Бахшҳо

Маҳкумияти модаре, ки духтари 11 солаашро ба бистари тоҷири чинӣ даровард

Додгоҳи шаҳри Душанбе Зайнабибӣ Сафарова, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки духтари 11-солаашро иҷборан барои истисмори шаҳвонӣ дар ихтиёри тоҷири чинӣ -- Абдулажан Абдулайтӣ додааст, ба 29 солу 8 моҳи зиндон маҳкум кардааст.

Тибқи иттилои мақомот, Сафарова барои ба шавҳар додани духтари ба синни 14 норасида ва қаллобӣ дар ҳаҷми калон гунаҳкор дониста шудааст. Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда аз соли 2008 монеи таҳсили духтараш шуда, моҳи августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе як хонаро ба иҷора гирифта, духтараш -- Мижгонаро ба ақди никоҳи Абдуллажани 35-сола даровардааст: “Дар натиҷа Мижгона ҳомиладор мешавад ва модару шавҳараш ӯро дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе водор ба исқоти ҳамл мекунанд”.

Сафарова инчунин дар он айбдор дониста шудааст, ки бо роҳи қаллобӣ ба боварии шаҳрвандон -- Салимдодов, Қосимов, Мустафоқулов, Дилмуроди Қурғун, Яҳё Самӣ ва Симилзян Кайму даромада, тайи солҳои 2012-2013 аз онҳо зиёда за як миллион доллар гирифтааст. Бо қарори додгоҳ ӯ муваззаф шудааст, ин маблағро баргардонад ва дар ҳаҷми 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима супорад.

Абдуллажан Абдулайтӣ, ки Сафарова духтарашро ба ӯ додааст, яке аз тоҷирони маъруф ва роҳбари ғайрирасмии уйғурҳои Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки қаблан барои таҷовуз ба номус ва никоҳ бо ноболиғ 18 сол равонаи зиндон шуд, аммо додгоҳи таҷдиди назар ахиран ин муҳлатро то 10 сол кам кард.
Ин қазия танҳо баъди огоҳ шудани тағои ҷабрдида аз ин ҳол оммавӣ шуда буд ва қаблан “Озодагон” иттилоъ дод, ки модари ин духтар ба ивази қарзаш аз тоҷири чинӣ розӣ шудааст, фарзандаш мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор бигирад ва ӯро маҷбур ба исқоти ҳамл кардааст.

Абдулажан Абдулайтӣ аз муссисони бозори “Сомон”, яке аз калонтарин бозорҳои шимоли Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки соли гузашта барои соҳибии он миёни шаҳрвандони Тоҷикистон кашокаш авҷ гирифта буд. Як сол қабл намояндаи Абдулажан Абдулайтӣ -- Абдукелиму Шадике ба далели нақзи қоидаҳои будубош аз Тоҷикистон хориҷ шуд ва ин кор сабаби кашмакаш барои ишғоли курсии раиси бозори “Сомон“ гардид.
Мӯҳр
Домулло
Мардуми сода шуморо русхо фиреб карда фарханги шуморо аз байн бурданд, имрузхо дар Русия аз дах сола сар карда духтари бокира ёфт намешавад. Охир бо никохи халоли чи зарар доштааст. Духтар ки бемории занона хайз бинад. Ба балогат мерасад.

Ба посухи охирин, яъне ба Чавохир гуфтаниям; Чаро хамеша дар гунохи нафаре аз давлату ту хукумат айб мечуед? Шумо дар гуфтахоятон иктибос аз кашокии мардуми точик овардаед? Гуфтахоятон хандаовар аст! Вакте, ки ин зан як миллион маблагро сарфи назар аз кучо бо кадом рох ёфтаю гардиш додааст у кашок аст?
Мебахшеду Пойро ба курпа нигох карда дароз кардан лозим. Дар хама давру замон мехнат кардаю баъд рохат ёфтаанд.
Хоб рафтаю аз давлат норозиги намудан нишони Номарди аст!!!

АДВОКАТ
Паёмбар(с) гуфтааст: Фақр дар остонаи куфр аст. додрас дар ