Бахшҳо
06 янв 2016 10:24Тоҷикистон / Сиёсат

Эътирози уламои тоҷик алайҳи Эрон ва посухи Кабирӣ: Аврупо ҳам маро даъват кард...

Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар эътироз ба иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Теҳрон таъкид намудааст, ки чунин иқдом метавонанд боиси эҷод гардидани нобоварӣ миёни ду давлати бо ҳам дӯст гарданд.

Раёсат ва кормандони донишкадаи исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот таъкид намудааст, ки “имрӯз бояд Ҷумҳурии исломии Эрон мавқеи худро нисбат ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари мо мушахас намояд, то сӯи тафоҳум дар байни мардуми дӯсту ҳамзабон ба миён наояд ва ҳамкории мардум дар фазои дӯстию бародарӣ, амнияту осудаҳолӣ ва бо муҳабату якдигарфаҳмӣ дар ҳама ҷанбаҳои ҳаётӣ ва дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, диниву фарҳангӣ ва ғайра ҷараён дошта бошад”.

Омӯзгорони Ислом дар Тоҷикистон бори дигар таъкид караанд, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад: “Дар замони муосир муассисони аҳзобу ҷараёнҳои ба ном исломӣ комилан бо номи дину диндорӣ аз минбарҳо баромад намуда, худро ворисони ҳақиқии дини мубини Ислом мепиндоранд ва даъво мекунанд, ки аҳли дину диёнат буда, ҷуз онҳо касе вориси аслӣ намебошад. Онҳо мардумро бо таълимоти авомфиребона, шиорҳои зоҳирфиреб, ҳилаву макри ошкору пинҳон, ваъдаҳои шоҳонаи дарунхолӣ саргарм намуда, дини мубини Исломро ҷомаи сиёсӣ пӯшонидан мехоҳанд.”

Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо супоридани нота ба сафири Эрон дар Душанбе аз даъвати Кабирӣ ба Теҳрон эътироз намуд.

Худи Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбат бо сомонаи Sunnionline, пойгоҳи хабарии аҳли суннати Эрон, вокуниши мақомоти тоҷикро бачагона ва тааҷҷубовар хондааст: «Хеле ҷойи таъаҷҷуб аст, ки Вазорати хориҷаиТоҷикистон расман сафири Эронро эҳзор карда ва нутқи эътирозиашро ба хотири ширкати мо дар ин конфронс, ба вай иблоғ кардааст. Бисёр кори баччагона аст. Ман дар донишгоҳҳои урупоӣ суханронӣ мекунам, моҳи оянда дар ду донишгоҳи урупоӣ суханронӣ дорам. Мақомоти кишвар ҷасорат надоранд нутқи эътирозӣ ба он кишварҳо бифиристанд, вале чун медонанд, ки Эрон кишваре исломӣ ва форсизабон аст, ҷуръат пайдо карданд, ки эътироз бикунанд».

Ин дар ҳолест, ки қаблан гуруҳи ҷавонони тоҷик бо баргузории ҳамоишҳо дар назди сафоратхонаҳои Олмону Амрико истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Абдумалик Абдуллоҷонв, собиқ сарвазир ва Додоҷони Атовулло, раҳбари ҷунбиши “Ватандор”-ро талаб намуданд.
Мӯҳр
Аз пушти Мухидин Кабири мо мардуми Вахдат дар назди давлат сиёх шудем. Ин номард мехост ба сари кудрат ояд. Аз Эрон, ки худро шарики Точикистон мегирад пул гирифтааст ва бояд дар ватан табаддулот мекард, аммо ба максадаш нарасид. Боз мардуми бесавод пушти Кабириро мегиранд.

Рости меги Вахдати Мухидин Кабири имруз бозичаи эронихо шудааст. Эрон ягон вакт намехохад, ки Точикистон тинч бошад. Дар дунё мардуми эрон барин мардуми паст нест. Мардуми эрон мисли вахшианд. Кабири аз кардааш пушаймон шудааст ва наметавонад, ки ба ватан ояд. Мисли саге, ки дар таги дари кадом хонае, ки равад хурокаш медиханд хаминхел шудааст. Пеши эронихо меравад, араб, аврупои ва ...

ОДАМИЗОД ВАКТЕ, КИ АЗ ЯК ЧОЙ НОН ХУРД БОЯД ДАР НАМАКДОН ТУФ НАКУНАД. КАБИРИ ИН ШАХСЕСТ, КИ НОНУ НАМАКИ МИЛЛАТИ ТОЧИКРО ХУРДУ ДАР ОХИР БО ХОЧИ ХАЛИМУ ДИГАРХОШ ДАР НАМАКДОНИ МИЛЛАТИ ТОЧИК ТУФ КАРДАНД. ИН ГУНА ШАХСИЯТХО БОЯД МАХФ КАРДА ШАВАНД.

Кабири дар дохили Точикистон ниятхои нопокашро амали карда натавонист, чунки хоинони тайёр намудаашро Худованд зада кушт. акнун дар хоричи кишвар давом дода истодааст, ки комруз Худован худаша мезанад.

Дини "Ислом" ба ягон намуд хизб ниёз надошт ва надорад. Мухиддин Кабири мардумро аз Ислом гап зуду аъзои хизб кард, дар окибат ба чи корхо даст заданд. Кабири онкадар бегунох мешуд мардонавор меистод дар ватанаш. Лекин гунахкор аст, гурехта ба назди хочахои хоричиаш рафт.

Посух ба Шамшер
Рости тамоми дунё бо хабар аст ба чуз ту, ки Кабири баргашт ба аврупо баъди чанд рузе муносибати Эрону Сауди хароб шуд
Ё чаро Аврупо хароб намешавад ки кабири дар Аврупо зиндаги дорад ва баракс пешрафт дорад Аврупо?

ввп
саломи гарми чушон аз номи Мохира ба Кабири!!! Кабири хонад агар худаш мефахмад.

Ofarin Kabiri az Khudo muvafaqiyat khohonem baroi shumo ba peshНек,

Агар шуриши Хочихалимро Кабири ташкил карда бошад, чаро барои ошкор кардани ин Хочи Халимро зинда дастгир накарданд? Кадом коре ба нафъи Хукумат нест мкобилро дар хол мекушад, чунки мурдагон хомуш хастанд. Чагаро низ бурданду дар сахро куштанд ва баъд, мурдаи Ленинро ба гарданаш задан. Хочи халимро метавонистан зинда бигиранд аммо ба нафъи онхо набуд куштандаш.

Асалому алейкум бародарон устод Кабири он донишу фаросат фарханг диндорие хоксорие ки дорад ба монанди у дар Точикистон хеле кам аст барои хамин хам пеш аз як фард шикояд кард бояд бо у аз наздик шинос шудан лозим на он ки аз расона хонди тамом аллакай у хоин шуд. ДАР АМОНИ ХУДО БОШЕД УСТОД КАБИРИ БАРОИ САРБАЛАНДИ МУВАФАКИЯТ ХОХОНАМ ХУДОВАНД ХИФЗАТОН НАМОЯД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)