Бахшҳо

ВИДЕО: Ашки Субҳони Сайид аз паём ба муҳоҷирони тоҷик

Субҳони Сайид, овозхони шинохтаи тоҷик дар як паёми видеоӣ ба кулли муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, орзу дорад, рӯзе ҳамаи муҳоҷирон ба Ватан баргашта, дар кишвари худ соҳиби ҷойи кор шаванд.

Ӯ мегӯяд, аз аҳволи муҳоҷирон ва азоби онҳо дар ғурбат огоҳ аст ва идома медиҳад, ки “зиндагии Тоҷикистон аз ҳисоби шумо аст”. Субҳони Сайид аз муҳоҷирон даъват мекунад, дар ғурбат хонаводаи худро фаромӯш насозанд ва пайваста аз аҳволи онҳо бохабар шаванд. Вай таъкид мекунад, агар пойи равон медошт, ҳатман ба Русия сафар мекард ва барои муҳоҷирон барномаи ҳунарӣ пешниҳод месохту "он чи дар дил дошт" ба онҳо мегуфт.

Дар ин паёми видеоӣ, ки чизе бештар аз 14 дақиқа аст ва аз сӯи Маркази тадқиқоти журналистӣ таҳия шудааст, Субҳони Сайид аз рӯзгори худаш ҳам ёд мекунад ва мегӯяд, аз 15-солагӣ рӯи саҳнаи ҳунар буд: “35 сол зиёд рӯи саҳна ҳастам, 28 сол дар Вазорати фарҳанг кор кардам, аммо имрӯз на қадр мекунанд ва на хабар мегиранд”.

Субҳони Сайид дар идома шеъри Абдувоҳиди Зеварро бо номи “Додо” қироат мекунад ва ашк мерезад. Ӯ мегӯяд, ба ин шеър оҳанг бастааст, аммо бо далели надоштани маблағ ва беморӣ наметавонад онро сабт намояд.



Субҳони Сайид 56 сол дошта, аз соли 2008 ба ин сӯ рӯи бистари беморӣ хоб аст. Ӯ аз соли 1983 рӯи саҳнаи ҳунар қарор дорад. Маҷмӯи таронаҳояш дар 10 албом гирд оварда шудаанд, аммо гуфта мешавад, сурудҳое, ки дар бистари беморӣ омода кардааст, ду албоми дигарро пурра хоҳанд кард. Субҳони Сайид фаъолияти ҳунарияшро аз ансамбли "Ганҷина", зери раҳбарии Зафар Нозимов оғоз кардааст. Баъдан баробар бо Кароматуллоҳи Қурбон фаъолияташро дар эстрада идома дод. Баъди қатли Кароматуллоҳ аз соли 1992 то соли 2008 раҳбари ансамбли эстрадии "Гулшан" буд. Дар солҳои аввали раҳбарии вай, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Субҳон тавонист, ки "Гулшан"-и маъруфро дигарбора фаъол намояд. Солҳои 2002-2003 Субҳон дар се давраи озмуни хонандагони эстрада ғолиб омада, "Ситораи сол" эътироф гардид. Моҳи июни соли 2011 Вазорати фарҳанг ба Субҳони Сайид ҷоизаи "Беҳтарин сарояндаи эстрада"-ро сазовор донист.
Мӯҳр
.
Эй Худо умрам ба пири омада хорам макун,
Ризку рузиям бидех пеши касе зорам макун.

Манучеҳр
Ташаккур барои пахши чунин видеои пурэҳсос! Худованд нигаҳбон бошад акои Субҳонҷона!

ОДАМ
Сухбати марди Худо мардат кунад,
Сухбати хар носазо сардат кунад.
Худо ба Шумо тавфик дихад.

салима
Сахт гиристам. Чор тараф медавему медавем. Окибати одам чи аст, Худо медонад. Рост аст, ки Шумо бародари азиз,Субхони Саид азизи дилу дидаи мо будед ва имруз хам хастед. Мо, мухлисон шуморо дуст медорему орзуи онро дорем, ки хамеша овозатон дар хонадони мо танинандоз бошад. Хеч гох нагуед, ки "имруз хастам фардо не". Илтимос!!! Хеле аз ин гуфтахоятон ба риккат омадам, гиристам. Шумо дар дилу дидаи моед!!!
Худованд чавонмардони саховатманди точикро рахнамун созад, то шуморо кумак намоянд, ки сурудхои наватонро сабт кунед ва пешкаши мо намоед. Ман мухлисони пулдори зиёдатонро медонам. Худованд ба дилашон шафкат андозад! Илохо Омин!!!

Дарвеш
Салом. Шумо бехтарин сароянда хастед овози форам доред, шеръхои пурмазмун доред аз се 2 нафари мардуми Точикистон мухлиси шумо аст. Худованд ба шумо шифои комил ато фармояд. Дар сурудхои нав банаватон кувват дихад.

Худованд хар чихохи медихад факат шукр кардан лозим. Вакте ки маблаг доштед обу ру доштед дар он дараву кухо бо кихо ошноги доштед чигуна кайфу сафо доштед мо хамаи уро медидем, ман он замон чупон будам. Дар фикри мо намегунчид ки чигуна як хофизи халки дар ин дарахо бо одамони бад хамрох аст. Ин хама дард шояд чавоби анахамун кайфу сафо бошад бадодаи Худованд шукр кардан лозим.

Мо шуморо кахрамони хуб медонем. Як нафар киса кард, ки аз як даст (дасти рост) махрум хастам. Дар туй Субхони Сайидро овардам авал нарху наво кард омад туйро гузаронд ягон маблаг нагирифта бирафт. Ман хидмат кардам тамом гуфт мегуяд. Корхои хайратон кам нест акои Субхон мо умед дорем аз Худованд, ки шумо шифо меёбед.

патриот
бисёр нагзу леки барои чи кулохи Афгони пушидай??? ягон токии Точики намемони?? Кани хисси ватандустдориат???

Худоё ба ин бародари гиромиро шифои комил дех....
Ман низ гиря кардам......

м
Ракамхои Субхони Сайид ин аст: 915 03 06 52

Салом Устоди Бузург Субхони Саид! Умедворам, ки шумо ин сатрхоро мехонед ва худро хеч гох танхо хис намекунед! Бовар кунед 2 миллион мухочири точики шуморо ба ин суханонатон эхтиром мекунанд ва маънави дастгири мекунанд.
Озодагони мухтарам е касоне, ки сурогаи Устодро медонед, илтимос нависед. Ташаккур.

Одамои хутомоба хайрон меши ин мардку худаш дар бистари бемори чи мегуи ки кулохи Авгони пушиди ватандустет кани ту ватандуст шуда чокарди ин мард як умр дар хизмати мардум буд ту аз худат бипурс чи коре карди бародарон ин гап ба хамон одаме дахл дорад ки устодро тахкир кардааст

Абударда
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)