Бахшҳо

Маслиҳати Шӯрои уламо ба Шаҳодат, ки шавҳараш шиа аст

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба Шаҳодат, як зани тоҷик, ки шавҳараш аз аҳли шиа аст, маслиҳат додааст, ки ақидаҳои худро ҳифз кунад.

Як корбари сомонаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки худро Шаҳодат муаррифӣ кардааст, изҳор доштааст, ки бо шавҳараш аз аҳли шиа беш аз як сол хонадор аст: “Шавҳарам мехоҳад, ки ман мазҳаби ӯро қабул кунам. Аз Шумо мехоҳам, ки ба ман роҳи дурустро нишон диҳед, то дар зиндагӣ гумроҳ нагардам”.

Шӯрои уламо ба Шаҳодат чунин посух додааст: “Миёни шиаҳо ва равофиз фирқаҳои зиёде вуҷуд дорад ва ақоиди онҳо низ мухталиф аст. Баъзе аз онҳо ҳазрати Алӣ (р)-ро Худо медонанд ва ӯро ба сифатҳои Худо шарик месозанд. Мегӯянд, ки Ҷабраил (а) дар овардани ваҳй хато карда, ба ҷои ҳазрати Алӣ (р) ваҳйро ба ҳазрати Муҳаммад (с) овардааст, ба модари муъминон Оиша (р) туҳмати зино мезананд ва саҳоба будани Абӯбакри Сиддиқ (р)-ро инкор мекунанд. Илова бар ин, ақидаҳои куфромезе доранд, ки бар хилофи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Бинобар ин, бо чунин афрод никоҳ қатъиян манъ аст”.

Шӯрои уламо дар идома таъкид кардааст, он касоне ҳам аз аҳли шиа, ки ақидаашон ба ҳадди куфр нарасидааст, аз роҳи залолат ва гумроҳӣ берун нестанд: “Дар китоби “Ақоидул-Ислом” роҷеъ ба ин масъала чунин омадааст: Шиъаҳо он хубиҳоеро, ки дар Қуръони карим дар шаъни саҳобагон омадааст, рад мекунанд, ҳол он ки ин хубиҳо бо далели яқинӣ собит шудаанд. Ба саҳобагон таъну лаънат мехонанд ва нисбати ҳамсарони Пайғамбар (с) суханони нолоиқ мегӯянд, ки агар ба ҳамсари камтарин фарди мо гуфта шавад, мо дигар ба рӯи онҳо назар намекунем. Ҳайф, сад ҳайф бар ин мусулмонон, ки ба ин гуна ашхос муҳаббат меварзанд ва бо инҳо издивоҷ мекунанд. Ҳеҷ шакке нест, ки Расули Худо (с) аз инҳо норозӣ аст ва ононро аз ҳавзи Кавсар меронад”.

Бо зикри ин Шӯрои уламои Тоҷикистон барои ҳар фарди ҷомеа, ки пайрави аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, зарур хондааст, ки ақидаи солими худро ҳифз намояд, зеро ки саодати абадии ҳар инсон дар партави ақидаи саҳеҳи ӯ ҳосил мешавад. Шӯро дар хитоб ба Шаҳодат илова кардааст, “хоҳари азиз, худ ва фарзандони ояндаи худро аз ҳар гуна ақидаҳои нодуруст эҳтиёт кунед”.
Мӯҳр
Лохути
Ба Яздон ки гар мо хирад доштем,
Кучо ин саранчоми бад доштем.

Беақл
Ақли муфтиву муфтиёт ба ҳамин қадар мерасад.
Ҳаминҳам гап шуду! Хайрият нагуфтаанд, ки шиаҳо дасташонро ҳалол намекунанду, ҳамхобагӣ бо онҳо ҳафт пуштатро дузахӣ мекунад.
Тавба, тавба. Ин ҳам мусалмониву ин ҳам муфтигӣ!

Агар Шурои уламо хамин хел фикр дошта бошад, пас аз дигархо чи гила. Имрузхо садхо издивочи бадахшониен бо бошандагони дигар нохияхо. Ва магр онхо мусулмон нестанд. Магар Сирия ба Шурои уламо кофи нест? Мехохад дар Точикистон ангеза андозад. Худое тавба аз чунин шурои уламо.

ИСБОТ БА СУХАНОНИ "МЕБАХШЕД" АЗ ЗАБОНИ А. СИНО:

КУФРЕ ЧУ МАНЕ ГАЗЗОФУ ОСОН НАБУВАД,
МАХКАМТАР АЗ ИМОНИ МАН ИМОН НАБУВАД,
ДАР ДАХР ЧУ МАН ЯКЕВУ ОН ХАМ КОФАР,
ПАС ДАР ХАМА ДАХР ЯК МУСАЛМОН НАБУВАД.

