Бахшҳо

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Ҳудуди 50 ҷавони тоҷик, имрӯз, 17-уми июн бо баргузории як ҷаласаи эътирозӣ вакилони Иттиҳоди Аврупоро ба “стандартҳои дугона” ва қасди ба хун кашидани Тоҷикистон муттаҳам карда, аз онҳо хостанд барои дидани воқеият ба Тоҷикистон биёянд.

Мардихудо Давлатов, ҷавони норозӣ аз ҳимояти Аврупо аз аъзои ҲНИТ таклифномаи ин гуруҳи ҷавононро қироат кард. Таклифномаи ҷавонон аз он оғоз шуд, ки чаро Аврупо муроҷиатҳои қаблияшонро дар мавриди Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон бепосух гузоштааст.

Ҷавонони норозӣ бо зикри гаштугузори озодонаи Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо таъкид кардаанд, ки зоҳиран вакилони аврупоӣ мехоҳанд Тоҷикистонро мисли дигар кишварҳои ҷангзада оғуштаи хун кунанд.

Муроҷиаткунандагон афзудаанд: “Муҳтарам вакилони Иттиҳоди Аврупо аъзои ҲНИТ, ки шумо барои раҳоияшон талош мекунед, бо ҳаракату беҳаракатии худ ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро пурра дастгирӣ карданд. Кӯшиши Аврупо барои раҳоии афроде, ки хун рехтанд, демократӣ будани кишварҳои Аврупоро зери суол мебарад”.

Инчунин ин гуруҳ аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не: “Боиси нигаронӣ аст, ки вакилони Аврупо ба гуфтаҳои бофтаи Муҳиддин Кабирӣ бовар доранду ба факту рақамҳои мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ не. Ин ҳаракати вакилони Аврупо аз нигоҳи мо “стандарти дугона”-ро мемонад, ки дар сухан зидди экстремизму терроризманду дар амал мақсаду мароми дигар доранд”.

Дар изҳороти ҷавонон омадааст, ки қазияи Бузургмеҳр Ёров ва Шуҳрат Қудратов ба фаъолияти касбии онҳо рабт надошта, ин вакилон бо сӯиистифода аз мақом маблағи мардуми камбизоатро гирифтаанд: “Агар ба низоми судии Тоҷикистон боварӣ набошад, пешниҳод мекунем, ки вакилони Аврупо биёянду бо ҷабрдидаҳо суҳбат кунанд”.



Аҳмадхуҷа Давлатов, яке аз саркардаҳои ин гуруҳ гуфт, таклифномаро ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо месупоранд: “Пешниҳод мекунем, бигзор вакилони парлумон биоянду воқеияти Тоҷикистон, озодию демократияро аз наздик баҳо диҳанд. Мо омодаем онҳоро қабул кунем ва бо тамоми табақаи аҳолии Тоҷикистон вохӯриҳои озодро анҷом диҳанд”.

Ин эътирози ҷавонон дар ҳолест, ки 7 июн 35 вакил аз Ҷиноҳи мардумӣ дар Парлумони Аврупо дар як қатънома бо ибрози ташвиши ҷиддӣ аз боздошти афзояндаи ҳомиёни ҳуқуқ, мухолифони давлату хешовандонашон ва маҳдудияти озодии баёну ҳуқуқи мазҳабӣ дар Тоҷикистон, аз ҳуқумати кишвар раҳоии Зайд Саидов, вазири собиқи саноат, Маҳмадалӣ Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва 12 узви дигари раёсати ҳизбро талаб карда буданд.

Ин қатъномаи Парлумони Аврупо дар Тоҷикистон вокунишҳои ҷидиеро ба бор оварда, баъзе аз чеҳраҳои илмии Тоҷикистон ба он посух ҳам доданд. Аз ҷумла Муҳаммад Абдураҳмон, раҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқ ва Сайидмуродзода Лутфулло, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодӣ ва демографии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо нашри як изҳорот қатъномаи Парлумони Аврупоро бепоя хонда буданд. Вакилони парлумони Аврупо дар қатъномаи худ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки зимни муҳокимаи чеҳраҳои сиёсӣ мувофиқи қонунҳои худи кишвар ва уҳдадориҳои байналмилалиаш амал карда, мурофиаҳои сиёсиро шаффофу одилона барпо кунад ва иттиҳомоти зидди мухолифини сиёсиаш эълоншударо бо далелу бурҳони қотеъ собит намояд.

Ин 35 вакил гуфтаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳамчун баҳона барои қатъи фаъолияти мухолифон, маҳдуд кардани озодии баён истифода накунад ва ба ҳуқуқи мардумаш эҳтиром бигузорад. Порлумони Аврупо ҳамаи афроди боздоштшударо "маҳбусони сиёсӣ" номида буд.



Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)

Эътироз: Чаро Аврупо ба Кабирӣ бовар дораду ба ҳукумат не? (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
Ма яке ай хами чавонои иштирокчиюмака. Дар Донишгохи исломи мехонам, агар номи асосима гуям мара ай донишгох хорич мекнан.
Чанд вахт пеш мора ба ВКД даъват карданд ва дар ун чо дар бораи хамин митинг вазифа доданд. АПкнун мо мачбурем накш иҷро кунем. Бовар кнен акахо ай ҳамин кор безор шдагием, неким намедонем чӣ кор кнем. Морам доим таҳи назорат астем. мора ам шмо бфамен

Эй ҷавонон шумо фақат суратҳои худро ба муборизон нишон диҳед ба рузе даркор мешавад. Гап нест

Юсуфи-Хакчу
АЧАБ САХНАХОИ БЕ ХАД ХАНДАОВАР. ДИЛАМ БАРОИ ВАТАНУ МИЛЛАТАМ ВОКИАН МЕСУЗАД КИ БО ЧУНИН МАСХАРА БОЗИХО ОБРУ ВА СТАТУСИ ДАВЛАТ РО ТО ЗЕРИ ПЛИНТУС ПОИН ОВАРДЕД. ЧАВОБ БАРОИ ХАМАИ ЧАРОХОИ ШУМО = ЧАРО КИ ДУРУГ РО БЕ АНДОЗА МЕГУЕД - ЧАРО КИ ЧАНДИН БОР НАМОЯНДАХОИ ХОРИЧИ ХОСТАНД БО МАХБУСОН ВО ХУРАНД НАМОНДЕД. ХОЛО ДУРУГ МЕГУЕД КИ ЧАНДИН БОР ДАЪВАТ МЕКУНЕМ БИЁД АЗ НАЗДИК ?)) АЧАБ ТАЪРИХЕ ДАР ХОЛИ ВАРАК ЗАДАН АСТ )

Рамазон
Лахзахои гуворо давом дорад !!!!!!!!!!!!!!

сабза
Ба гуфтахои устод Хоркаш сад дар сад хамфикру хамраъй хастам, ин бачахакои вокеан зомби хастанд! Вассалом!

офарин
Э офарин Ахмадхуча аввал дар берун акнун дар мачлисгохи пурхашамат кани бенем ки боз дар кучо эътироз мекунед....лахзахои гуворо давом дорад...

Inkheli dukhtar dar donishgohi Khorug vujud nadorad, in Badakhshoni ham nest,

Барои чи шумо чорта бешараф аз тани тамоми мардум гап мезанед?
Озоди дар Точикистон нест нест бо нест .

мехмон
Алӣ,
Агар шумо донишчу бошед хайфи хамон донишгох !!! Дар як чумлаатон 20 хатои грамматики.

Шумо, донишчуене, ки дар асл номи худро бе хато навишта наметавонед, дар дохили кишвар зиндаги мекунеду лекин вазъи сиесии кишварро сарфахм намераваед, чаро аз Иттиходи Аврупо гиламанд мешавед. Иттиходи Аврупо, ин иттиходи пуриктидортарини дуне дар хама гуна шохахои хает мебошад. Шумо ба вакилони ин иттиход кор ед медихед? Ин коратон на ба мантик ва на ба сатхе ки карор доред(м), рост меояд. Ту аз Аврупо даъват мекуни омада "ХАМАЧОНИБА" тараккиёти кишвари моро бинад? Уфффффффффффффффффффффффффффффффффффффф..
.......................................
....................

Ха ха ха и бечоро якхелошон номшона дуруст навиштан наметонан!

шир
ба ин одамхои харида чи ваъда карда бошан

Ali
Чавонони азиз иттиходи аврупо чандин бор намояндахои худро фиристод ба точикистно шумо намедонед е худро ба нодони мезанед!
Хеч фикр нанкардед ки ое иттиходи аврупо хабархои точикистонро надорад?
Ахмадхуча то я каме хакиката хис куни ва худро ин хама ба гумрохи наяндози

Шоири ҷавон
Узви панҷоҳнафараи созмони "Пешоҳангон, ё намедонам ҷавонони фаъол (?)", мутмаин бошед, ки баъди хуб истифода шуданатон аз ҷониби сохторҳои марбутаи режим, бо як мушкили макотиби олиро хатм мекунед ва мисли ҳазорҳо ҷавони дигари тоҷик дипломҳоятонро кунҷи сандуқ афканда, сумкаи муҳоҷириро сари китф мегиреду ру суи Ватани дуюматон - Раша равона мешавед. Шухӣ намекунам, ин воқеият аст.Шумо аллакай истифодашуда ҳастед ва дар оянда барои ишғоли мансабҳои алоҳида шонс надоред. Чунки дар сиёсат ба шахсе, ки як маротиба истифода шудааст, итминон надоранд, ба ин далел, ки имкони истифода шудани он нафар аз тарафи гурӯҳи дигар ҷой дорад. Бо як ҷумла гуям, шуморо дупагона мегӯянд ва дар руйхати сиёҳи мақомот ҳамаатон бо ручкаи сурх сабтиномшуда мебошед. Чоп кунед.

Баха
Хандаовар бовар кунед ин ба мисли ки чавононро мачбуран оварда бошан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)