Бахшҳо
02 мар 2016 08:09Тоҷикистон / Тема дня

Президенти "Ватандош": Парастори қотил тоҷик ё эронитабор аст

Усмон Баротов, президенти ҷамъияти минтақавии узбакони Русия -- "Ватандош" гуфтааст, шубҳа дорад парасторе, ки тифли чорсолаи русро бераҳмона ба қатл расонд, узбак бошад. Ба иддаои ӯ, он зан тоҷик ё эронитабор аст.

Баротов дар суҳбат ба Хадамоти миллии хабарӣ (НСН) гуфтааст, шаҳрванди Узбакистон будан, ба ин маънӣ нест, ки вай узбак бошад: “Дар Узбакистон намояндаҳои беш аз 100 миллат зиндагӣ мекунанд. Тавре ман медонам, он зан аз Самарқанд аст. Онҷо аз узбакҳо дида, тоҷикҳо зиёдтаранд. Ҳамчунин эронитаборон низ ҳастанд. Ҳатто худи тоҷикон бисёр вақт мегӯянд, ки Бухорову Самарқанд шаҳрҳои тоҷикон аст”.

Ӯ гуфта, узбакҳо бо оромтабиатии худ ҳамеша фарқ мекунанд ва ба чунин куштори ваҳшиёна қодир нестанд: “Узбакҳо аз тоҷикон бо ин фарқ мекунанд, нисбатан ороманд. Мардуми хашмгин нестанд, ороманд. Тоҷикон бошанд, бештар ба қафқозиҳо шабеҳанд”.

29 феврал дар метрои “Октябрское Поле” Гулчеҳра Бобоқулова, шаҳрванди 38-солаи Узбакистон боздошт шуд, ки дар даст сари буридаи тифлеро дошт. Расонаҳо баъдан навиштанд, ки ин зан дар хиёбони “Народний Ополчения” -и Маскав ба ҳайси як парастор фаъолият мекардааст ва сари тарбиятгирандааш - Настяи 4-соларо ба таври ваҳшиёна бурида, манзилро оташ задааст.
Мӯҳр
Саид
Усмон Баротов ба фикрм аи таърих буи намебари одамкуш миллат надора амир Темур ки бо у узбеко фахр мекунанд медони чи кадар одам кушта аст е китобхои таърих бо забони узбеки нест.

Дар Самарканду Бухоро точикон аз узбакхо зиедтаранд, вале дар шиносномахояшон узбак навишта шудаанд. Шумо ба Ислом Каримов фахмонед, ки дар хакикат Самакданду Бухоро хоки точикон аст.

Саид,
Хакикати таърихиро гуфт,ки ддар Самарканду Бухоро точикон аз узбакхо бисёранд.Агар хамин зан точик мебуд ва кахрамоние мекард,уро бо оби тилло узбак менавиштанд.
Бале Самарканду Бухоро бо тамоми хастияш аз точикон аст!

Самарканду Бухороро кай мегирем?

МУХОЧИРТОЧИК
ЕОД ДОРАМ ДАР ШАХРИ БРЯНСК УЗБАКХО ТАЛАБАНДАГИ МЕКАРД ВАКТЕ ПУРСИДАМКИ АЗ КАДОММИЛЛАТ ГУФТ ТОЧИК ВАКТЕ БО ТОЧИКИ СУХБАТ КАРДАМ БО УЗБАКИ ЧАВОБДОД УЗБАКАМ.....

Фируз
Модоме, ки Самарканду Бухоро моли мост равену пеши Ислом Каримов арз кунен ки ин моли моро баргардонад.

Dev
Shal ham zadu kur ham zad,
Pasmonda kuluh ham zad.
Ba in "mardakihub" bechunucharo javob boyad dod, vagarna mo millat nestem,hun nadorem, gurur nadorem.