ХОХАРИ АЗИЗ ЗИНДАГИАТРО БА УМЕДИ СУХАНОНИ ИН НИМЧАМУЛЛОХО ВАЙРОН НАКУН!!! ШАВХАРУ ФАРЗАНДОНАТРО ДУСТ БИДОР, ИНШОАЛЛОХ ХУДО ШУМО ВА ШАВХАРУ ФАРЗАНДОНАТОНРО БА РОХИ РОСТ ХИДОЯТ МЕКУНАД!!!

ОЗОДАГОН ДАРРАВ ЧОП КУН, КАЙЧИ НОКАРДА!!!

Фируз
Мухтарам кормандони шурои уламо каме шарм доредеееееееее дигар аз минбархои масчит ахбори чамбастии тв-хои Точикистона копия карда ба муфтихо равон мекунед, ки хонанд. Айб аст Баъзе муфтихои бечора ба крили одат кардаги нестанд хатто хонда наметавонанд ахбори шуморо. Дируз хангоми намози чумъа дар Шохмансур тантахои наврузи буд магар тантанхои наврузи амри маъруф аст, ки аз минбари масчит садо дихад?. Ба зами ин ду хафта шид худамон хамаашро дар твхо дидестем.

Аз Афшана
Ба Сомонии бесомони асри 21
Маънои ин байтро нафахмидаи маълум мешавад. ин рубои агарчи аз Сино аст аммо маънои он надорад ки Сино тамоми оятхои Куръонро кабул дошта бошад. Дониста бош, Газзоли (хатман номашро фахмидаи) Сино ва Форобиро дар 20 чихат рад ва аз он дар се чихат такфир ( кофир мегуяд)мекунад ва дар 17 чихати дигар ба бадарга хукм мефармояд ту бо ай кичо пайдо шуди ки насихат мекуни вокеияти таърихия андова кардани мешави дар сурате ки дар чандин чои Куръон хаст ки агар як ояти он рад шавад он шахс кофари мутлак аст хол он ки Сино ва Фороби 3 сутуни бинои ислом ва Куръонро ё дигартар гуем асли максадхои дини исломро рад кардаанд
Онхо гуфтаанд ба ин мазмун:
1 Худованд дар масъалаи кулли дахолат дорад дар масъалахои чузъи дахолат надорад.
Дунё кадим аст яъне офарида нашудааст
3. Одам пас аз марг зинда намешавад киёмат хам рухонист на чисмони
Сино дар асархои худ Меърочи чисмонии пайгамбарро тамоман рад мекунад ва агар бошад хам шояд рухонист мегуяд
азоби кабрро хам рад мекунад чунки умраш ба кофтани кабрхои нав мурдахо ва аник кардани беморихо сипари шуда
ва гайруху мембри китобхои Синоя акаллан хамин Диноршоев соли 1980 омода кардагихора бихони.

рустам Душанбе
Ба шумо бибихалифаи фарсаххо дур аз фалсафа мерасонам .Ое шахсе ки асардузд хаст хаке дорад шахси дигарро муттахам кунад ?ое шахсе ки машхури чахон хаст бо илмаш метавонад уро як шахси гайбатгари дарбори.ки дар хаеташ ба хар мазхаб дохил мешуд дар назар дорам Газзолиро. Газоли ки хизматгори дарбори буд ва хукуки фатворо дошт бо косалесиашон худро ширин мекард дар назди шохон Дар масьалаи кабрикании ин як тухматест аз тарафи шахсони мисли Газоли ки побанди дунье буданду косалеси дарбор.Агар ин бесаводон намешуданд мумкин Синои бузург илми тибро дар чахон боз хам баландтар мебардошту бо номи у мо точикон фахр мекардем.Чун Газоли дар илм аз Сино фарсаххо акиб буд бо ин рох худро нишон додани шуд.Асари газоли илми нест танхо гайбати мазхабхо ва тухми кинаву адоват мекошт.Аммо Синои бузург дар акидаи инсони буд на мисли Газоли дар гайбат. ОЗОДАГОН ОЗОД БОШЕД НАШР НАМОЕД ИН МАРДИ БУЗУРГРО БАьд МАРГАШ ХАМ ДУШМАНОНАШ МАВЧУДАН

Али
аз хотират набарор ки пайомбар (сас) туро хам аз хавзи Кавсар меронанд барои ин "хидматхоят" .

