Бахшҳо

Қонуншиканию фарҳангшиканӣ дар номгузориҳо: Суҳбати ихтисосӣ бо Умед Ҷайҳонӣ

Баҳси ному номгузорӣ дар Тоҷикистон баъд аз тасаллути русҳо дар ин қаламрав хеле доғ мебошад ва донишмандону пажуҳишгарон ҳамеша ба номгузориҳо, хусусан ҷойномҳо эътироз кардаанд. Дар ин авохир, ки шуморе аз шаҳру навоҳии кишвар номгардон шуданд ва баҳсу баррасиҳоеро ҳам ба дунбол дошт, Иршод Сулаймонӣ бо Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси ҷавону варзида ва муаллифи чандин ҷустору пажуҳишҳо дар заминаи номгузориву ҷойномҳо, суҳбати ихтисосие анҷом дод.


Озодагон: Номгузории миллӣ (манзур ҷойномҳо ва номи муассисаву коргоҳҳо ва дигар идороти маъмурӣ) барои ҳувиятсозӣ хеле муҳим аст, вале ин ки дар Тоҷикистон номҳоро аз русӣ ба тоҷикӣ гардабардорӣ мекунанд, оё метавонад, ки ҳамин шева ҳувиятсоз бошад?

Умед Ҷайҳонӣ: Торих ва ҷуғрофиё замону макони ҳар миллатеро месозанд. Ҷойномҳо ё номҳои ҷуғрофиёӣ бахше аз дороии маънавӣ ва мероси торихиву фарҳангии тоҷикон ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон боз мондаанд. Ин ҷойномҳо дар худ ёду нишонаҳое аз он рӯзгоронро нуҳуфтаанд, ки барои роҳёбӣ ба он гузаштаҳо роҳнамоёне арзишманд ҳастанд. Аз ин рӯ ҷойномҳои бостониву торихиро бояд пос дошт ва зинда кард. Хушбахтона дар 25 соли гузашта номҳои бостонии Хуҷанд, Дарвоз, Муъминобод, Хатлон, Суғд, Рашт, Устарӯшан ва Хистеварз дубора зинда гаштанд. Вале бадбахтона дар ҳамин замон номҳои зебову бостоние чун Кофурниҳон, Дарбанд, Баррӯшон, Шидз ва чанде дигар аз нақшаи кишвар зудуда шуда ва ҷои онҳоро номҳое гирифтаанд ки хилофи қоидаҳои номсозии торихӣ, балки суннати номгузории тоҷикӣ низ ҳастанд. Масалан, Кофурниҳонро Ваҳдат ва Дарбандро Нуробод ва Колхозободро “Ҷалолиддин Румӣ” номидаанд.

Дар ин миён “Ваҳдат”-ро бар чанде дигар аз шаҳраку рустоҳо низ ниҳоданд, ки ин номро ки бемаъниву бемисдоқ буд, бемаънитару беҳудатар кард. Ҷойном набояд такрор шавад, вагарна хешкории аслияшро ки ному нишонӣ будан аст, аз даст медиҳад.

Бадтар аз ин номгунаҳое чун “шаҳри Турсунзода”, “ноҳияи Рӯдакӣ”, “ноҳияи Ҷаббор Расулов”, “ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ”, “ноҳияи ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ» ҳастанд, ки комилан аз номгузории русӣ-шуравӣ гардабардорӣ шудаанд. Шодравон устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ин бора бар ин назар буданд, ки дар забони форсии тоҷикӣ “исмҳои хосе чун Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин шакле ки доранд, наметавонанд ҷойноме бошанд. Бояд инҳоро ба шакли Айниобод, Ғафуровобод, Ҷомиобод даровард то номи ҷуғрофиёӣ шаванд”. Устод ба вижа таъкид карданд, ки “мафҳумҳои муҷарраде чун дӯстӣ, бародарӣ, иттифоқ, истиқлол, ваҳдат ва ғайр наметавонанд номи ҷое бошанд”. Бояд бар онҳо пасвандҳои ҷойномсозро афзуд то ҷойноме чун Дӯстиобод ё Дӯстиён, Ваҳдатобод (чун Заҳматобод – номи Фалғар дар даҳаи 30 садаи ХХ) шаванд.

Озодагон: Бибинед, Кумитаи забон дар ростои миллӣ кардани номгзуорӣ ва ҳамин тур дар ҳалли мушкили масоили забон, аслан нуфузу таъсире надорад. Шумо фикр мекунед, ки зарфиятҳои донишии ин Кумита нокофиянд ва ё салоҳияту маъмурияташ?

Умед Ҷайҳонӣ: Кумитаи забону истилоҳот чунон ки аз Низомномааш бар меояд, салоҳияту масъулияти кофӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳои забону истилоҳот дорад. Вале аз амалкардаш дар ин замина метавон гумон бурд, ки ё дасташ намерасад ё ин ки бо донишгоҳҳои кишварамон камтар ҳамкориву ҳамоҳангӣ дорад. Вагарна ҷойномҳои суғдӣ, балхӣ, сакоӣ ва тоҷикиро чандин пажӯҳишгар дар бархе аз донишгоҳҳои ҷаҳону Тоҷикистон пажӯҳиш кардаанд ва дар ин замина коршинос ҳастанд. Аз он ҷумла метавон устодон Владимир Лившитс, Алберт Хромов, Павел Лурие, Николас Симс-Вилямс, Назрӣ Офаридаев, Олимҷон Маҳмадҷонов ва Садбарг Шералиеваро ном бурд, ки дар бораи ҷойномҳои сарзаминҳои бостонии Паҳлав, Балх, Суғд, Бадахшон, Ҳисор ва Хатлон пажӯҳишнома навиштаву поённомаҳо дифоъ кардаанд. Намедонам чиро Кумита аз ин пажӯҳишномаву поённомаҳо баҳра намегирад.

Озодагон: Дар маҷмуъ чӣ мушкилоте дар заминаи номгузорӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Умед Ҷайҳонӣ: Усулан дар шароите ки кишвар гирифтори буҳрон аст, масъулин набояд даст ба номгузориву номгардонӣ бизананд. Номгардонии вилоёту навоҳиву шаҳру рустоҳо тағйири нишонии маҳалли иқомати шаҳрвандонро низ дар пай дорад, ки маҷбуранд санадҳои шиносоии расмии худро иваз кунанд. Вале чунон ки ман аз амалкарди масъулин дар заминаи номгузориву номгардонӣ мебинам, инҳо худ мушкилро падид меоваранд. Яке аз мушкилоташон ин аст, ки барномае дақиқу дуруст ва ҳамоҳангӣ бо донишмандону пажӯҳишгарон надоранд. Дигар ин аст ки қонунгузорон ки ҷойномҳоро тасвиб мекунанд, худ Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ”, Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ”-ро нақз мекунанд. Чунон ки медонем, моддаи 18 банди 4 Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар мекунад ки “ҳангоми номгузорӣ ва тағйир додани номи воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин манфиатҳои умумидавлатӣ ҳамчунин шароитҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, миллӣ, табиӣ ва дигар шароитҳои маҳаллӣ, инчунин афкори мардум ба инобат гирифта мешавад”. Моддаи 19 ҳамин Қонун муқаррар мекунад, ки “ҳангоми номгузорӣ ва тағйири номи вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, шаҳракҳо, деҳот ва деҳаҳо такроран додани номҳое, ки мутаносибан дар ҳудуди вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳои ҷумҳурӣ мавҷуданд, мумкин нест (ҚҶТ аз 5.08.09с, №546)”. Ҳамчунин моддаи 7 Қонуни ҶТ “Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ” муқаррар кардааст ки “номе, ки ба объекти ҷуғрофӣ дода мешавад, бояд аломатҳои хоси объекти ҷуғрофӣ, маҳалли воқеи он, хусусиятҳои этнографию миллӣ ва фаъолияти аҳолии минтақаи дахлдорро инъикос намуда, чун қоида аз се калима зиёд набошад ва ба тарзи муқаррарӣ ба низоми амалкунандаи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ дохил шавад. Додани номи якхела ба ду ва ё зиёда объектҳои ҷуғрофии ба ҳам монанд дар доираи як воҳиди марзиву маъмурӣ манъ аст”. Вале ин авохир Ваҳдату Истиқлолу Дӯстиву Ориёну Сомониёну Бустону Гулистону монандашон чунон бисёр шуда ки шуморашонро касе намедонад.

Куллан ҳарҷу марҷ дар ин кор бисёр аст ва бояд чорае барояш андешид. Камина чанд пешниҳоде доштам ки мехостам инҷо боз такрор кунам:
1. Агар бахшҳо, ободиҳо ва кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯдҳо номи тоҷикии торихӣ доранд, ҳамон ҷойномҳо бояд эҳё шавад;
2. Агар ниёзе барои тоҷикӣ гардондани ҷойномҳои бегона бошад, бояд аз шумори кормандони Кумитаи забону истилоҳот, Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ниҳод ва ё коргурӯҳи вижаи номгузорӣ ва номгардонӣ ташкил ва масъули пажӯҳиши ҷойномҳои кишвар шавад;
3. Дар гузиниши ҷойномҳои нав дар дараҷаи аввал эҳёи номҳои пешина ва бостонии ин ҷойҳо ва ё ҷойҳои наздик ба онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд дар назар гирифта шавад.
4. Дар дараҷаи дувум сохтани ҷойномҳои нави созгор бо шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои ҷуғрофиёӣ дар назар гирифта шавад.
5. Номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунар бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ниҳода шавад, на бар вилоёту навоҳиву шаҳру рустову деҳу кӯҳу камару рӯдҳо.
6. Бархе аз номҳои гузошташуда дар замони шуравӣ аз барои ёдбуди торихи навини кишвар нигаҳ дошта шавад.

Озодагон: Метавонед бигӯед, ки дар номгузорӣ чӣ усули илмие ҳаст, ки бояд риоят шаванд?

Умед Ҷайҳонӣ: Номгузорӣ бояд барномарезишуда бошад. Бояд сохтору рехту коркардҳои ҷойномҳо пажӯҳишу таъриф карда шавад. Масалан, бештари ҷойномҳои эронӣ (порсӣ, паҳлавӣ, хоразмӣ, суғдӣ, балхӣ, сакоӣ) аз як реша ва пешванду миёнванду пасванд сохта шудаанд. Пуркорбурдтарин ва пурбасомадтарин пасванди ҷойномсози эронӣ “-он” (бозмонда аз “-anam” дар эронии бостон) аст ки дар ҷойномҳое чун Эрону Турон то Каталония ва Хутан омадааст. Дар ҷойномҳои суғдӣ пуркорбурдтарин пасвандҳо яке “-kaθ” аст ки дар форсии тоҷикӣ “-кат” шуда (чун Панҷекат) ва дигаре “kanδ” аст ки дар форсии тоҷикӣ “-канд” гаштааст. Ин ду пасванд аз “*kanθā-“ яъне “кандан” дар эронии бостон рӯида ва ба маънои “ободӣ; русто, шаҳр” дар номгузорӣ корбурди фаровон дошт. Аз пурбасомадтарин пасвандҳои порсӣ “-обод” ва “-истон” ҳастанд ки дар кишварҳои туркизабон ва нимҷазираи Ҳиндустон низ бисёр ба кор мераванд. Куллан вандҳои ҷойномсоз бисёранд ва ҳар кадомеро бояд дар ҷои худаш ба кор бурд. Масалан, аз “канд” ҳамин акнун метавон дар ҷойномсозӣ баҳра гирифт. Барои мисол, агар, Худо накарда, ниёзе бошад, ки Душанбе номгардон шавад, метавон бо таваҷҷуҳ ба пойтахт буданаш барояш Абаркандро пешниҳод кард. “Абар” дар он бозмонда аз вожаи авестоии «upairi» ба маънои “бартар”, “болотар”, “беҳтар” ва “баргузида” аст ва “канд” ҳамон «*kanθā- > kand» ба маънои “ободӣ” ва “шаҳр”. Ин ҷойном аз торихи шаҳри Душанбе рӯида, ки 2200 сол пеш аз ин ҳам шаҳре дар қаламрави он буда ва ҳамчунин яке аз рустоҳое ки пойтахти Тоҷикистон аз он ташкил мешуд, Қарияи Боло ном дорад, ки Абарканд ба маънии “бузургшаҳр” густаришёфта аз ҳамон деҳа аст.

Озодагон: Як касе дар шабакаи Фейсбук баъди пешниҳоди Кимиёканд аз ҷониби Шумо навиштааст, ки агар дар ин шаҳр зовудҳои арақбарорӣ ҷӯр карда мешуданд, бояд номаш Арақканд мешуд? Вуҷуди ҳамин гуна саволҳо ҳамин мантиқро халалдор намекунад?

Умед Ҷайҳонӣ: Агар чунин корхонаҳое дар ин шаҳр мебуд, мешуд онро Майкада ҳам номид. Ҳеч халале дар мантиқи номгузорӣ ворид намешавад. Бояд ҷойномгони як сарзаминро дақиқу жарф омӯхт то шеваву роҳҳои ҷойномсозии ниёконамон шинохта шаванд ва дар пайравӣ аз он шеваҳо ҷойномҳое сохт. Чунон ки Кимиёканд бо ҳамин равиш сохта шудааст. Ё намунае дигар: масъулин бархе аз ҷойномҳои туркиеро ки пасванди “булоқ” доштанд, ҳаргуна ки дилашон хоста, номгардон кардаанд. Вале андаке ҷустору пажӯҳиш нишон медиҳад ки аз ҷойномҳои Эронзамин ҳар ҷое ки чашмае дошта, чунин вожаҳо дар номсозӣ ба кор рафтаанд: хох, хан ва хен ки бозмонда аз *хаn- ва *хāha- ба маънии “чашма, ҷӯй” дар забони эронии бостон ҳастанд. Чунончи, хон ва хоник дар порсии миёна ба маънии чашма, хох ва хок дар суғдиву яғнобӣ ба маънии “чашма” ва “ҷӯй”, хоҳо дар забони хутанӣ ва кык дар забони вахонӣ. Аз “хох” ҷойномҳои Хохсар ва Азорхох доштем, ки якумӣ ба маънии сарчашма ва дувумӣ ба маънии ҳазорчашма буданд. Аз “хан” ҷойномҳои Иштихан “ҳаштчашма” ва Решхан ё Речханро доштем ки “чашмаи равон” маънӣ дошт. Аз “хен” ҷойноми Панҷхинро доштем ки “панҷ чашма” маънӣ дошт. Ҳамчунин “хок” ба гунаи “кек” ва ба маънии “чашма” дар ҷойномҳои Обикик, Даҳанакик ва Баландкик дар ноҳияи Хуросон бозмонда аст, ки “оби чашма”, “сари чашма” ва “чашмае дар баландӣ” маънӣ доранд. Пас оё беҳтар набуд, ки ноҳияи Ғозималикро Чашмасорон ном мегузоштанд, на Хуросон? Хехак дар Язгулом низ аз ҳамин решаву бун сохта шуда ва чашмае дар он ҳануз равон аст. Хуросон сарзамине бисёр густардатар аз ин ноҳияест ки чунинаш номидаанд. Ингуна ҷойномҳо дер намепоянд.

Озодагон: Гузоштани номи шаҳру навоҳӣ, маҳаллаҳо ва муассисаҳо ба номи шахс дар Тоҷикистон дар ин авохир хеле маъмул шуд. Вале ин шеваи номгузорӣ ба собиқаи номгузории милливу ниёгони мо мувофақат намекунад. Масалан; Ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба номи Ҷалолиддин Балхӣ, Донишгоҳи ба номи Садриддин Айнӣ ва ҳазорҳо... Ин ғалат нест магар?

Умед Ҷайҳонӣ: Ин раванд бо номгардон кардани ноҳияи Ленин ба ноҳияи Рӯдакӣ оғоз ёфт ва акнун ба бадтарин шева густариш меёбад. Масалан, ноҳияи ба номи Ҷалолиддин Румӣ, ки акнун мехоҳанд онро ноҳияи ба номи Ҷалолиддин Балхӣ биноманд, ё ноҳияи Рӯдакӣ, Абдураҳмон Ҷомӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва монандашон, аз беху бун ҷойном нестанд ва хешкории онро ҳам нахоҳанд дошт. Хешкории ҳар ҷойном пеш аз ҳама ному нишонӣ будан аст. Вале инчунин ҷойномҳо на номи ҷуғрофиёӣ ҳастанд ва на нишонии шаҳру сарзамине метавонанд бошанд. Тоҷикон ҳаргиз чунин ҷойномҳое намесохтаанд. Ин сарзаминҳо ҳам пайванду нисбати мустақиме бо касоне надоранд ки ба ёдашон номгузорӣ шудаанд. Ноҳияи Рӯдакӣ чи нисбате бо бузургвор Рӯдакӣ дорад? Ҳеч! Номгузорон бо ин корашон мехостанд Ленинро бо Рӯдакӣ ҷойгузин кунанд. Аз инҷост ки чунин номгузорӣ реша дар фарҳангамон надорад ва мантиқеро ҳам доро нест.

