Бахшҳо

Интиқоди ноиби раиси Бонки миллӣ аз тақлид ба либоси бегона

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз баргузории силсила мулоқотҳо бо кормандони ин ниҳод бо ҳадафи тарғиби сиёсати ҳукумат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми анъанаҳои миллӣ хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Икромов, муовини раиси Бонки миллӣ давоми моҳи феврал бо кормандони зинаҳои гуногуни бонк мулоқот намуда, аз вазъи сиёсии ҷаҳон, вусъати низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ, авҷи ҷиноятҳои муташакили фаромарзӣ суҳбат намуда, аз ҳозирин даъват намудааст, "дар ҳифзи сулҳу суббот ва амнияти давлату миллат доимо масъулият эҳсос кунанд".

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд, Сироҷиддин Икромов дар мулоқотҳо аз ҷумла таъкид кардааст: “Оромиву осудагии ҳар кадоми мо аз оромиву ободии кишварамон вобастагӣ дорад. Баҳри расидан ба ин мақсад, ҳар як шаҳрванди кишварамонро зарур аст, ки дар масъалаҳои амнияти давлатӣ зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд. Дар робита ба ҳамин масъала, бояд кору пайкор ва масъулияти баланди худро ба тарбияи насли наврас, ҷомеа ва хусусан фарзандони худ равона созем. Имрӯзҳо ҳолатҳоеро дучор мешавем, ки насли наврас аз нодонӣ ба урфу одат ва либоспӯшиҳои мардуми бегона тақлиди кӯр-кӯрона мекунанд, ки ин амалҳо боиси норозигӣ дар ҷомеаи суннатӣ гаштааст. Тақлид ба анъанаҳои бегона, дурӣ ҷӯстан аз урфу одатҳои анъанавӣ барои давлату миллат пайомади нек нахоҳад дошт. Бинобар ин, ҳар кадоми моро зарур аст, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандориву ватанхоҳӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба расму ойини миллии худ тарбия намоем”.

Ба иттилои манбаъ, оқои Икромов дар идома аз кормандони бонк даъват намуда, ки дар мавриди эҳтиром ва арҷ гузоштан ба пули миллӣ – сомонӣ дар миёни оммаи васеи мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд: “Пули миллӣ на танҳо воситаи муомилот, балки яке аз рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Эҳтиром ба пули миллӣ – эҳтиром гузоштан ба давлату миллат аст”.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, барои гузарондани чунин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни кормандон ба дигар бонкҳои тиҷоратӣ низ тавсия дода шудааст.


Дар акс: Сироҷиддин Икромов
Мӯҳр
Абдуллоҳ
Ҷаноби Раис чаро худатон либоси милли намепушед? аваал худатонро ислоҳ кунед баъд дигаронро таблиғ ба пушидани либоси милли кунед)

Раис бобо либоси худатон либоси милли нест ку? шарм намекунед вакте дар бораи либоси милли гап мезанеж аммо худатон либоси милли намепушед?

Мухтарам Икромов ба фикрам шумо моделист нестен шумо эканомистен ё шумо моделист хондаги ба шумо вазифаи экономисти додаги? Саид,

Саламшох
Бовар кунен хама насият кун шидай,охи вазифаи Бонки милли аз бурхон баровардан аст на ин ки фарханг.

Чаноби Икромов аз 1-уми март сар карда худашон бо челаку кафш ба кор меоянд ва ба зертобеёнашон ибрат нишон медиханд. Дигар гап надоранд ин мансабдорони точик, ки ба эзору куртаи занхо кор мениранд. Оиди роххои баланд бардоштани курби пули милли ягон пешниход нест, сатхи зиндагонии мардумро бо кадом роху восита баланд бардоштан даркор, ана самтхои фаъолияти кории бонки миллию мансабдоронаш.

Алӣ
Хонандаи азиз, инҷо як чизро бояд дарк намоем, вақте ки шахс мехоҳад ва шавқу рағбат ба табиб шудан дорад ва ҷомеа, зиндагӣ ё худ шахсони алоҳида ӯро ба дигар самт ҷалб менамоянд, кор начандон хуб ба анҷом мерасад. Хубтар мебуд ин кас бояд рӯзноманигор, ҷомеашинос, омӯзгор ё ягон самти дигарро интихоб мекард. Шояд шахсони фаъоле бошад, ки соҳаи бонкдориро хуб медонанд ҳамчун ронанда шуда дар кӯчаҳо мегарданд. Агар ҳар шахс мутахасиси соҳаи худаш бошад ва дар соҳаи худаш кор мекард, имрӯза мушкилотҳои ҷомеа ба зудди ва ба осони ҳали худро пайда мекарданд.

ман
ин муовини раси агар коментҳоро хонад бо ин шармандагӣ дигар то ахири умраш гап намезана ё истеъфо медиҳад
аммо дар фарҳанги чиновнико истеъфо маъно надора

нурик
фанатикхо дарав риштаи сухана мегиранд

Бародаро холиям хомед да. О ин гапхо як отвлекающий маневр мебошаду халос. Бо ин васила нигоху дикати мардума тарафи дигар мебаранд. Агар боз вазъият бад шудан гирад, боз як шуриши дигара сохта мерорану бо маневр мекунанд. Дикат накунен ба ин спектаклхо.

Али
Намунахое аз либоси милли дар пули милли -сомони осада,о раис як Назар мекардед

Сайҷаъфар
С. Икромов ба фикрам ихтисоси дизайнерӣ дошта, дар натиҷаи ҷойивазкунии курсиҳо,,саҳван ба ниҳоди бонкдорӣ афтидааст. Ягон рӯзноманигорони боҷуръат ёфт нашуд, ки аз ин мардак пурсад: ака, шумо муовини вазири фарҳангед ё аз раиси бонк!? Рӯз то рӯз юбкаҳои духтарҳои тоҷик мисли қурби доллар боло рафта истодааст. На аз уҳдаи пешгирӣ намудани инаш мебароеду на аз онаш!

домулло
Бисер иктисоддони хуб будаст мансабаша бардоред вазираш монед о ингуна кадрхои ноеб дар чумхури будасту мо ..... якта чоп кунед чи

Астагфуриллох! Бонки милли ба вазорати сиесат ва маданият табдил гаштааст!!

Dev
Sirojiddin Ikromov ,hudash medonista boshad,ki chi vazifa dorad? Zanakhoi labi ob barin ba dahon chi oyad posh dodan lozim nest , shumo muovini banki millii yak davlat. Man ham tarafdori hijobu rishu fash nestam , vale in umuman ba kori shumo daholat nadorad.

Саид
Як гунахгори асоси чавоно риш мемонанд хамин бонки милли мебошад дар пули милли сомони сурати одамои ришдораи .

Як гунахгори асоси чавоно риш мемонанд хамин бонки милли мебошад дар пули милли сомони сурати одамои ришдораи .

Бовар кунед бисëр хандаовар . Наход коркуни бонк дар бораи либоси мардум гап занад. Ааа фахмидам бонкат ки бонкурот шуд мехохи мардум мини юпкаву барахна гардад пулх,ояшон галтад ту чини ха тага.
Кризис да таво таъсир кардагихайт тага ки сева ай анор фарк намекуни.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)