Бахшҳо

Қабули қонун дар бораи Пешво баъди шеърхониҳо ва баромади наздики 30 вакил

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 9 декабр лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро ба тасвиб расонд ва расман ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур унвони Пешвои миллатро дод.

Ба ҳимоят аз ин қонун наздики 30 вакил баромад карданд. Зафар Исмоилзода пуштибонии худро бо шеъри Муҳаммад Ғоиб, ки ба Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, баён кард. Ориф Ҳакимов низ бо қироати як шеъри узбакӣ аз эълони Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат ҷонибдорӣ намуд.

Абдураҳим Холиқзода, вакили парлумон ва собиқ раиси Кумитаи дини Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” изҳор дошт, он аз 16 модда ва 33 қисм иборат аст. Ба иттилои Холиқзода, ба моддаи як аломатҳои сиёсӣ ва хизматҳои таърихии пешвои миллат ворид шуда, моддаҳои 3, 4 ва 11 салоҳият ва рамзҳои пешвои миллатро фаро мегиранд: "Аз ҷумла пешвои миллат ҳуқуқ дорад, ба мардуми кишвар ва мансабдорҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳим муроҷиат кунад". Моддаи 8 дахлнопазирии пешвои миллатро пешбинӣ кардааст.

Холиқзода афзуд, моддаҳои 6, 9, 12 ва 13 механизмҳои мусоидат ба фаъолияти пешвои миллатро муайян намудаанд: “Аз ҷумла сухан дар бораи таъмин бо нақлиёт, хизматрасониҳои тиббӣ, таъмини манзил ва ғайра меравад”.

Ба гуфтаи ӯ, моддаҳои 14-15-16 масоили маблағугзориҳою хароҷот ва мавриди амал қарор гирифтани ҳамин лоиҳаро фаро гирифтаанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аснои муаррифии лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, изҳор дошт, он мухолифи арзишҳои демократӣ набуда, ҳадафи лоиҳаро ҳифзи корҳои нек, муттаҳидсозии мардум, нигоҳ доштани давлати демокративу ҳуқуқбунёд гуфт.

Оқои Зуҳуров афзуд, таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани пешвои миллат шарт ва зарур аст. Ӯ дар идома гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат қаҳрамон аст ва дар ӯ сифатҳои зиёди инсонӣ дида мешавад.

ВИДЕОРО ИНҶО БУБИНЕД

Саидҷаъфар Исмонов, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон низ аз лоиҳаи қонун ҳимоят карда, афзуд, доштани пешвои миллат тақозои замону эҳтиёҷоти миллии мардуми Тоҷикистон мебошад. Исмонов бузургии Эмомалӣ Раҳмонро дар он донист, ки гуруҳҳоеро сари идеяи миллӣ ҷамъ овард, ки якдигарро чашми дидан надоштанд. Раиси демократҳо тамоми муваффақиятҳо дар сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро дастоварди Эмомалӣ Раҳмон хонд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 9 декабр лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро баррасӣ хоҳанд кард. Ин лоиҳа рӯзи 7 декабр дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд ва барои қабул ба ҷаласа палатаи поёнӣ ирсол гардид.

Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, лоиҳаи қонуни мазкурро дар шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ -- Абдураҳим Холиқзода баррасӣ намуда, гуфтааст, "лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ атрофии ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таҳия ва пешниҳод гардидааст”.

Ба иттилои манбаъ, ин лоиҳа аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден ва ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба низом дароварда шудаанд.

23 моҳи рафта низ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” баррасӣ гардида буд. Он вақт гуфта шуд, лоиҳаи мазкур барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст.

Пешниҳоди пешвои миллат унвон додани Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон аз сӯи Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон садо дода буд. Онҳо дар як матлаб ба арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта, шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммадро пешвоҳои муваффақи миллӣ хонда, Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд: “Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳаст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад”.

Баъди чанд рӯз, як гуруҳ аз донишмандон, бо шумули Бобоҷон Самиев, Рамазон Назариев докторҳои илми фалсафа, Зикров Ҳ, ва Р. Давлатов номзадҳои илми фалсафа бо дастгирӣ аз матлаби Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар мақолае бо номи “Пешво ифодагари ваҳдату қудрати давлат аст”, иддао карданд, Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан мебошад.

Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон он замон дар матлабе, ки “Дурнамои идеяи “пешвои миллат” дар Тоҷикистон” унвон дошт, ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кард. Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтанд, тарҳи мавзӯи “Пешвои миллат” метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.