сино
Аз Афшана,

ту аслан як варақеро аз китобҳои Сино нахондаи ва аз илми фалсафа 100000 км дури рав кунҷората хурда нишхор карда шин БЕФАРОСАТ. Ғазоли фарқ намекард. Як нимча муллои калаванда буд ранги ин муфти. Мазҳабе ки такя бар раъю қиёс аст онҷо оқил нест.

Ҳофиз ту маяндеш зи гуфтори рақибон,
Ғавғои сагон кам накунад ризқи гадоро.

Ба Сино
Тура- сино хатман бояд назди табиб бурд баъд пеши ягон мулло бо ин байте ки овардаи ки буданат маълумай ва чи кадар савод доштанат

Аз Афшана,

ТУ АВВАЛ ОДОБИ БАХСРО РИОЯ КУН!!!
АКЛИ БАХСРО НАДОРИ БАХС НАКУН, БА МОНАНДИ КАЛИМАИ ИСТИФОДА БУРДАГИАТ "МЕМБРИ".
БА МОНАНДИ А. СИНО ВА У. ХАЙЕМ, ДИГАР ЭНЦИКЛИОПЕДИСТ ДАР БАЙНИ ХАЛКИ ТОЧИК ДАР ОЯНДАИ НАЗДИКУ ДУР ПАЙДО НАМЕШАВАД!!!
БАРОИ ОН КИ ИСЛОМ ВА КИТОБИ МУКАДДАСИ КУРЪОНРО МАЪНОИ АСЛИЯШРО ФАХМИ БОЯД КИ БА МОНАНДИ СИНО ОЛИМ БОШИ ВА ИЛМИ ДУНЯВИРО БОЯД БИДОНИ, НА ИН КИ КОРИИ КУРЪОН!!!

АГАР СИНО КОФИР ХАМ БОШАД МАН УРО АЗ САД МУФТИВУ АЗ САД НИМЧАМУЛЛОХОИ ТУ БАРИНХО БОЛО МЕДОНАМ!!!

ОЗОДАГОН ОЗОД БОШ!!!

Аз Афшана
Ба Рустам, Сино ва дигар нафароне ки фикри худро баён кардаанд. Ташаккур барои фикратон аммо ба фикрам ман дар боло Синоро на кофир гуфтаам на танкид кардаам факат дидгохи худди Сино ва Фороби хамчунин назар ва накди Газзолиро овардам гараз аз овардани ин фактхо он буд ки мо мардуми точик хатто мисли Синоро хам бе хеч дудилаги кофар хондан мегирем ва имруз хам хамин хаст ва асли масъала дар кучост?! Чаро ин мусулмонон хамин ки як нафар аз худаш бехтар ва донотар аст бахоначуи мекунанд хатто то мрази такфиру мулхидхони пеш мераванд? Имруз мо мардуми точик на ба Газзоливу Мотурудихо ва суфиёну дарвешону орифон балки бештар ба Синову Форобиву Фирдасиву Хайёмо ниёз дорем ва дунё ошкор кард ки хадафи Розиву Сино ва Фирдавсиву Хайём хеле дурусттар аз хадафхои он шахсони болои будааст!!!

murod
Мебахшед,

Bisyor joi taassuf ast ki dalelro nafahmidai chun mefahmidi namegufti onchi gufti
o hamun Sinoyu Rumi Khorazmiyu Forobi va digarho dalelro az Kuron girifta in kashfiyothoro kardand ammo avrupoiho shogirdoni eshon hastand
DONA ON SAHRO NİSHİNON KOSHTAND
HOSİLASH AFRANGİYON BARDOSHTAND

HAYFİ ON UMR Kİ DAR GHAFLATU İSYON GUZARAD

Ба Мурод
бечора муроди номурод шоирора ки намедонам аммо агар ин гапта ба ягон донишманди хоричи бигуи обруи на танхо худат балки кулли милати точикро хохи бурд. О Синову Форобиву Хоразми хамма аз дасти хамин дину диндор худашонро ба фарханги пеш аз ислом хусусан фарханги Хинду Чину Юнону Рум заданд ва хар чизе ки доштанд на аз Куръон балки аз Арастуву мактаби Юнону Хинд ва Эрони кадиму Чин доштанд ин масъала 1000 дарсад исбот шудаги бо чи мегуи охи!!! факат шоирон ва як гуруҳ факеху муфассиру мухаддисон шояд бисёр чизе ки гирифтанд аз Куръон гирифтанд

Ман инсоне хастам, ки тарафдори пешравиву тараккиёт хастам.
Хар як шахс дар калби худ Худоро бишносад! Роххо ба суи Худованд бешуморанд ва ки ббо кадом рох худоро мешиносад, ин кори шахсии хар фарди комилакл аст. Вале тахкири якдигар, яъне мазхабхо-ин кори хуб нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)