Иван Тоҷик
Сад ҳазор афсус аз он ки чунин воқеаи мудҳиш рӯй додааст. Аз Худованд сидқан меепурсам, ки ба модару падару наздикони кӯдаки бегуноҳ сабр ато намояду ба ҷои вай як фариштаяки дигарро барояшон арзонӣ дорад. Нисбати ташреҳи раиси ҷамъияти узбакони муқими Русия гуфтани ҳастам, ки дар сартосари ҷаҳон тақрибан 7000 000 кас гирифтори бемории руҳии шизофрения мебошанд ва гирифторшавӣ ба он аз мансубияти милливу нажодӣ новобаста мебошад. Бояд қайд кард, ки дар мамлакатҳои қашшоқ миқдори беморон нисбати мамлакатҳое, ки сиёсати иҷтимоӣ ва сатҳи таъминоти иҷтимоӣ дар онҳо хуб аст, бештар дида мешавад.Нисбати хислати миллии тоҷикон ё эронитаборон будани бераҳмӣ ва бештар ба қафқозиҳо монанд будани онҳо, ки раиси анҷумани узбекон қайд кардааст, метавон гуфт, ки агар тоҷикон як халқи размандаву ҷаррор мебуданд, ҷумҳурии Узбакистон дар ҳудудҳои имрузааш мавҷуд буда наметавонист. Мушаххасан, аз худ бехабариву сустиву номуташаккиливу ноҷасурӣ ва раҳмдиливу, шояд, тарсугии тоҷикон сабаб шуда, ки ҳудуҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна ба қаламрави Узбекистон шомил карда шудаанд.

Барот
аввал хамдардии худам ба волидайни Настя баён мекунам. хамзамон илова карданиям, ки рахмати калон ва сипоси хамма точикон ба Цсмончон Баротов Шумо дар хакикат одами сиесатмадор хастедва хакиката нагз мебинед, офарин Усмон ака Самарканд ва Бухоро ба ватани азизачонам баргардонед чи даркор ин заминхои шариф ба узбак Самарканд Самарканд, Бухоро Бухоро вилояти нави Точикистон регион 09.

Мардуми Самарканду Бухоро мо бо шумо. Аз ëдтон наброрен, ки Точ,икем мо!

Wikipedia: Дар Самарқанд 70% тоҷику 10% узбак буданд (ВИДЕО)
13 ноябр 2014, 11:27
Донишномаи бузурги интернетии ҷаҳон, Wikipedia рӯйхати аҳолии шаҳри Самарқанд дар соли 1897-ро нашр намудааст, ки узбакҳо дар он камтар аз 10 фоизро ташкил додаанд. Сомонаи донишнома, ки дар қатори 5 сомонаи сербинандатарини ҷаҳон аст, иттилоъ медиҳад, ки аҳолии Самарқандро тибқи ҳисоби 1897 ҳудуди 70 фоиз тоҷикон ташкил медоданд:
“Соли 1897 дар шаҳри Самарқанд, ки ҳамсоли Рим аст, 55 ҳазору 128 нафар зиндагӣ мекарданд, ки аз рӯи забони модарӣ теъдодашон чунин тақсимбандӣ гардидааст. 36 ҳазору 845 нафар тоҷикҳо, русу белорусу украинҳо-8 393 нафар, узбакҳо 5 506 нафар, яҳудҳо-1169 нафар, полякҳо-1072 нафар, форсҳо-866 нафар, олмониҳо-330 нафар ва сортҳо-287 нафарро ташкил медоданд.”
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ ба ҳисоби аввали соли 2014 дар ин шаҳр 509 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки аксарашон чун узбак сабт шудаанд.
Кумитаи омори Узбакистон мегӯяд, теъдоди умумии сокинони ин кишвар аввали соли 2013 аз ҳадди 30 миллион нафар гуфташтааст, ки аз ин ҳисоб ҳамагӣ 1 миллиону 350 ҳазор нафарашонро тоҷикон ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол гарчанде бисёре аз тоҷикон дар Узбакистон расман ҳамчун узбак сабт шудаанд, бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва эҷод мекунанд. Шаҳрҳои қадимии тоҷикон-Самарқанду Бухоро бо вуҷуди он, ки беш аз як қарн аз марзи маъмурии Тоҷикистон берунанд, мардуми кишвар ҳанӯз ҳам ҳаваси бозпас гардондани ин шаҳрҳоро ба тоҷикон доранд.

https://www.ozodagon.com/18796-wikipedia-dar-samarand-70-toiku-10-uzbak-budand-vi

deo.html

Аммо ин зани котил симои узбаки дорад

ҳайфи ҳамон галстукат. наход дар ҳаминҷо ҳамин гапҳоро зани ..?милат параст шумо

Лекин баччакои Самарканду Бухорохох шумо ягон алока ба точикони уча надорен. Ухо худашон тамоман дигар одам хисоб мекунан. ай хами будагшам намонен, бо нафурушан ба хитоя

Uzbek az Tojikiston
Garchande ehtimoli ziyod dorad , ki Janobi Baratov ba marizii " shezofrineya"
duchor shudaast, lekin dar borai Samarqandu Buxoro mintakai Tojikiston budanashro durust kayd kardaast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)