Бахшҳо

Ёқуб Салим: Атрофи Пешвои миллат муттаҳид бошем

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” изҳороти Ёқуб Салим, собиқ вазири умури дохилӣ ва қумандони Фронти халқиро, ба муносибати ҷашни Ваҳдат нашр кардааст.

Ёқуб Салим, ки 21-уми июн аз зиндон раҳо шуд дар изҳороташ аз аҳамияти Истиқлолият, Ваҳдат ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон зикр карда, аз зиёиён гила намудааст, ки дар рӯзҳои вазнин натавонистанд пешоҳанги миллат ва мардуми Тоҷикистон бошанд, бозичае дар дасти гурӯҳҳо, ҳизбҳо, мазҳабиён, ифротгароён ва давлатҳои манфиатдор шуданд. Ӯ иддаоро дар мавриди он, ки “мо бозичаи дасти дигарон шудем” ғалат хонда, афзудааст, ки “мо ба хотири мансаб, манфиатҳои иқтисодӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ бозичаи дасти худамон гаштем”.

“Озодагон” изҳороти Ёқуб Салимро бидуни тағйир пешниҳоди хонандагон мекунад:

Ҳамватанон, мардуми шарифи Тоҷикистон! Ҳеҷ неъмате муқаддастар аз осудагӣ, оромӣ, Ваҳдат ва якпорчагии миллату давлат нест. Мо ҳазор сол баъд аз суқути давлати Сомониён машаққати бедавлатӣ кашидем, миллати мо ғуломи ҳалқабаргӯши ғосибони мулкамон буд.

-Ба шарофати Истиқлолият мо соҳиби давлати миллӣ шудем, вале Истиқлолияти моро хостанд оғӯштаи хуну хок созанд. То андозае чунин ҳам карданд. Тоҷикистони азизамон дар марзи парокандагӣ қарор дошт, мехостанд онро қисмат кунанд. Сездаҳ сол дар ғурфаи танг, пушти панҷара ҳамеша фикр мекардам, сари ғалатҳо, кардаҳо, каҷравиҳо андеша мерондам. Дуруст аст, ки интихоби худро мо аллакай соли 1992 карда будем. Ин интихоб сари шахсияте, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ ва маҳбубият дорад –абармард, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд. Ин роҳи дурусте буд, ки он вақт мо ба он қадам гузоштем. Тӯли 25 сол ӯ тавонист қадам ба қадам, зина ба зина миллати парешонгаштаро ба ҳам оварад, давлатеро, ки тифли навзодро мемонд, ба марди баркамолу тавоно табдил диҳад. Мардуми мо бояд бо чунин абармард ифтихор кунанд. Имрӯз Пешвои миллат ва мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи дурустро пеш гирифтанд. Ин роҳи Ваҳдат аст. Ва ин иди Ваҳдатро ман ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям.

Ман шоҳиди рӯзҳои вазнини ба сари миллатомада будам. Дигар дидани гиряи ба фалак печидаи модарон, дар сӯги ҳамсар либоси мотам ба бар кардани занон, дар ҳасрати дидори падар ҳалқа задани об дар чашмони тифлонро дидан намехоҳам. Намехоҳам бубинам, ки давлати ман дастнигари давлатҳои дигар бошад ва ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ боз ғӯтта бар хуну хок занем. Ман, ҳарчанд дар паси панҷара будам, вале чашм аз хондани рӯзномаҳо накандаам, огаҳӣ аз вазъи ҷаҳон доштам. Абрҳо ҳанӯз ҳам мехоҳанд осмони софи кишвари моро ғуборолуд созанд. Вале мо акнун роҳҳои парешон кардани ин абрҳоро медонем. Ин ҳам бошад, аз ангуштони парешон ба бор авардани мушти қавист, ки номи он Ваҳдат мебошад. Меҳвари ин Ваҳдат бояд миллат ва Пешвои он бошад.

Ман дар ин рӯзи муқаддас ба зиёиёни кишвар рӯй меорам. Онҳо дар рӯзҳои вазнин натавонистанд пешоҳанги миллат ва мардуми Тоҷикистон бошанд, бозичае дар дасти гурӯҳҳо, ҳизбҳо, мазҳабиён, ифротгароён ва давлатҳои манфиатдор шуданд. Ҳоло ҳам ба гӯш мерасад, ки мегӯянд: “Мо бозичаи дасти дигарон шудем”. Ин ғалат аст. Мо ба хотири мансаб, манфиатҳои иқтисодӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ бозичаи дасти худамон гаштем.

