт, ки эй буз очата фалон мекунам. Боз чанд дашноми дигар кард. Вақте ба аксгирӣ идома додам, як оҳан дар дасташ аз мусофиркаш пешам омад ва дод зад, ки “бра любой ҷо бзи кн қатит любой ҷо мерам”.
Ин ҷавон рақами мусофиркаш (2416 ТТ 05) ва акси кондукторро унвонии “Озодагон” фиристод ва изҳори умед кард, ки масъулин ронанда ва кондуктори онро муҷозот мекунанд.
Моҳи июл пас аз шикояти зиёди сокинон аз талаби роҳкирои бештар аз сӯйи ронандаҳои мусофиркаш, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳри Душанбе тавассути “Озодагон” рақамҳои телефони ин ниҳодро эълон кард. Масъулини хадамот аз мусофирон даъват карданд, дар сурати ситондани роҳкирои барзиёд сокинон метавонанд шабонарӯз бо шумораҳои 2 21 45 28, 221 45 29, 900 09 59 00, 988 99 11 88 тамос бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |