Бахшҳо

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар: Ронандаро касе латту кӯб накардааст (ВИДЕО)

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавриди латту кӯб қарор гирифтани Шамсулло Саидов, ронадаи ин созмонро аз ҷониби раҳбарони ташкилоти мазкур рад мекунад.

Баҳодур Қурбониён
, раиси ин ҷамъият имрӯз, 2 июл ба дафтари “Озодагон” омада гуфт, Шамсулло Саидовро касе латту кӯб накардааст: “Ӯ замони аз ҷӯйбори бетонӣ гузаштан афтида, пояш захм бардоштааст”.

Рӯзи гузашта нафаре, ки худро Шамсулло Саидов, ронандаи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон муаррифӣ намуд, иддао кард, раисони ин созмон дар ҳолати сархушӣ дар роҳи бозгашт аз ҷашни Ваҳдат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ӯро латту кӯб кардаанд. Саидов феълан дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Гуфта мешавад, ин қазия 30 июн дар роҳи Дарвоз сурат гирифтааст: “Ҳамроҳи ман се нафар аз ҳамкоронам, аз ҷумла раиси Ҳилоли Аҳмар ва раиси бахши созмон дар Суғд буданд. Маст буданд ва маро дашном доданд. Ман аз мошин фаромада, калиди мошинро ба онҳо дода, гуфтам, ки худам танҳо меравам. Вале аз пасам омада, ҳар сеяшон маро латту кӯб намуданд”.



Аммо Баҳодур Қурбониён, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон иброз дошт, рӯзи 30 июн, вақте Шамсулло меафтад, ӯ дар наздаш набуд: “Он рӯз мо дар яке аз меҳмонхонаҳои ноҳияи Даровоз будем, баъдан ба тарафи Душанбе ҳаракат кардем, Шамсулло Саидов ҳамроҳи ду корманди дигарамон дар ҳамон меҳмонхона буданд, баъди чанде ба ман занг заданд, ки ҳамин хел ҳодиса шудааст. Вақте рафта бо Шамсулло суҳбат кардам, гуфт, аз “латок” афтидам. Ман бевосита шоҳиди афтидаини Шамсулло набудам, лекин худи ӯ ҳаминро гуфт. Мо ҳатто ба мақомоти Дарвоз муроҷиат кардем, ки ҳамин хел ҳодиса шудааст, онҳоро огоҳ кардем”.

Оқои Қурбониён гуфт, дирӯз баъди дидани хабари латту кӯби ронандаи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Шамсулло Саидов ҳамсуҳбат шуд: “Шамсулло комилан рад кард ин ҳолатро, ӯ гуфт, телефони ман дар дастам набуд, дигар кас аз номи ман суҳбат кардааст”.

Аксҳо аз Шамсулло Саидов дар беморхонаи Дарвоз

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар: Ронандаро касе латту кӯб накардааст (ВИДЕО)


Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар: Ронандаро касе латту кӯб накардааст (ВИДЕО)
Мӯҳр
Ман
Вой ба холи миллат бо чунин рохбархо вой вой

Мурод
Аз рафти кор фахмост ки ронанда хам нушидааст вагарна бо ин пахлавонии ки дар сурат намоен аст се мастро не панчтохамро бор аст вале афсус ......

Шукрихудо
Ронанда икрор кардааст, ки маро назадаанд. Боз гапи бисёр ба кй даркор?. Дувум, инки ид аст ва мардако каме нушиданд. хайр чй? Харкас фардо рузи киёмат чавобашро худаш мегуяд. Ба шахсияти одамон кордор шудан лозим нест...

Рости гап ин раис ягон гунох надорад дар ин чо паставит карданиян барои вазифаи ин шахс тумат кардан амо натавонистан ин кадри чавон кори хак кардас барои амин

Я независимый журналист. Прочитав эту статью я просто удивлена почему так написали. Я лично знакома с председателем этой организации Согдийской филиала и мне обидно что его клевещут.Друзья я вам говорю что он хороший человек...

хакикат,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)