Бахшҳо

ВИДЕО: Додситонӣ дар бораи гуруҳи 300 нафарии Ҳоҷӣ Ҳалим ва зикри Кабирӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 25 сентябр бо пахши як гузориш тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатӣ изҳор дошт, ки Абдуҳалим Назарзода, аз соли 2010 то моҳи августи 2015 бо дастури Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуруҳи ҷиноӣ ташкил карда, мунтазам ба онҳо аз 400 то 600 сомонӣ маблағ пардохт мекардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон шумораи умумии гуруҳи Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалимро 300 нафар арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки "аз соати расо 20 то 4-у 40 дақиқаи шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли 2015 Назарзода бо сардори Раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиа, полковник Умаров Ҷунайдулло Сатторович, муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳ, полковник Сафаров Назармаҳмад Муродович, сардори шуъбаи разведкаи ҳарбии қушунҳои хушкигард, полковник Юнусов Умар Кенҷаевич ва дигар шариконаш, аз ҳисоби собиқ хизматчиёни ҳарбии баталони 25-и қисми ҳарбии 31001, аз ҷумла Муродов Сарабек Баротович, Абдуллоев Зиёриддин Қодирович ва дигар нафарони айни ҳол шахсияташон барои тафтишот номаълум, ки ҳар яке аз онҳо гурӯҳи муайянеро сардорӣ мекарданд, нақшаи ҳамлаи мусаллаҳонаро зидди намояндагони сохторҳои қудратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакиро тарҳрезӣ карданд. Ба ин мақсад, Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва истифодаи нақлиёти хизматии сохторҳои Вазорати мудофиа, якҷоя бо ҳаммаслаконаш ба бинои маъмурии Дастгоҳи марказӣ ва ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона даромада, аз он ҷо 645 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 64 ҳазору 445 дона тирҳои қутрашон ҳархеларо тасарруф намуда, ба ҳудуди корхонаи хусусии нонпазии худ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш-55 интиқол додаст”.

Мақомот таъкид мекунанд, ки бо супориши Назарзода Абдуҳалим зиёда аз 100 нафар дар саҳни ҳавлии корхонаи мазкур ҷамъ омада, бо либоси ҳарбӣ ва силоҳ таъмин шуданд.

Дар идома аз ҳамлаи ин гуруҳ ба ШКД-и Ваҳдат ва ба кормандони “ОМОН” дар гардиши фурудгоҳи Душанбе зикр шуда, таъкид гардидааст, ки дар натиҷаи амалиёт 125 шарики Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт ва 25 нафар кушта шудаанд. Манбаъ мегӯяд, тафтиши қазия идома дорад.

Ин гузориш дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, на худаш ва на аъзои боздоштшудаи ҳизбаш ба ҳаводиси ахири марбут ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим рабте надоранд.

Кабирӣ дар суҳбати катбӣ бо “Озодагон” гуфт, иддаои Додситони кулли Тоҷикистон алайҳи худи ӯ ва аъзои ҳизбаш поя надоранд. Ба гуфтаи раиси ҲНИТ, "ҳадаф аз сохтакории мақомоти тоҷик ва рабт додани аъзои ҲНИТ ба ошӯби Назарзода" дар пайгарди байналмилалӣ қарор додани ӯ мебошад.

Раиси ҲНИТ ҳаводиси ахирро фурсати муносиб барои пиёдасозии ҳадафи ҳукумат нисбати ҲНИТ хонда, афзуд, "омилҳои ин амали Назарзодаро бояд дар сиёсати нодурусти ҳукумат ҷӯст".


Мӯҳр
Ношукр
Дуруг Эй мардум шумо гулом хохед гашт баъ ба Кадри ХНИТ мерасед ки дер шуд

Махмудбек
Хуб шуд, ки инхоро сари вакт дастгир ва безара гардониданд набошад боз вайронкорихояшонро давом дода бар сари миллати точик бадбахтихо меоварданд. ХНИТ хама зархарид мебошад.

искандар
ин куршапаракхо мехоханд бо пари худ Нури офтобро бипушонанд аммо дер шуд валлохи агар зеро Тилло дар ифлоси хам бошад маълум аст !

МуХочир
оббо агар Хочи 300 нафар медошт дар як щаб душанберо мегирифт

миллат
Не ин гапхо ба мантик наздик нестанд...

Мехостам аз прокурори генерали пурсам ки рузи шанбе рузи кабули шахрвандон майян шудааст чаро мардумро ба хар бахона аз даромадгох даромадан намемонанд. Дар берун шахсони алохида истода аблава мекунанд ва ку шиш мекунанд ки шахрвандон ба кабул надароянд ин чи адолат аст? Мухтарам Юсуф Рахмон шумо барои чи дар ин маком карор доред е шумо танхо супоришхои махсусро дида мебароеду арзхои шахвардонро ба эътибор намегиред. Адолати моро ки химоят мекунанд.? Ду хафта мешавад моро ба кабул намегузоранд даромадан.

Озодагон ташакури зиёд. Ман ба хамма маколахои шумо посух додам аммо ягонтаи онхоро шумо чоп накардед. Намедонам гапхоеро чоп мекунед, ки аз хондани он дили одам хунук мешавад вале посухои каме бо маъниро чоп намекунед. Хамин точикиш чунин мешавад. Хонанда бисёр шуд, нозу нуз низ зиёд мешавад.

Сатор Росия
Мискин хараке,ки орзуи дум кард, Ноефта Думби худ ду гуш гум кард!!!!!!!.

Рости гап оянда чандон равшан нест. Мебинем чӣ мешад. Аз ин бад нашавад шуд.

слава героям отдавшим свою жизнь за свободу народа !

Касе инхоро ба ин рох бурд, ёким худи инхо рафтанд... окибат мурдан..Бародарон аз Шумо як хохиш факат дар хаки ин бародаро дуо кунед. ва аз радио озоди илтимос дар барои ин ягон статяи дигар чоп накунед.. за ране рахмат

муосир
Баъд шумо бояд мегуфтед, ки "Ин дар холест, ки Мухиддин Кабири гуфта буд, ки бо Назарзоди дусти наздик хастанд".

Мувофики оиномаи ХНИТ «ХНИТ хамчун хизби сиёс= ба шумор мерафт», лекин рохбарон ва тарафдорони ин хизб сиёсати диниро пеш гирифта буданд. Ин ба он оварда расонид, ки пеш гирифтани сиёсати дин= сабабгори барангехтани кинаву адовати дин=-мазхаби дар чомеа гардид.

М.Кабири ва Назарзода А. якчоя шуда, фикр карданд, ки бо ду суми «Хочагони хоричиашон» «переворот» карда хукуматро ба дасти худ мегиранд, аммо хатто карданд. Онхо фикр карданд, ки хукумати имруза ба монанди хукумати солхои 1990-ум аст. Хукумати имруза коматашро каме хам бошад рост кардааст. Кувваташ ба чунин гуруххои ба мисли Назарзода А. ва Кабири мерасад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)