Ҳушдори Э.Раҳмон аз хушксолию камҳосилӣ: Ғизо захира кунед...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми феврал дар ҷаласаи ҳукумат аз хушксолӣ ва камҳосилӣ дар кишвар ҳушдор дод.
Тибқи иттилоияи расмӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки “камборишии зимистону аввали баҳори имсола ва ҳамчунин фарорасии барвақти ҳавои баҳорӣ аз эҳтимолияти хушксолию камобии дарёҳо ва ҳамчунин аз хатари камҳосилӣ дарак медиҳад”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин робита маслиҳат додааст, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо аз ҳозир фаровон об дода шавад ва дар ҳар куҷое имкон ҳаст об захира карда шавад: “Киштукори баҳорӣ ва ҳамаи корҳои кишоварзӣ вобаста ба барвақт омадани гармӣ ба роҳ монда шавад ва маблағҳои мавҷуда ва тамоми воситаҳои моддию техникиро сарфаю сариштакорона истифода баранд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки чорабиниҳои давлатӣ ва анъанаю маросими серхароҷоти мардумӣ ҳам бояд бо хароҷоти камтарин ба роҳ монда шаванд ва мардум барои худ маводи ғизоӣ захира намоянд.
Қаблан Маҳмадтоир Зокирзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон низ дар посух ба суоли “Озодагон” аз гармии зимистони имсола изҳори нигаронӣ кард.
Зокирзода гармои зимистонро мояи нигаронии на танҳо кормандони Вазорат, балки тамоми деҳқонони кишвар хонд: “Ин ки зимистон гарм омадааст хуб нест, зеро он намие, ки тирамоҳ буд ва он намнокие, ки дар заминҳои лалмӣ аст, хеле кам мебошад. Мо ғалладонагиҳои зиёд коштем. Бо чунин намӣ мо наметавонем, ҳосили банақшагирифтаамонро гирем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |