Бахшҳо

Шарҳи сардори пулиси Хатлон: Мо риштарошӣ не, фаҳмондадиҳӣ кардем

Баҳром Шарифзода, сардори раёсати умури дохилии вилояти Хатлон бозтоби хабар дар бораи тарошидани риши мардум аз сӯи пулисро нодуруст хонд.

Дар ҳоле ки расонаҳои маъруфи Ғарб, ҷаҳони Араб, Русия ва Ҳинду Покистон аз тарошидани риши наздики 13 ҳазор мард аз сӯи пулис дар ҷануби Тоҷикистон хабар додаанд, Шарифзода мегӯяд, мо риши касеро натарошидаем, балки корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаем.

Аз ҷумла торнамои телевизионии “Ал Алҷазира” тарошидани риши 12 ҳазору 818 тан аз мардон ва кашидани сатри 1 ҳазору 700 зан дар Хатлонро “талоши масъулини ҳукумат дар заминаи мубориза алайҳи ифротгароӣ” гуфтааст. Ба навиштаи ин пойгоҳи хабарӣ, "роҳабарияти дунявии Тоҷикистон муддатҳост аз як раванди нохушоняд, ки аз Афғонистон маншаъ мегирад, ҷилавгирӣ мекунад”. Ба ин тартиб, расонаҳои маъруфи дигари англисзабон ба монанди “The Times of India”, “TIME”, “EurasiaNet”, “Global Voices Online”, “ВВС” ва даҳҳо расонаи дигари ҷаҳон хабари риштароширо бозтоб додаанд.

Аммо Шарифзода дар шарҳи ин хабар, ки аз нишасти матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бархост, изҳор дошт: “Зимни нишасти матбуотӣ мо қайд намудем, ки РКД дар вилояти Хатлон бо ҳокимияти маҳаллӣ, маҳҳаллаҳо, ҷамоатҳо, кумитаи кор бо занон ва оила, ҷавонон ва фаъолони ҷомеаи вилоят ҳамкории зич дошта, бо роҳи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум кори хешро пеш мебарем. Соли гузашта маҳз бо баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо 12 ҳазору 818 мард риши хешро ба тартиб дароварда, 1773 зан аз пӯшидани либоси ба фарҳанги мо бегона даст кашиданд. РКД касеро дар ин кор маҷбур накардааст ва ин интихоби худи онҳо буд. Мо ҳамеша дар ҳама кору пайкор бо мардум ҳамкорӣ мекунем”.

Қаблан мақомоти умури дохилии Хатлон гузориш доданд, ки соли 2015 дар вилоят 1773 зан аз пӯшидани сатр даст кашиданду наздики 90 фоҳишаи сатрпӯшро ошкор кардаанд. Сардори пулиси Хатлон инчунин илова намуда буд, ки соли гузашта риши 12 ҳазору 818 шаҳрвандро ба тартиб даровардаанд.
Мӯҳр
муслим
ба номи Аллох, ин хукуматдорон коре карданд ки ман шарм медорам дар байни мусалмонхои дигар миллатхо худамро точик муаррифи кунам.

Abdulloh
Афсус мехурам аз касоне баном мусалмонанд ва аз роху равиши мусалмони чудошуда пайрави и душманони дин ва дунёи гарбро интихоб кардан ва кадри ислому пушиши исломиро намедонанд

Кимати шамшоди худ нашнохти
Сарви дигарро баланд бардошти.
Хамчу най худ ро зи худ карди тихи
Бо садои дигарон дил менихи.


фарух
айбу шарм намекунанд боз аз фарҳанг гап мезананд, фарҳанги як кашвар баргирифта аз этиқодод ва расму рафтори бузургони он кишвар аст. шумо бо лухт кардани занон фарҳанги тоҷиро ва номуси тоҷикро аз байн бурдестен.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)