Бахшҳо

Охирин фармони шоҳ

Далер ШАРИФОВ

Амаки Маҳмуд дар деҳаи мо як марди донишманд, ростгӯй, ҳалолкор ва ҳалолхӯр аст. Ӯ соҳаи кишоварзӣ ва инчунин таърих ва адабиёти форсу тоҷикро хеле хуб медонад. Марди боғурур ва хоксору самимист. Мо аз ингуна мардоне, ки ҳамеша ростқавулу ҳалолкор ва донишманду бо нанг бошанд имрӯзҳо ангуштшумор дорем. Воқеан амаки Маҳмуд бо тамоми маъно як марди комил аст. Ёд надорам, ки нафаре ба ҷуз раиси ҷамоат ва раиси маҳаллаву баъзе мансабчадорон аз ӯ бадгӯӣ карда бошанд. Ин тоифа ҳам ба хотири он аз амаки Маҳмуд меранҷанд, ки ҳамеша камбудиҳояшонро бе ягон ибо ба рӯяшон мегӯяд ва аз корҳои хато ва мардумозориашон шадидан интиқод мекунад. Ба қавли худаш ҳамин ҳалолкорию сахтзабониаш дар баробари зулму ноадолатӣ буд, ки бо вуҷуди донишманд будан дар ҳеч ҷое ба худ кори муносиб наёфт ва ҳамеша мавриди сиёҳкуниҳои баъзе аз масабчадорон гардид. Аммо ӯ чунон озодандешу қавиирода аст, ки ба гуфти худаш ба ҳарфи ҳар “навдавлату навмансаб” гӯш намедиҳад.

Ҳамеша таъкид мекунад, ки озода зистану озода мурдан шараф ва камоли инсонист. Одамони чопулус ва тамалуқкорро бад мебинад ва тамоми бадбахтиҳои одамонро аз онҳо медонад. Ӯ бар ин бовар аст, ки бетарафию хомӯшӣ дар ҳар замоне инсонҳоро бешарафу беномус карда, ба ғулом табдил медиҳад. Мо борҳо назди амаки Маҳмуд ба зону зада қиссаю ривоятҳои ҷолибе дар бораи гузаштагон шунидаем. Ҳар гоҳе, ки ба масҷид биёяд чанд дақиқа ба ҷавонон дарси адабу ахлоқ медиҳад ё панде аз гузаштагон меомӯзонад. Як рӯз қиссаи аҷиберо нақл кард. Мо ин қиссаро як афсона пиндоштем, аммо амаки Маҳмуд онро воқеият медонист ва мегуфт ҳар ривояту қисса як сабаби ба вуҷуд омадан дорад.

Ӯ нақл кард, ки дар замонҳои пеш як марде бо номи Пайтак зиндагӣ мекарда, ки пешааш подабонӣ будааст. Аз хурдӣ миёни говҳо ва бузу гусфанд калон шуда, дар саҳро низ бо ҷамъоварии алафу гандум машғул будааст. Гардиши айём Пайтакро дар сарзамине бо номи Тарсин шоҳ мекунад. Мардуми Тарсин бо вуҷуди он ки як мардуми шаҳрнишин ва соҳиби фарҳангу дониш будаанд, Пайтакро ба сарварии худ қабул карда, ба ӯ итоат мекардаанд. Билохира ӯ Шоҳи олампаноҳ унвон мегирад.

Пайтак, ки даврони ҷавонии худро миёни гову гусфандон гузаронида, аз сохти давлату давлатдорӣ бехабар буд, мағрури мансаби шоҳӣ шуда зимоми идораро ба дасти чанд хешу рафиқе, ки аз саҳро ҳамроҳаш омада буданд, медиҳад. Ин нафарони Пайтак бо ҳар роҳу восита молу дороиҳои сарзамини Тарсинро талаву тороҷ карда ҳоли давлатро бениҳоят хароб мекунанд. Шоҳ Пайтак бо вуҷуди подабон будан, наметавонист ин ҳолатро нодида бигирад. Чун бо омаданаш ба дарбор каму беш баъзе чизҳоро, аз қабили хӯрдану пӯшидан омӯхта буд. Ӯ аҳли дарборашро даъват карда мехоҳад машварат бигирад, ки чӣ гуна ва бо кадом роҳ сарзаминашро аз ин ҳолат барорад ва хазинаи худ ва кишварашро пур кунад. Як вазираш, ки аз ҳамшаҳриҳои Пайтак буд, пешниҳод мекунад, шоҳ фармоне содир кунад, то ҳар нафаре, ки аз шаҳр мебарояд ё медарояд як дирҳам ба давлат молиёт пардохт кунад. Пайтак ба ин розӣ намешавад, ӯ хавф мебарад, ки мардуми шаҳр аз ин андози барзиёд норизо шуда, алайҳаш қиём мекунанд. Аммо сарфармондеҳи лашкари шоҳ, ки низ ҳамшаҳрии Пайтак буд, ӯро итминон медиҳад, ки тамоми чораҳоро меандешанд, то чунин нашавад. Вазир мегӯяд, ин мардум чунон фарҳанги волое доранд, ки агар бикушӣ ҳам садо баланд намекунанд. Хулоса Пайтак ноилоҷ ба ин розӣ мешавад ва фармоне содир мекунад, ки ба ҷуз андозҳои мавҷуда ҳар нафаре, ки аз шаҳр берун мебарояд ё медарояд бояд иловатан як дирҳам ба давлат бипардозад. Фармони шоҳ дар шаҳр хонда мешавад ва мардум ҳам бе ягон муқобилият онро иҷро мекунанд. Пас аз шаш моҳ вазир ба шоҳ гузориш медиҳад ки аз ин амал фоидаи хуб ба даст овардаанд. Шоҳ аз ин кор хурсанд шуда дастур медиҳад, ҳар шаш моҳ боз ду дирҳами дигар илова гардад.

