Бахшҳо

Чаро ба солҳои 70-ум баргаштем?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Ду рӯзи пеш вақте савори таксӣ аз пойтахт ба хона мерафтам, як мусофир аз ҳамроҳаш пурсид, ки намози таровеҳро куҷо мегузорад? Ӯ гуфт, дар хонаи фалон одам. Аввалӣ боз суол кард, ки иҷозат ҳаст ва ҷавоб гирифт, ки “як нафарро пушти дар “қаравул” мемонему мехонем”. Нақли бобоям ёдам омад, ки мегуфт солҳои 70-и шӯравӣ пинҳонӣ дар хонаҳо таровеҳ мехонданд...

Дар чанд соли ахир дар пайи санҷишу рейдҳо дар саросари кишвар фаъолияти садҳо маконе ки ҳамчун масҷид ё ибодатгоҳи мусалмонҳо бунёд гардида буд, манъ карда шуд. Дар шаҳрҳои бузург, ки фосилаи байни масҷидҳо зиёд нест, бастани дари ибодатгоҳҳои ғайриқонунӣ корест дуруст. Аммо дар минтақаҳо вазъият фарқ мекунад. Барои мисол дар як ҷамоати ноҳияи Файзобод, ки ҳудуди 13 деҳаро дар бар мегирад, ҳамагӣ ду масҷид иҷозаи фаъолият дорад. Дарҳои масоҷиде, ки шояд бо айби як ё чанд нафар дар вақташ расмӣ нашудаанд, ба рӯи намозгузорон баста аст. Бархе аз ин биноҳо замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморӣ низ ҳастанд. Ҳоло онҳо бояд чойхона шаванд ё ҷойи тафреҳие барои ҷавонон. Фосилаи миёни деҳаҳои ҷамоат андак нест ва имкон надорад, ки мусалмонҳо ба масҷиди қонунӣ барои гузоштани намози бо ҷамоат бираванд.

Ин ҳолатро дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам мешавад мушоҳида кард. Ҳоло ки Рамазон меҳмони хонадони мо аст ва намози таровеҳ як бахши муҳими ин моҳ маҳсуб мешавад, сокинони деҳаҳои бемасҷид намедонанд чӣ кунанд. Қисме бо аҳли оила гуруҳе бо ҳамсояҳо дар манзили якдигар ин намозро мегузоранд. Аммо онҳо намедонанд, ки ин корашон қонунист ё на. Ҳарос доранд, ки агар хабари дар манзили шахсӣ ҳамроҳ бо ҳамсояҳо гузоштани намози таровеҳ ба гӯши мақомот бирасад, муҷозот мешаванд. Мисле, ки солҳои ҳафтоди қарни пор дар Шӯравӣ буд...

Масъулини Кумитаи дин ва дигар ниҳодҳои марбут бояд дар фикри ба нафъи ҳамагӣ ҳал кардани ин мавзӯъ бошанд. Дар минтақаҳо аксаран дар ҳар деҳае, ки ҳоло масҷиди расмӣ надорад, беш аз сад хоҷагӣ ба сар мебарад ва ин мардум ба ибодатгоҳе ниёз доранд, ки намози ҷамоат бигузоранд. Агар масҷидҳое, ки ба талаботҳои меъморӣ ҷавобгӯянд, истисноан иҷозаи расмӣ дарёфт кунанд, ба нафъи ҳамагӣ хоҳад буд.

Амалҳои асри 21 бояд хоси имрӯз бошанд, на монанд ба солҳои 70-и Шӯравӣ...
Мӯҳр
ЧИНГИЗ АЙМАТОВ
ХУКУМАТИ ШУРОИ МУДДАТИ ТУЛИ УМРИ ХУД БЕШТАР АЗ 70 СОЛ САРУ КОР БО ДИНИ ИСЛОМ ГИРИФТ. МУСАЛМОНОНРО БО ХАР БАХОНАХО ЧУНОНЕ КИ ИМРУЗ МЕКУНАНД САРКУБ МЕКАРД. ЗИНДОНИ МЕКАРД. ВАЛЕ МАРДУМ ДАР ХОНАХОЯШОН. ОГИЛХОИ ГОВУ МОЛ ИСЛОМРО БА ЯКДИГАР РАСОНИДАНД. БАЛКИ ПУРЗУРТАР ШУДАНД ВА САБАБГОРИ ШИКАСТИ ХУКУМАТИ ШУРО ШУД. ИСЛОМ ДИНИ ХАК АСТ ВА ХАТТО ХЕЧ КАС АГАР МУСАЛМОН НАБОШАД ХАМ ИСЛОМРО ШИКАСТА НАМЕТАВОНАНД. ЧУН МУХОФИЗАШ ХУДИ ХУДОСТ. БОРИ ДИГАР ХУКУМАТДОРОНРО ЛОЗИМ АСТ САРИ АМАЛХОИ ХУД ФИКР КУНАНД, ВА ИЛЛО...

Фируз
Ду рӯзи пеш вақте савори таксӣ аз пойтахт ба хона мерафтам, як мусофир аз ҳамроҳаш пурсид, ки намози таровеҳро куҷо мегузорад? Ӯ гуфт, дар хонаи фалон одам. Аввалӣ боз суол кард, ки иҷозат ҳаст ва ҷавоб гирифт, ки “як нафарро пушти дар “қаравул” мемонему мехонем”. Нақли бобоям ёдам омад, ки мегуфт солҳои 70-и шӯравӣ пинҳонӣ дар хонаҳо таровеҳ мехонданд...
Кулан дуруг мегуянд, онхо ба хотири ичозат нею ба хотири тез хондани таровех дар хонаи фалони мехонанд. Хозир дар хама масчидхои чомеи намози таровех бо хатми як пора аз оёти Куръони Карим гузаронида мешавад аз ин хотир уно куввати 1 соат зиёд рост истоданро дарпешгохи Худо надоранд. Уно аз танбали дар 30 ё 35 дакика мехонанд дигар бахона наёфта мегуянд каравул мемонем. Дар як сол танхо як маротиб аст хаминам бахона карда гардед боз мегуед моро ичозат намедиханд. Магар хатми Куръон бехтар нест аз он, ки дар хонаи ким кадом чураат мехони?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)