Бахшҳо
24 авг 2016 08:42Тоҷикистон / Акс

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Нахустин қатор дар масири Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба ҳаракат даромад.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин қатор, ки дохилаш Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва ҷавононону фаъолон будаанд, соати 6:00-и субҳи имрӯз, 24 август аз саристгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ба роҳ баромадааст. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ин санаро хотирмон арзёбӣ карда гуфтааст, "дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон-биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳимми мо, амалӣ гардид".

Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, арзиши лоиҳавии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб зиёда 165 миллион сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардида, дарозтарин нақби он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад. Дар ин лоиҳа 8 пул бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардидааст: “Агар бо назардошти аҳамият ва афзалияти иқтисодии лоиҳа назар афканем, метавон гуфт, ки роҳи қаблӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа бо убури марз 432 кмро дар бар мегирифт ва маҳз бо бунёди нақбу купрукҳо 313 км ихтисор гардида, дарозии он ҳамагӣ 119 кмро ташкил хоҳад дод”.

Манбаъ меафзояд, таносуби боркашонӣ тавассути хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа барои 1 тонна қариб 120 сомонӣ арзон хоҳад гашт, яъне қаблан он ба 160 сомонӣ баробар буд ва акнун тавассути роҳи нав 35-40 сомонӣ арзиш хоҳад дошт: “Мутобиқи нишондоди мутахассисон самаранокии солонаи иқтисодии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 46 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин тадбир имкон медиҳад, ки дар давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор карда шавад”.


Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)
Мӯҳр
восеъ
мо чавонони даврони сохибистикло бо чунин пешвои меллати точик фахр мекунем.ки барои мо чунин сулху амониро овардааст.

ватандуст
Пешвои сулпарвари точик ахсан ба модареки ин хел шерхои гуфтагии Саъдиро мезояду ба ватан хадия мекунад
Лекин ин шоирони дар барат буда оли дар бораи кохои неки шумо шерхо эчод мекунанд ана ин хел мазмуни баланд кати
Эй Чаноби оли кухора сурох карди,
Поезд ба дарунаш меравад.
Дар даруни поезд одамхо
Истирохат мекнан бад фуромада хонохошон мераван
Айба надониста Афсуси Саъди Бедил Хофиз кучо мерафта бошем бо ин шоирон

Дуои момаам ба Чаноби Оли,Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон! Барака ёбед,сихату сарбаланд, тансихат бошед! хамавакт хами хел хурсанду, чавону, зебо Шумора бубинем. Дасти Худованд соябони саратон бошад. Хеч гох гами фарзанду гами миллата набинед. Хама вакт ашки шодии миллати точика бубинед ва эхсос кунед!

ЗИНДАВУ БАРДАМ БОШЕД ПАДАРИ МИЛЛАТ!

восеъ,
Восеъ мегуянд хар арзонай тарафои шумода ростай ?? Ягон хари кори тарбия кун ма рафта мехарам !!!

Зинда
Ин рох мехру дусти ва еру рафикии хар яки моро бо хамдигар наздик месозад. Ташакур ба хама он шахсоне ки сахми худро ба ин сохтмон гузоштанд!

Хамчунон тухфаи арзандаи Дилшод Назаров боз хам мо Точикон ро бо чахониён муаррифи кард. 25 солагии Истиклоли Ватани азизамон муборак...

Бехтарин тухфа бахшида ба 25 солагии Истиклоли Ватани азизамон. Бигзор Сулху субот пойдор бимонад...

"РОХ" - ин раги хунгарди чомеа махсуб меёбад. Албата хуни чомеа дар гардиш бошад, чомеа рушд мекунад. Ба истифода додани рохи охани Душ.-Кург.-Кулоб дар арафаи 25-солагии ИСТИКЛОЛИЯТ ин худ як тухфаи беарзиш ба миллати точик аст. Ахсан ба ПЕШВО-и МИЛЛАТ. Ахсан ба онхое, ки хизматхои шабонарузии АСОСГУЗОРИ сулху вахдатро дарк ва кадрдони мекунанд.
Ба "офтобсар" гуфтаниям, ки чавон боши, бо чунин фахмиш ва хисси бади милли доштанат, чойи ту баринхо ё Афгонистон ва ё Покистон аст, ки дар ончо ба пойхоят "зангула" овехта, худат ба ракоси машгул мешави. Баъд ба кадри оромии Ватани худ мераси, агар Ватан дошта боши.

Сулху вахдати точикон човидон бошад! Зиндаву човид бод ПЕШВОИ МИЛЛАТ! Албата кушишхои шабонарузии Шумост, ки Точикистон руз ба руз ободу хурам гашта истодааст. Аз дастовардхои беназири солхои охир хеле шодам. Бигзор душманони Ватану миллат, ки аксар "худихои окипадаранд" аз ин дастовардхо сузанду миранд...


Мавзунаи Бадахши,
Хе момата ов бараее!!!

Ба диккати бародарони хатлониву бадахшониву сугдиву умуман хамаи онхое ,ки аз ин рох истифода мебаранд рамониданиам,ки вакти харакат дар рох ба тозаги риоя кунед( махсусан ёвонихову хатлонихо хаматон) дар тереторияи Вахдат нос, ахлоти чорво, мусор партофтан, катъиян манъ аст!!! Пучоку мусору харгуна пакету латтаву когазро дар чодахои рох напартоед,ки визатона махкам мекунем дар Вахдат!!! Бо худ маводхои мухадиру сигору бангдонаву нашъаву чарсу героину марихуану чакидаву хато Киёми зирку нос -хам мамнуъ аст!!! Строгий зона-аст Вахдат!!! Пеш аз ворид шудан хатман хучатхои худро дуруст кунед...

Муборак бод мардуми Точикистон.Боз як кадам ба пеш ба суи ободи.

Э шайтон! момаи мара ага ов бара, момаи тра трактор бара))) wink

Офтобсар. Дар хакикат ту гулугаранги. агар хукумати точикистон худаш ташаббускору маблаггузор набошад, хитоихо аз кучо месозанд. хисси милли надори. точик хам нести аз афташ. бо шарофати хамин рох, тамоми минтакаи чануби точикистон бо хам мепайвандад. рафту омади мардум бо нархиарзон ва воридоту содироти молу махсулот осон мешавад. махсулоти кишоварзхии вилояти хзатлон ба пойтахт омада, бозорхо арзони мешаванд.

мо чавонои бадахшони амеша сиёсати шуморо пеш мебарем ва чонибдори мекунем ин икдом бисёр хуб буд дар оянда агар амин гуна роххо тамоми удудои кишварро пайваст кунад бисёр кори хуб мешавад. мо бо шумоем чаноби оли

Муборак шавадрохи охани навсохт-пайвандгари дилу мехри точикон!!!! Бо шарофати хамин рох иктисолдиёти давлат дар солхои наздик рушдибесобика менамояд. доду гирифту молу махсулот байни минтакахо густариш ёфта, сатхи некуахволии мардум боло меравад. харочоти рохкиро паст шуда, фабрикаю заводхои нав пайдо мешавад ва иншоаллох мардуми мо низ сохиби чои кори муносибу даромади хуб мегардад. зиндаву човид бод Чаноби оли, Пешвои миллати Точик!!!!!


Мавзунаи Бадахши,
Шайх темур ба озоди мебаромадааст Мавзунабону!!! Чихелай хаму-момата тугри кунем хами шайхда ??? Худо ду куша пиршон-кына-омиин!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)