Бо гузашти солҳо хазинаи шахсии шоҳ ва дигар атрофиёнаш пур шуда соҳиби сарватҳои бузург мегарданд. Пайтак ҳар сари чанд бор мепурсад, ки мардум аз ин кор норизоӣ намекунанд? Тамоми дарбор ба як овоз мегӯяд, не шоҳи олампаноҳ ҳама аз ин амали шумо розӣ ҳастанд. Рӯзе Пайтак аз ин бархӯрди мардум хаста шуда, мегӯяд ҳамаи мардуми шаҳро якҷо ҷамъ кунед. Ман мехоҳам охирин фармони худро ба ин мардум содир кунам. Дастур иҷро мегардад ва ҳамаи аҳолии шаҳр ҷамъ мешаванд. Пайтак ба мардуми худ хитоб карда мегӯяд:
-Эй мардум, имрӯз ман мехоҳам охирин фармони худро ба шумо содир кунам. Фардо ҳамаи шумо ба дор овехта мешавед. Мо дигар ба шумо эҳтиёҷ надорем!

Бад аз лаҳзаи хомушӣ марде, ки аз зумраи зиёиёни он кишвар буд ва гоҳу ногоҳ дар маҳфилҳои шоҳӣ иштирок мекард, даст боло мекунад. Пайтак фикр мекунад, ҳоло ҳам ин қавм марди оқиле доранд, шояд барои ин фармон эътироз мекунад ва садо мезанад, ки бифармо. Он мард мегӯяд:
- Шоҳам, ин фармони шумо боиси сарбаландӣ ва сарфарозии мост. Аммо як суол доштам иҷоза бошад арз кунам? Баъди ишораи шоҳ давом медиҳад: Вақте шумо фардо моро ба дор меовезед оё давлат барои ҳамаи мо банд дорад ё мо худамон бандҳоро ҳамроҳамон биёрем?

Вақте амаки Маҳмуд ба инҷоми қисса расид, ҳамагӣ хандидем. Аммо ӯ ғарқи кадом андешаву хаёле буд. Гуфтам, хеле қиссаи ҷолиб. Ӯ гуфт, на писарам ин як воқеияти талх аст. Ҳарчанд пойфишорӣ кардем, ки ин як ривояти хайёлист, аммо амаки Маҳмуд гуфт, ингуна ривоятҳо метавонанд асоси воқеъӣ дошта бошанд.

Намедонам чаро, аммо чандест, ки ин нақл андешаамро машғул медорад.
Мӯҳр
хонанда
Ахсан, Далер, боз хам ахсан!

Мохидаврон Россия
Чураи чон Далерчон, ман аз он тарафи кисат гузаштам. Дарк кардам, ки чи навишти ва барои ки. Мегуянд, ки "Оташро дар гирдаш гард" максадам хамин, ки журналисти точик озод нест. Ташаккур ба ту ва ба бобои Махмуд. Индафа наздаш рафти аз номи ман саломаш расон ва бигуй "шав шав накун шафтолу гуй"))

Вокеан киссаи пандомез, Харкас хам кобиляти дарки ин киссаро надоран наранчед, хондан лозим.
Дастатон дардро набинад Далерчон.

Rustam
Айнан ба замони имруза мувофикат мекунад накли мазкур.

Чуяндаи адолат
Бехтарин кисса одамро ба фикр кардан водор мекунад

Душанбениц ба Далер
Далер пешниходи маколахоят шаходат аз аклу маърифати туро то кадом дарача будан нишон медихад, ки ту ки хасти. То хол ба гайр аз маколахои кайку пишакат дигар ягон пешниходхои чолиби диккат ё муфид барои чомеа пешниход накардаед. Ин афсонахои кайку пишакат барои васеъ кардани илму маърифати худат хуб аст вале инчо ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ТОЧИКИСТОН, АСРИ 21-АСРИ ИЛМУ ТЕХНИКА. Ба фикри ман Ту мисли табибе менамои ки на беъмор ва худатроо шифо карда тавони............

Санам
Вактои охир инхела маводи фача нахонда будам. Хайфи вакти зоеърафтаам.

Фируз
Ин Далертон ба гайр аз тапаку каду тайпак чизера намедона!

Ин навиштаро ҳар шахс дар доираи тафаккури худ баҳо медиҳад : олим олимона кӯдак кӯдакона.

чуянда
Бехтарин кисса. Бисёр маънои чукур ва ба шароити хозира мувофик.

Андешата машгул надор далерака. Ба фикрам худат хам ба мисли махмудакат дар ягон чой кори муносиб намейоби! О наход ки одам хаминкадар носанчида сухан кунад, ки афсонаи кудаконааш дарди сараш шавад.

мехмон
Озодагони мухтарам чаро шархи маро чоп накардед? Далер киссаро аз ибтидо ва мукаддимааш нанавиштааст. Бобои Махмуди донандаи фархангу осори адабиёти форсу точик ба кишоварзи машгул буда кисса менависаду ба сиёсат дахл мекунад. Чаро Пайтаки подабон шох нашавад? Махмуд ки Пайтакро нах мезанад барои чи худаш бо ин доногиаш шох намешавад ?

Санам,
Санам хее санаамм!! Хе.....
киса-бисёр оличаноб аст !!!

Чи накли зебое пешкаши мардум кардед!
Ахсан ба шумо.

Ахсан,Ахсан,Ахсан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)