Ахиран, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе таъкид кард, “мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”. Ӯ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.
Мӯҳр
99
Мӯҳтарам:
Пешвои миллат
Қаҳрамони миллии Тоҷикистон
Ҷаноби олӣ
Президенти Тоҷикистон
Раиси Ҳукумати Тоҷикистон
Раиси ҲХДТ
Сарфамондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Раиси анҷумани тоҷикони Ҷаҳон "Пайванд"
ва ғайра...
Агар ҳамаи унвону вазифаҳоятонро ном нагирифта бошам, узр!
Аз шумо зорию тавалло мекунем, ки аз аҳволи мардуми оддӣ як боракак пурсида монед! Аз раисони ноҳияҳо, илтимос напурсед. ки онҳо ба шумо дуруғ мегӯянд. Худатон, ақаллан ба якчанд хонаҳои сари роҳатон даромада пурсед, ки "аҳволатон читу, кӯдакотону худатон ҳамин саҳар чӣ хӯрдед, кӯдако ба мактаб рафтанд ё на, либос доранд, хунук нахурданд, барқи 2-соатаи ваъдагиро чанд дақиқа доданд, падари кудако дар куҷост, агар дар Россия бошад, пул мефиристад ё не, кор мекунед, чӣ қадар маош мегиред ва ғайра".
Акнун, Пешвои миллат, ки шудед, дардамонро ба шумо мегӯем-да!

навруз
turbo,
Рост гуфти. Ба ахволи ин вакилон дилам месузад... Агар дигар ягон кас президент шавад ,ин "" Вакилон"""чи мегуфта бошанд????????????

порс
Шумо барои кабули ин конун на аз шахсоне ки президент вазифаашон додаасту шикамашон сер парвои дигарон надоранд савол мекардед, балки аз мардуми оддие , аз халк савол кардед, ки онхо чи мегуянД!

навруз
99,
Офарин!!!!!!!!!гапи хакро гуфти

Дар дунё шахсиятҳои беназиру бетакрор кам нестанд. Ҳар яки онҳо дар ин ё он соҳа аз худ нишоне гузоштаанд. Чунончӣ, Анӯшервони одил бо адолати худ, Исмоили Сомонӣ бо сиёсатмадори беҳтарин буданаш садсолаҳост, ки дар ёду дили халқ зиндаанд ва то ҳол онҳо бо некномӣ ба забон гирифта мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон ҳам яке аз чунин шахсиятҳои бузург аст, ки бо кору фаъолияти некаш дар таърихи навини халқи тоҷик нақши муассир дорад. Давлати навини тоҷикон аз моҳи сентябри соли 1991 огоз ёфт. Бо ташаббуси шахсӣ ва саҳми арзишманди Эмомалӣ Раҳмон бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон гузошта шуд, пояҳои аввалини аркони давлатдории тоҷикон дар асри 20 мустаҳкам гардид, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё карда шуд. Сарвари муаззами давлатамонро дар арсаи сиёсати дунё чун меъмори сулҳи тоҷикон мешиносанд. Барҳақ, Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори варзида ва хирадманд тавонист тарафҳои сангаргирифтаро бо ҳам иттифоқ диҳад, пеши роҳи хунрезӣ ва бародаркушии бемаънӣ гирифта шавад. Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмонро дар радифи Исмоили Сомонӣ гузоштан мантиқан дуруст аст, зеро Исмоили Сомонӣ ба аввалин давлатдории тоҷикон асос гузошт ва собит кард, ки тоҷикон ҳам метавонанд соҳибдавлат ва соҳибтоҷ бошанд. Ин давлатдории онҳо наздик сад сол идома ёфт ва бар асари хушунатҳои гуногун аз байн рафт. Пас аз ҳазору сад сол, вақте тақдири халқи тоҷик ҳал мешуд ва ҳамчун давлату миллат боқӣ мондани он зери шубҳа қарор дошт ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омад, маҳз Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид шуда, бо хирадмандӣ ва ояндабинии худ пеши роҳи бадхоҳони миллатро гирифт ва сулҳу салоҳ, ваҳдату тинҷӣ дар диёри мо тантана кард. Унвони Олии муборак бошад Чаноби Оли.

Бегараз
Дар Бадахшон мотам аст аз зилзила. Мардум дар ин сардихо сарсону саргардон! Вакилони мардуми бошанд барои худ "очко" гирифтанианду шеърхониву тавсифсарои доранд. Чаноби оли ба ин чиз эхтиёч надорад! Шояд У ба мазхакабозихо бихандад! Халк хизматхои Уро хуб медонаду кадршиноси мекунад!

Мардум аи фақириву бебарқира мурдестан ин депутатои мо қонуни пешвои миллат қабул карда гаштан...ҳамин депутатои мо фақат 1 моҳ ба маоши 700 сомонаи мардуми фақир ва бебарқи зиндагишона гузаронанд бад дарди мардума мефаҳманд...

Э.Рахмон-Исмоили Сомонии сони, пуштибони миллати точик ва пешвои миллати точик Таърих гувох аст ва он чи ки дар сахифахои таърих сабт мегардад хеч кас инкор карда наметавонад. Ман фикр мекунам, ки он хизматхое, ки Президенти Точикистон дар тули солхои сохибистиклоли ба сомон расонид, алалхусус он чонфидоихое, ки солхои чанги шахрванди у кард ин худ як мардонаги аст ва ин хислатхои олии шахсро мардона эътироф бояд кард. Ахсан ба он нафароне, ки таклифи Пешвои Миллат эътироф кардани Э Раьмонро намудаанд. Ин унвон ба у хамчун Сарвари давлат арзанда аст.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, ҳамчунин барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон хизматҳои барҷаста намудааст. Вобаста ба корнамоӣ, матонату қаҳрамонии ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик бо забонҳои гуногун асарҳои алоҳидаи илмӣ – оммавӣ ва ёддоштиву адабӣ, ҳамчунин нигоштаҳои зиёд дар васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ба чоп рафтаанд. Аксари ин осору навиштаҳо фаъолияти серпаҳлӯ, ҷанбаҳои алоҳидаи корномаи ин абармарди ,бузург мебошанд. Чоноби Оли арзандаи пешвои миллати точикон буданд.хастанд мемонанд. Унвони Оли муборак бошад чаноби Оли.

