Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, суҳбати мусофирон дар як мошини мусофирбари Душанберо нашр кардааст, ки субҳи имрӯз, 15 март дар роҳбандӣ дармондаанд.
Дар пасманзари роҳбандиҳо барои таъмини ҳаракати бемонеаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Рӯдакӣ, Раҷаби Мирзо дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст, ки аз назди бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе то бинои телевизиони “Сафина” тайи 1 соату 24 дақиқа расидааст. Рӯзноманигор тайи ин муддат суҳбати ҳамсафаронашро гӯш карда, дар шакли гузориши кӯтоҳ дар сафҳаи фейсбукияш нашр намудааст ва “Озодагон” низ бе тағйири шеваи суҳбат ин “гузориши кӯтоҳтарин (дарозтарин)-и асри 21”-ро пешкаши хонандаҳо мекунад:
15 -уми марти соли 2016.Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе. Маршрути мусофиркаш. Бозори "Султони Кабир". Мошин якбора меистад. Соат 7.40 дақ. Садо аз дохили мошин: "Безор шудем аз ҳамин "пробка"". "Э не пробка нест, бин, ун тарафи раҳда ягон мошин наомадестай". "Значит ҷаноб куҷое мерава". "Ҳо саҳар радио мегуфт, ки ноҳияи Рӯдакӣ мерава". "О Рӯдакӣ мерава, чиба Душанбера маҳкам мекунан?" "Ҳама дасти хдшондаай, куҷоера бхоҳан маҳкам мекунан". "Ҳамаш айби қайчифурушо)))". "Мегум фикр мекунан хдшон тоқа кор мекунан, о мо ҳам зану кудак дорем, ай як нола нонмон мемонем, охи". "Ношугрӣ накунен, ҳамувоам барои мо кардестан" "Мо коршон надорем, чкоре хостестан кардестан, ақаллан мода кор нагиран"....
Соат 8.20. Гардиши Сирк. Мошин базӯр мегузараду меистад. Садо аз салони маршрут: "А бача, и пробка бас набуд, ки бо ту мошинта манъ кардӣ?". Ронанда: Ака, айби маай баъд? Бин ними одамом фаромадан. Чӣ ма холӣ брам? Дар и пробка ҳамаи соляркам тамом шуд!". "Ҳов дар и Тоҷикистон ҳич кас гуноҳ надора, моем гунаҳкор ки инҷа зиндагӣ мекунем". "Э ака, рафтанмонам беҳудаай, всеравно то текстила пробкаай олӣ"....
ТВ "Сафина". Соат 9.04 дақ. Дер шуд ё айб? Дар ҳоле, ки шикоятҳо аз роҳбандиҳо дар Тоҷикистон ҳангоми сафари раҳбари давлат ва меҳмонони воломақоми хориҷӣ дар ҳоли афзоишанд, “Озодагон” фикри корбаронашро мепурсад, ки чӣ бояд кард, то мардум ва Президент зимни сафарҳояшон ба ҳамдигар халал нарасонанд?
Мӯҳр