Моро тақсим кардан мехостанд ва ин кӯшишҳо имрӯз ҳам ҷой доранд. Ба ёд оред сухани Юлиё Сезарро, ки 2,5 ҳазор сол пеш гуфта буд: “Ҷудоӣ андоз ва ҳукмронӣ кун”. Миллати оқил ҳаргиз гирифтори доми фиреби дигарон намегардад. Мо бояд дар гуфтор ва кирдори худ аз ақл кор гирем. Ақле, ки моро барои расидан ба орзуҳои миллиамон мерасонад.

Ман ҳамчун шахсе сухан мегӯям, ки дар рӯзҳои вазнин дар паҳлуи мардуми ҷафокашидаам қарор дорам. Агар Худованд насиб дида бошад, умед дорам то нафаси охирин дар паҳлуи он бошам. Аз ин дидгоҳ назар меандозам ва ба мардуми азизам муроҷиат мекунам:

-Ба қадри миллат ва давлати озодамон бирасем, дигар ба ҷудоиандозӣ роҳ надиҳем, даст ба кор бошем, кишварамонро чун модарамон дӯст дорем ва ба хотири пешрафти он дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем.
Мӯҳр
Сангак
Ба Екуб Салимов боз ягон вазифа ваьда карда бошанд ?

Як каф хоки дигар зиед шуд ...

ин гапаш дуруст аст ки мо бояд як нафарро рохбар дощта бошем ва дастгириш кнем.

Ёкуб хамон Ёкуб монд. Потхалим буди потхалим монди...

Гунг.Метро.
мехмон,
Ман хаел кардам,ки аз осмони 7-ум фаромада бошад!Ин мардум уро ин кадар таьрифу тавсиф доранд?

Ҳама гапҳояш дуруст лекин ман безор шудам аз шунидани ҳамин таърифу таҳсин

Ali
То мард сухан нагуфта бошад
Айбу хунараш нухуфта бошад

Бародари Екуб Салим навъе сухан мегуй ки ингор Рахмонуф шуморо як отпуски 13 сола дар лаби бахри сиех фиристода буд то захматхое ки кашиди ва чони уро аз марг халос карди чуброн шавад

Юсуфи-Хакчу
Аввало озоди муборак бошад. баъдан мегум бечора илоч надошт гайр аз чунин Изхори назар 100%. чун 13 солаки дига аз Озоди махрум мешуд . Ин ки ба синфи якуми Асри-21 хам маълум аст . э Худо мегум ами Демакратияи Вокеи дар ами дунё вучуд дошта боша))

Рустам
Мухолифинро ба хайвоноти хонагишон табдил доданд. Танхо гуфтаниам ки мардуми Точикистон зина ба зина ба гуломон ва мухочирони кори кучарубон табдил ефтанд.

Cаид
Ин кумандонхо чи аз и тараф чи ай у тараф факат мулки ободро хароб карданд ва Точикистонро ба дахсолахо акиб партофтанд. Максади хамааш мансабдор шуданд буд.
Моем, ки асли шоди ва кони гамем,
Сармояи додему ниходи ситамем,
Пастему баландему зиёдему камем,
Синаи зангзадаву лек чоми чамем.

Сангаршикан
Сангак,
Бале,чонишини Сангак мешавад.Сангак факат дар фикри вазифаи.Номат номи дилгиркунанда аст...Сангак!!!!!

Тахлили
Гузаштагон бехуда нагуфтаанд: " Зиндаги ойнаро мухточи хокистар кунад". Аз ин изхорот маълум ки Ёкуб Салим рухан шикаста шудагист. Ин изхорот танхо як кадами тактикист, барои ба мудати кутох бехатар мондан ва кашол додани вакт ва бе монеа тарк кардани ЧТ, то тайёр кардани тамоми хучатхо, пайдо ва баркарор кардани алока бо рафиконаш, хаммаслаконаш, ки имруз хамаашон берун аз Точикистонанд ва бархе аз онхо, шояд, тичораташро дар Туркия ва Дубай пеш мебаранд. Изхорот танхо ба хотрион ки мкомот барои тарки Точикистон мамонияти пеш наорад. Хуб мефахмад, ки ин озоди хатаре бешатаре ба чони у дорад, аз оне ки дар махбас буд.

Аз ин пас томурданша пешвои милат гуфта мегардад

Бародар, Точикистон аст ин чо
Сухан гуфтан на осон аст ин чо... Шикастанд ин марда!

Мардуми ачоиб халки бофахму бомаданиятанд. Эй инсонхо, агар умр боки бошад ману шумо хам пир мешавем, на танхо акаи Ёкуб. Ягон сухани зиёдати нагуфтааст, он чи баён дошта талаби замон аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)