Хамватанони азиз.Шаҳду шакар худ аз худ рӯи дастархон намефарояд. Барои он бояд ҷидду ҷаҳд кард. Бетарафию танбалӣ, дурӯягӣ ва хиёнат ба ватан ва хоку оби он бадтарин хислати инсонӣ аст.Дар ҷомеаи имрӯза, ки нуфузи сиёсии Тоҷикистон боло рафта, давлати мо бо роҳи устувори иқтисодӣ рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, дар ҳақиқат арзандаи ҳазорон ситоиш аст, ки Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ифтихор Пешвои миллат мегӯем. Бале, хизматҳои арзандаи Пешвои миллат дар давоми солҳои Истиқлолият оид ба устувор ва пешрафт гардонидани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ба ин рӯзҳои неку босаодат расонидани ин халқу миллат хеле бузург буда, натиҷаи заҳматҳои зиёди Сарвари давлат мебошад. Агар ба саҳифаи таърих назар афканем, соли 1992 дар Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сарнавишти миллати мо нақши муҳим дорад, ба зиммаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба арсаи сиёсати калон қадамҳои нахустин мегузоштанд ва дар он айёме, ки низоъҳои дохилӣ давом дошту мо онро ҷанги шаҳрвандӣ меномем, масъулияти хеле бузурги ватандорӣ ба зимаашон богузор шуд. Он солҳо бояд пеш аз ҳама ба ҷангҳои бемаънӣ хотима бахшида сулҳу амонӣ ва якпорчагии Тоҷикистон таъмин карда мешуд. Гурезаҳо бояд ба ватан баргардонида шуда, харобаҳои ҷанг бартараф карда мешуд. Хушбахтона ба бахти миллати тоҷик ва бо хости худовандӣ бо заҳматҳои Сарвари давлат мо аз парешонӣ ва ғарибӣ эмин мондем. Мардуми Тоҷикистон дар симои роҳбари ҷавону ояндадори давлат шахси боэътимод, некбин ва созандаро дида, ба хотири ҷамъ ва рӯҳи болида аз пайи ободонии ватан гардиданд. Солҳои 1992-1997 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари оқили он, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи эҳё ба ҳисоб меравад. Пояндаву човидон бошад давлати точикон бо сарвари окилу донояш.

Мӯҳтарам:
Пешвои миллат
Қаҳрамони миллии Тоҷикистон
Ҷаноби олӣ
Президенти Тоҷикистон
Раиси Ҳукумати Тоҷикистон
Раиси ҲХДТ
Сарфамондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Раиси анҷумани тоҷикони Ҷаҳон "Пайванд"
Боварии комил дорам, ки Шумо ба хамаи ин сазовор хастед. Номи Шумо аллакай дар сахифаи таърихи точикон сабт гардид ва на барои 5,10 балки барои ду дахсола. Холо, ки лоихаи конун имзо нагардидааст аз Шумо эхтиромона хохищ менамоям хамчун як шахрванд, ки Шумо шахсияти замини ва хоксортаринед амикан хангоми имзои он тахлилхои "тарафдор" "зид" ва "бетараф"-ро на аз нуктаи назари вакилони мардуми балки худи мардум истифода намоед. Албатта усули мазкур ба Шумо унвони Президенти мардумиро додааст. Боки саломат ва дар панохи Худованд бошед!

порс
Шумо чун точики асил аз руи вичдонатон бахо дихед! Ё шояяд шумо аз хамон шикамсерони бехабар аз гуруснаву дар ба дару по барахна бошед?!

Мухочир
Зинда бод чаноби оли,пешвои миллат!Хок бар сар кунед душманон!

chi haq dori,az nomi tamomi mardumi jabrdida gap mezani,oyo dar umri yagon ruzi BEBARQIRO didayi???

Хайдаров махмади
Бар ту табрик унвони пешвои миллат чаноби оли шумо са3овори хастед бар бо дар дуне хеччи3 ло3им нест хамин тенчи о3оди оварди бар бо хаминашба шукр шумо марди худодод хастен рахмат ба падару модарат бо чунин фар3анде ки ба дуне овардан худованд чояшон чанат бошад шумо бахамаш 3ебандаед худованд нигахбонат бошад чаноби оли холо дигарон фикр мекунан ман ягон сумдори дигарам не мо хона надорем камбагалем аммо бахаминашам шукр асос мо тин ва о3од 3индаги мекунем шабхо тину ором хоб меравем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)