Бахшҳо
30 янв 2016 11:01Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳорот аз номи ҷавонони Бадахшон алайҳи муроҷиати ҲНИТ ба додгоҳи байналмилалӣ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо пахши як баёния аз номи ҷавонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муроҷиати раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба додгоҳи байналмилалӣ маҳкум кардааст.

Тибқи ин баёния, ки аз номи ҷавонони Бадахшон дар сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нашр шудаст, ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҷудоиандозии солҳои аввали истиқлолият мутаҳҳам шудаст.

Дар изҳорот бо ишора ба муроҷиатномаи ахири ҲНИТ ба додгоҳи байналмилалӣ, омадааст: “Соҳибони собиқи ин ҳизб имрӯз паси шонаҳои бегонагон-хоҷагони хориҷӣ сангар гирифта, ҷониби Тоҷикистон санг меандозанд. Онҳо сиёсати имрӯзаи кишварро ғайримиллӣ ва ғайриқонунӣ хонда, бо изҳори баёнияе хостори муҳокимаи мақомоти тоҷик дар додгоҳи байналмилалӣ шудаанд. Ба ақидаи онҳо фазои ваҳшатноке дар ҷомеа ҳукмфармо гардидааст, ки барои амалӣ гаштани тарҳу ниятҳои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо монеа эҷод менамояд”.

Дар идомаи изҳорот таъкид гардидааст, ки ки инҳо ҳамон хоинону нотавонбиноне беш нестанд, ки зери ниқоби ислом ва демократия сиёсати сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи кишвари моро ғайриодилона мехонанд. Муаллифони баёния афзудаанд, ки ҲНИТ бо даъвоҳои беасоси худ сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар чашми мардуми Аврупо ноадолатона ва риёкорона муаррифӣ мекунад.

Изҳоротдиҳандагон дар охир таъкид кардаанд, мардуми огоҳи Тоҷикистон зери роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз намегузорад, ки воқеаҳои нангини солҳои навадум такрор шавад, зеро гуфтаанд: “Кӯр асояшро як бор гум мекунад”.
Мӯҳр
Аҳмад
Ман тасаввур намекунам, ки ин баёнияро ҷавонони бадахшон дода бошанд. ин бештар сохта ва пардрхтаи худи сиёсатмадорон ҳастанд. Бадахшон ҳануз иттифоқи чанд сол пеш омадаро ки давлат чи балои сари он мардум овард фаромуш накардааст. мардуми бадахшон ҳануз он доғро фаромуш накарданд, ки ин нав баёния нашр кунад.

Чавонони Бадахшон аз чунин изхорот дарак надоранд ва умуман ба сиесат кордор нестанд.

Чаро давлате насозем, ки амсолаш дар чахон набошад. Шумо чи фикр доред?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)