Бахшҳо

Ҷузъиёти боздошти судя бо беш аз 111 ҳазор $ пора

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, бо иттиҳоми порагирӣ дар ҳаҷми 111 ҳазор доллари амрикоиро ифшо кард.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Саидзода ҳафтаи гузашта ҳангоми гирифтани 50 ҳазор доллар дар утоқи корияш боздошт гардид.

Ба иттилои манбаъ Саидзода ба ивази пора ба шаҳрвандон “А” ва “Б”, ки Оҷонсии зидди фасод онҳоро дар қаллобӣ муттаҳам кард, ваъдаи пуштибонӣ додааст: “Баҳори соли равон Саидзода барои пуштибонӣ аз судшавандагон "А" ва "Б" аввал 7000 доллари амрикоӣ ва сипас зери таҳдиди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ 50 000 доллари амрикоиро гирифта, 19 майи соли 2016 бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ нисбати судшавандагон "А" ва "Б" ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима татбиқ кард”.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Саидзода кирдори ҷиноияшро идома дода, дар доираи парвандаи дигар аз шаҳрвандон "А" ва "Б" боз 50 ҳазор доллари амрикоии дигарро талаб кардааст: “17-уми июни соли равон тахминан соати 17 Саидзода пас аз гирифтани 50 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад”.
Мӯҳр
точик
Чунин судяхоро бояд хукми катл дод

Лакай Сафар.Чоми
Камбагал,
Ошно тожик туппа тугриша гупти,хпми хами одамое,ки пора додиян ку энди холиги хамика дтллара боз тез меефтиянда мегум ошнатожик.Ишкилиб коре карда ба хамин судя корашон галтид дия.О ои кадар кабзаи долларро аз кучо ептияне,хамин бгу.Шпбхо хами хобум на...ме...ба..ра..ки доллар хоб бигум.Олнотожик,хами мигум,хами одама суд накунанд,хаму ними далларора ба мана тиян мешава,ки рафта турманба аз тани хами кас бшинум а?Ишкилиб,ки ягон гап мешудагист а ашнатажике.Э художоне кай доллар хоб бинуме!!!!

Идрис
ман бовар дорам ки агар тамоми умрам кор кунад ин пулро чамь карда наметонам лекин ин судяхо Бошан хуни мардума мемакан ман мутмаиннам ва бо бовар мегуям 90 фоизаш пора мегирад

Тохир
Ин порахурро аз чашмонаш маълум аст, ки хелло одами харромхуру ифлос аст!

Вафо
Ана инро порахури мегуянд,муаллими бечора панч сомон мегира хама мактаб пул ,муаллим пул гирифт гуфта тамоми чой овоза мешавад.....

Худоро шукр ин харомхур ба даст афтид бисер мардумро озор медод гайриконуни карорхо мебаровард такдири одамро хал мекард::::: барои манфиати худ. Мехостам фахмам дар кучо парвандаи чинояти у огоз шудааст ман баъзе корхо ифлоси ин одамро медонам метавонам рафта ба макомотхои зарури хабар дихам ки донад илтимос нависед.

Мачнун
Ин порахур аллакай дар озоди хаст. Ҷарима супорид, ва озодона кайфу сафо карда гаштааст дар махаллаи Ҷуйбодом

Мачнун
Ин порахур алакай дар озоди хаст.Чарима супорид,айни хол кайфу сафо карда гаштааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)