Масъулин акнун мехоҳанд ноҳияи ба номи Ҷалолиддин Румиро дубора номгардон кунанд ва онро ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ биноманд. Беҳуда коре мекунанд, вале агар қарор аст будҷаи он ноҳия барои чунин коре ҳазина шавад, хирадмандонатар он аст ки номи бостонии он сарзамин ки Ҳаловард аст, зинда шавад.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ номест гардабардоришуда аз русӣ ва ташкилшуда аз ду ном: яке ҳамон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ки худ номе дақиқу комил аст ва дигаре Донишгоҳи ба номи Садриддин Айнӣ ки номе русиёна аст. Тоҷикона ин мебуд агар онро Донишгоҳи Садриддин Айнӣ меномиданд. Давлативу омӯзгорӣ буданашро мешуд аз унвонаш гирифт. Вале агар аз шеваи пешиниён пайравӣ кунем, ҳамонро мешавад Донишгоҳи Айния гуфт ки монанд ба Мадрасаи Низомия мешуд. Куллан номи ҳама донишгоҳҳои Тоҷикистон рӯбардор аз русӣ аст ва бояд бознигарӣ шаванд.

Озодагон: Таваҷҷуҳ кардааед, ки дар Тоҷикистон тамоми талоши мумкин мешавад, ки номгузории идороту мақомот ба идороти Русия монанд бошанд. Мактабро ҳам муассиса кардем, дигар ҳама идороти давлатӣ пеш аз ном бо ибораи “корхонаи воҳиди давлатии ..”-ро ҳам доранд?

Умед Ҷайҳонӣ: Бале, чунин падидаеро мушоҳида мекунам. Шояд бархе гумон доранд ки Тоҷикистон вилояте аз Русия аст?! Вале иллаташ ин аст ки қонунгузорони Тоҷикистон қонунҳои Русияро рӯбардор мекунанд ва ҳар чи дар онҳо навишта шуда бошад, ҳамонро такрор мекунанд. Куллан забони давлативу қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон “рузбакӣ” номид, зеро омехтае аз истилоҳоти русиву узбакиву тоҷикӣ аст. Ин ҳама конститутсия, кодекс, суд, прокуратура, палатаи ҳисоб ва монандашон ҳаргиз тоҷикӣ набудаву нахоҳанд низ шуд. Кумитаи забону истилоҳот бояд ҳамин рӯзҳо ки Қонуни асосиро ислоҳ мекунанд, ин ҳама истилоҳотро аз он санад бизудояд.

Озодагон: Аз сӯйи дигар, чиро русҳо ба масоили номгузорӣ дар Тоҷикистон ин қадар ҳассосанд? Тағйироти ахирро бисёр ба дард пазируфтаву ба масъала рангу бӯйи сиёсӣ доданд? Решаи ин куҷост?

Умед Ҷайҳонӣ: Решааш дар худбузургпиндории бархе аз русҳост. Русҳо, ки худ бештари ҷойномҳои шуравияшонро номгардон карданд ва ҳама тандисҳои Ленину Сталину дигар раҳбарони шуравиро кандаанд, чи ҳаққе доранд, ки аз мо талаб кунанд ҷойномҳои русиро аз сарзаминамон пок накунем? Аслан ва абадан набояд ба доду фиғонашон таваҷҷуҳе кард. Магар ин ки донишманде аз шеваи амалкарди масъулини тоҷик интиқод кунад ва роҳҳову чораҳое пешниҳод кунад, ки онҳоро бояд баррасӣ карду агар пазируфтанӣ бошанд, ба кор бурд.

Вале дар мавриди поксозии пасвандҳои насабсози русӣ аз номҳои хонаводагии тоҷикон ҳеч далелу бурҳону доду фиғоне ҳаргиз пазируфтанӣ нахоҳад буд. Мо пеш аз русҳо низ ному нишоне доштаем ва ҳамонҳоро бояд ба кор бигирем.

Озодагон: Дар ҳамин замина як саволи дигар. Чанд сол пеш вақте Қонуни забон дигарбора пазируфта шуд ва раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номи хонаводагияшро аз Раҳмонов ба Раҳмон табдил дод, расонаҳои русӣ ҳангомаи нажодгароёнае барпо карданд. Масъала то ба ҳадде ҷиддӣ шуд, ки дар як мулоқоти як ба яки Раҳмон бо раисҷумҳури вақти Русия Медведев ин масоил низ ба баҳсу баррасӣ гирифта шуд. Баъдаш ҳам сухангӯи раисҷумҳур эълон кард, ки ин иқдоми Сардори давлат руҳияи тавсиявӣ дорад, на иҷборӣ. Фикр намекунед, ки таъсири сиёсии Русия ба ин масоил ҳам вуҷуд дорад ва ё аз ҷониби Русия ин талқин мешавад?

Умед Ҷайҳонӣ:
Бояд гуфт ки Русия парвое надорад, ки тоҷикон чи ному нишоне доранд. Ин ки гаҳ гоҳе бархе расонаҳо ва ё сиёсатмадорон ҳангомаву сару садое мекунанд, ҳеч далелу аҳаммияте надорад. Тоҷик бояд ному нишони тоҷикона дошта бошад. Мо рус ё словӣ нестем ки ному нишони онҳоро дошта бошем.

Озодагон: Назари шумо ба тағйироти филологие, ки ахиран ба Қонуни асосии Тоҷикистон ворид карданиянд, чист? Масалан якеаш табдили вожаи “қаламрав” ба “ҳудуд” аст ва чандтои дигар ба ин монанд: “Ҳокимияти маҳаллӣ” ба “Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ”, “Ташкил” ба “Таъсис”. Оё худи вожаи Сарқонунро ҳам ҳазф мекунанд, ки ҳамин Конститутсия фаҳмову ифодагар аст ва ғайра?

Умед Ҷайҳонӣ: Ин ислоҳот забони Қонуни асосиро мубҳамтар карданд. Ҷойгузинии як истилоҳ бо дигаре дар ин қонун боз ҳам бархоста аз нигоҳу маниши русиёнаи қонунгузоронамон аст. Аммо “қаламрав” ки маънояш “ҷое ки зери фармони касе ё давлате аст” дақиқтар аз “ҳудуд” аст ки маънияш “марзу бум” аст. “Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ” комилан рӯбардор аз “Местные органы государственной власти и самоуправления» дар русӣ аст. “Худидоракунӣ” аз бех ғалат аст ва бояд “худгардонӣ” гуфт. Забони қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дур аз забони миллат аст ва дер ё зуд куллан ислоҳ хоҳад шуд.

Озодагон: Оё Шумо кадом пажӯҳише дар мавриди номгузорӣ кардааед, ки бояд пешниҳоду интиқодҳоятонро ҳатман дар назар бигиранд?

Умед Ҷайҳонӣ; Аз чанд сол пеш то кунун чанд мақола ба забонҳои форсии тоҷикиву русӣ дар бораи номгузориву номгардонӣ навиштаам, ки дар расонаҳои Тоҷикистон мунташир шудаанд ва ҳадафам низ посдошту нигаҳдории ҷойномҳои торихиву тоҷикӣ ва огаҳирасонӣ дар ин замина будаву ҳаст. Вале худро коршиносе намешуморам, ки пешниҳоду интиқодҳоям барои касе таклифе бошанд. Чанд тан аз коршиносонро болотар ном бурдаам ва дар бархе аз навиштаҳоям дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба пажӯҳишномаҳояшон бозбурдҳо додаам, то хонандагон худ мутолеаву доварӣ кунанд. Вале агар онҳо дар расонаҳо назар намедиҳанд, ночор касе бояд овоз баланд кунад.

Озодагон: Ахиран Ҳукумати кишвар рӯйхати ягонаи номҳоеро бо ҳамкории Кумитаи забон, Академияи улум ва дигар ниҳодҳо тартиб дод ва ба Вазорати адлия пешниҳод кард, ки шаҳрвандон ҳангоми номгузорӣ ба фарзандони худ аз ин рӯйхат кор бигиранд. Ин кори хуб аст ё бад?

Умед Ҷайҳонӣ: Агар ин "номнома" ҳукми қонуни ногузирро дошта бошад, бад аст, зеро мудохилаи давлат дар умури хусусии шаҳрвандон мешавад. Вале агар он тавсияномае бошад, ки корбурдаш ихтиёрист, иқдоми хубест. Вале аз онҷое ки яке аз далоили фароҳамсозии чунин номномаро поксозии номҳои бегона (бавижа арабиву туркӣ) донистаанд, бадияш бештар аз хубияш ба назар мерасад. Миллат бояд дар номгузории фарзандонаш озодиву ихтиёр дошта бошад. Давлат ҳам набояд дар ин умур мудохила кунад.

Давлат беҳтар аст аввал ному унвони асноди худро дурусту тоҷикӣ кунад ва масъулини сабти аҳволи шаҳрвандонро бештар омӯзиш диҳад то ҳамин номҳоеро, ки дорем, дар зодномаву шиносномаву гузарномаҳоямон дуруст бинависанд.

Озодагон: Яке аз далоили таҳияи ин номнома бештар такя кардан ба номгузории миллӣ гуфта мешавад. Миллӣ кардан аз назари Шумо барномарезиҳои роҳбурдӣ кор дорад ё ҳамин тур тарҳҳои идеологӣ?

Умед Ҷайҳонӣ: Дар ин кор бештар ҷанбаи кӯтоҳмуддати идеулужик дида мешавад то барномаи роҳбурдии дарозмуддати миллатсозӣ. Аввал бояд таърифе мушаххас аз истилоҳи “номи миллӣ/тоҷикӣ” дошта бошанд ва сипас аз рӯи он номнома таҳия кунанд. На ҳар номе тоҷикӣ аст. Номҳои тоҷикӣ аксаран форсӣ ва арабӣ ҳастанд ва камтар туркиву русӣ.

Озодагон: Бибинед дар номгузориҳои илмӣ ҳам баъзан иштибоҳҳо дида мешаванд. Барои намуна сари “забонҳои помирӣ” ва “забонҳои бадахшӣ/бадахшонӣ” баҳсҳое сар мезананд. Кадомаш дуруст аст?

Умед Ҷайҳонӣ: Забонҳои бадахшонӣ надорем. Забони бадахшониён, яъне мардуми вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, гӯиши бадахшонии забони форсӣ аст. Мардумони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба гӯишҳои дарвозӣ ва ғоронии форсии тоҷикӣ ва забонҳои язгуломӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, шуғнӣ, шикошимӣ ва вахонӣ сухан мегӯянд. Забонҳои помирӣ ҳар кадоме забон ё гӯише ҷудогона ҳастанд. Истилоҳи «забонҳои бадахшонӣ» дар илми забоншиносӣ ҳаргиз ба кор намерафта ва дуруст ҳам нест. Забонҳои мардуми Помирро дар илми забоншиносӣ «забонҳои помирӣ» меноманд. Ин иштибоҳ аз Қонуни забони давлатии ҶТ ва дигар қонунҳо сар зада ки дар онҳо забонҳои помириро "забонҳои бадахшонӣ" навиштаанд. Ин қонунҳо низ бояд ислоҳ шаванд.

Озодагон: Аз суҳбати хуби хубатон ташаккур. Умедворем, ки гуфтумонҳо ва пажуҳишҳои Шуморо масъулин дар номгузорӣ ба эътибор бигиранд.

Умед Ҷайҳонӣ: Кошкӣ, аммо дер ё зуд мо ба номгузории дурусту решадор дар фарҳангу мантиқи миллӣ бар мегардем. Ин ногузир аст.
Мӯҳр
бале бояд номхои иронасл туркиена ва славяниро иваз кунанд. вале топонимикаи номхои кадима низ вайрон нагардад.

бале бояд номхои иронасл туркиена ва славяниро иваз кунанд. вале топонимикаи номхои кадима низ вайрон нагардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)