Бахшҳо

Кафкӯбии Каримов барои муштзане, ки гуфт тоҷикро “накаут” кардам (ВИДЕО)

Шабакаи “Настоящее Время” 10 феврал пораҳо аз мулоқоти Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон бо намояндагони ҷомеаро нашр кард.

Зимни ин мулоқот, ки тавассути телевизионҳои давлатии Узбакистон пахш шудаст, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, деҳқон, духтур ва муштзан суханронӣ мекунанд. Истиқболи гарму кафкӯбии Ислом Каримов ва ҳозиринро баромади як муштзан дар пай дошт, ки гуфт, дар мусобиқа як тоҷикро беҳуш кардаст: “Ба наздикӣ дар сабқати ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳон, ки дар Русия гузашт, рақибам аз Тоҷикистонро беҳуш кардам”.

Бо тамом шудани ин ҷумла Ислом Каримов нахустин шуда кафкӯбӣ мекунад ва дигарон ҳам аз ӯ пайравӣ менамоянд.

Ҳамаи онҳое, ки сухан мекунанд аз Ислом Каримов ба унвони шахси адолатпарвару дармонбахш тавсиф мекунанд.

Ислом Каримов 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз соли 1989, вақте котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ шуд, Узбакистонро раҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ президент интихоб гардид ва дар чанд интихоботи раёсатҷумҳурие, ки дар кишвараш баргузор шуд, дастболо гардид. Каримовро дар Тоҷикистон ба унвони рақиби сарсахти бунёди неругоҳи “Роғун” мешиносанд. Дар масъалаи истифодаи об Тошканд ҳамеша бо Душанбе ихтилофи назар дорад. Боздошти қаторҳо, мошинҳои молу коло дар қаламрави Узбакистонро ҳам ба ҳамин ихтилофҳо рабт медиҳанд.


Мӯҳр
Ин Варзиш хаст.Бо Вакте Мешава Точик узбакро накут мекна.Инро бояд бо сиесат Ракиб Накунан.Варзиш Зур Надорад . ХУДО. Зураст.Ман Хамчкн Врзишгар Медонам

хучанд
Ба ед орен соли 2008 дар Пекин Чахон Курбонов чемпиони Чахони узбакора 16...3 маглуб карда буд.

Точик
Озодагон сафсата гуфти. Ин барои хунари варзишгар буд.

Хуршед
Кандша бзана ки соперникша задаст, неки илтимос номи хами президентшона шикаста нагирен. У кас беИслом Каримов ном дорад,

ali
aknun tojiko metavonen baron quva ozmoi bar ziddi in varzishgari uzbak tayor kunen agar huni tojiki doshta boshed

Маъруф Намозович
Спорт вещь непредсказуемый хвастун спортсмен, кто, кто но ты должен это знать, сегодня ты нашего, завтра мы ваших трёх.

Озодогон як шармам доред!барои чи варзишу сиёсата омехта мекунед?оё президент хак надорад ба махорати як варзишгар карсак занад?Ё маданияти мо ба дарачае поён рафтааст ки карсаки як нафар: бигузор президент бошад хам бояд хамчун тахкир кабул кард?!Афсус....шумоён бояд барои тарбияту баланд бардоштани маданияту фаросат хизмат кунед на баръакс

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)