Бахшҳо

3331722 боздиди ВИДЕОИ имтиҳони қории навраси тоҷик дар Фейсбук

Навори имтиҳон ва санҷиши қории навраси тоҷик дар як шабакаи телевизионии арабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рекорд мегузорад.

Ин видео аз замони нашраш дар Фейсбук -- 22 августи соли 2015 то замони нашри ин хабар 3 331 722 маротиба дида шуда, 66 120 нафар онро писандидаанд. Теъдоди шарҳҳои он ба 840 мерасад.

Ин навори видеоӣ ба яке аз шабакаҳои телевизионии арабӣ тааллуқ дошта, дар интернет бо номи “Ин тифл, бидуни баҳс муъҷизаи асри мост” (бо забони арабӣ) аз сӯи Муҳаммад абу Халифа, як корбар аз Урдун гузошта шудааст. Дар ин навор Аёмиддини Фахриддин, як навраси тоҷик, ки кулли Қуръонро ҳифз кардааст, мавриди имтиҳони панҷ донишманди араб қарор гирифта, ба тамоми суолҳо посухи дурусту мантиқӣ пешниҳод мекунад.

Видео дар Ютуб



Аёмиддини Фахриддин бо ин ки қории мураттаби Қуръон аст, вижагиҳои дигаре низ дорад. Ӯ тамоми саҳафоти Қуръонро бо матнҳояшон ҳифз кардааст ва ҳангоме аз вай пурсида шавад, ки дар фалон саҳифаи ин китоби муқаддас кадом оя ва кадом сура аст, бидуни мушкил ҷавоб медиҳад. Ва ё агар ояе гуфта шавад, бидуни ин ки ба кадом китобе назар андозад, рақами оя ва рақами саҳфаи Қуръонро номбар мекунад.

Аёмиддин соли 2014 дар бахши ҳифзи кулли Қуръони Карим бо риояи таҷвид ва ҳифзи матни муқаддимаи ҷазария дар озмуни ҷумҳурявии “Ҳифз ва қироати Қуръони Карим - 2014” дар Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҳоло ин қории наврас ҳамроҳи падару модараш дар Русия зиндагӣ мекунад.

Ин тифли тоҷик ба чаҳор забон: тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ ва арабӣ тасаллути комил дошта, бештар аз 40 ҳадиси набавиро бо ин забонҳо азёд медонистааст.

Дар як навори видеоие, ки дар шабакаи Ютуб гузошта шудааст, яке аз муаллимони русаш мегӯяд, Аёмиддин дар мактаб ҳам бисёр хубу аъло мехонад ва ба варзиш ҳам шавқ дошта, бозигари хуби футбол ҳам ҳаст.
Мӯҳр
модар аз Точикистон
Садхазорбор садкаи захдони хамон модаре,ки чунин тифлро ба дунё овардааст!!!!!!!!!Худо нигахбону мададгоратон бошад!

точикзода
Имруз миллати мо ба чунин фарзандон эхтиёчи зиёд дорад

Саид
Салом ланганбардор

Ин бечора аз ватан бе ватан шидагия дар расия зиндаги мекуна ва ин суханони ту хич иртибот ба ин кори бача надора
Худованд, дар рохи худ хидоятуш кардаю имонуш додай,

самар,

nabi farhor
Офарин писарча. Худованд ин хел корибачаххои точикро зиёд гардонад.

Али
Дар Точикистон мебуд волидонашро чарима мекарданд хайрият ки дар тч наистод

банда
мардуми точик аз Кадим донишмад буданд надар ватани худ.Худованд умрашро дароз гардонад.омин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)