Бахшҳо

Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Наздикони аъзои боздоштшудаи ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамуни наҳзати исломӣ мегӯянд, додгоҳ Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайниро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит имрӯз, 2 июн дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” аз қавли вакили дифои шавҳараш гуфт, Додгоҳи олӣ ин ду муовини раиси ҳизбро як умр аз озодӣ маҳрум кардааст.

Бино ба иттилои наздикони боздоштшудаҳо ҳукми афроди дигар низ эълон шудааст. Онҳо мегӯянд, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода 16 сол, Раҳматуллои Раҷаб 28, Абдуқаҳҳори Давлат 28, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 23, Саттор Каримов 28, Зубайдуллоҳи Розиқ 25, Қиёмиддини Аваз 28, Саъдиддини Рустам 20, Воҳидхони Қосиддин 20, Муҳаммадшариф Набиев 14, Абдусамад Ғайратов 14 ва Зарафо Раҳмонӣ ягона зан миёни боздоштшудаҳо ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки нимаи аввали моҳи май айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи олӣ барои Сайидумар Ҳусайнӣ (ноиби аввали раиси ҲНИТ), Муҳаммадалии Ҳайит (ноиби раис), Қиёмиддини Аваз (раиси шӯъбаи душанбегии ҲНИТ), Абдуқаҳҳори Давлат (масъули равобити хориҷии ҲНИТ) ва Раҳматуллоҳи Раҷаб (раиси шӯъбаи ноҳияҳои тобеъи маркази ҲНИТ) ҳукми абад дар зиндони низомаш махсус талаб кард. Ӯ барои Ҳикматулло Сайфуллозода (муҳаррири ҳафтаномаи “Наҷот”) - 30 соли зиндон, Муҳамадалии Файзмуҳаммад (раиси Шӯъбаи тафтишоти ҲНИТ) - 29 сол, Зубайдуллоҳи Розиқ (раҳбари шӯъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ) - 30 сол, Саттор Каримов (маъруф бо Эшони Саттор) - 28 сол, Саъдиддини Рустам - 24 сол, Воҳидхони Қосиддин (раҳбари шӯъбаи интихоботии ҲНИТ) - 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев (раиси шӯъбаи хатлонии ҲНИТ) - 16 сол, Абдусамад Ғайратов (раиси бахши минтақаи Кӯлоби ҲНИТ) - 16 соли зиндони низомаш сахт талаб намуда, аз додрас хост барои Зарафо Раҳмонӣ (мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ) 5 соли маҳбас таъин кунад.

Аммо бино ба иттилои наздикони боздоштшудаҳо, ҳангоми суханронӣ дар додгоҳ иттиҳомот алайҳи худро рад карда, аз қозии парванда ҳукми одилонаро талаб кардаанд.

Ин афрод, ки узви раёсати олии ҲНИТ буданд, баъд аз амалиёт алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр бо нашри як изҳорот гуфт, ин афрод баъди пурра нобуд кардани аъзои гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” (Абдуҳалим Назарзода) қасди фирор аз кишварро доштаанд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зикршуда боздошт гардиданд".

Ин ниҳод баъдан эълон кард, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
Бародарон! Шукрона бояд кард, ки Точикистон аз ин вабои асри 21ғи ЧТ яъне ХНИТ халос шуд. Набоошад ояндаи Точикистонро тасаввур кардан номумкин буд.

ХНИТ мехост Точикистони азизи моро аз харитаи сиёсии чахон нопадид намояд. Сад шукр ки ба максади худ нарасиданд.

Ин хоинони Ватан максад доштанд бо дастгирии хочагони хоричии худ Точикистони бихиштосои моро ба майдони набарлхо мубаддал гардонад. Хазорон бор шукрона, ки саривакт максади онхо ошкор гашта ба ин чазо сазо гаштанд.

Хамватанони гиромикадр аз номи худ ва бародарони дар хоричи кишвар карор дошта гуфтаниам, ки ин хабари хуш барои мо мебошад, ки ХНИТ бархам хурд гунахкорон ба чазо кашида шуданд. Иншооллох Точикистон баъди бархам хурдани ин хизби найрангбоз ободу пешрафт мегардад.

Хишти аввал чун бимонд меъмор кач
То ба охир меравад девор кач

Бале чунин гуфтахо ба Шумо рост меояд эй чангчуёни бегонапараст

Оллох Хакбину Хакпараст аст. Шикасти ХНИТ дар ЧТ икболи баланди Точикистониён мебошад.

Худои бузур шохид аст, ки бори кач ба манзил намерасад. Имруз Худованд сояи худро дар симои Пешвои миллат ба мо додааст ва ин сояи парвардигор халиму мехрубон адолатпарвару сулхох аст.
Имруз мардуми точик хуб дарк карданд, ки ХНИТ мехост дубора Точикистонро барои пули ночизи хочагонаш шуда, огуштаи хун кунад. Ва ХНИТ мехост боз ашки модари точикро ба ру кунаду

Эй мардум аз хоби гарони солхои 1991-93 бархезед!!!! Охир ин ХНИТ мехохад дубора Точикистоне ки гул-гулшукуфон шудаасту бихиштосост гарки хун кунад. ХНИТ мехохад ашки модари точикро бари руй кунаду бародар додари худро кушад. ХНИТ ба созишномаи истикрори сулх имзо гузошт ва сулхшикани кард зеро хуни у вайрон ва ахримансиришт буд. Чизе ки дар хун аст ба чон мебарояд ва ХНИТ аз солхои чанги шахрванди тафрикаангезу хунрез буд ва мемонад. ХНИТ барои хочагонаш танхо фаъолият мекунад мисли одами оханин (РОБОТ). Мардуми точикистони боварии комил доранд, ки чун сояи Худованд дар симои Пешвои миллатамон аст, зери сарварии хирадмандонаи Эмомали Рахмон, ба мисли ХНИТ-и ахримансиришт ки ин шатонсифатон динро ба худ никоб кардаанд душманону хоинони ин Ватан ба максади разилашон намерасанд. Зинда бод Точикистони азиз бо Пешвои миллати хеш, Эмомали Рахмон!!!!

Эй мардум аз хоби гарони солхои 1991-93 бархезед!!!! Охир ин ХНИТ мехохад дубора Точикистоне ки гул-гулшукуфон шудаасту бихиштосост гарки хун кунад. ХНИТ мехохад ашки модари точикро бари руй кунаду бародар додари худро кушад. ХНИТ ба созишномаи истикрори сулх имзо гузошт ва сулхшикани кард зеро хуни у вайрон ва ахримансиришт буд. Чизе ки дар хун аст ба чон мебарояд ва ХНИТ аз солхои чанги шахрванди тафрикаангезу хунрез буд ва мемонад. ХНИТ барои хочагонаш танхо фаъолият мекунад мисли одами оханин (РОБОТ). Мардуми точикистони боварии комил доранд, ки чун сояи Худованд дар симои Пешвои миллатамон аст, зери сарварии хирадмандонаи Эмомали Рахмон, ба мисли ХНИТ-и ахримансиришт ки ин шатонсифатон динро ба худ никоб кардаанд душманону хоинони ин Ватан ба максади разилашон намерасанд. Зинда бод Точикистони азиз бо Пешвои миллати хеш, Эмомали Рахмон!!!!

Эй мардум аз хоби гарони солхои 1991-93 бархезед!!!! Охир ин ХНИТ мехохад дубора Точикистоне ки гул-гулшукуфон шудаасту бихиштосост гарки хун кунад. ХНИТ мехохад ашки модари точикро бари руй кунаду бародар додари худро кушад. ХНИТ ба созишномаи истикрори сулх имзо гузошт ва сулхшикани кард зеро хуни у вайрон ва ахримансиришт буд. Чизе ки дар хун аст ба чон мебарояд ва ХНИТ аз солхои чанги шахрванди тафрикаангезу хунрез буд ва мемонад. ХНИТ барои хочагонаш танхо фаъолият мекунад мисли одами оханин (РОБОТ). дима,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)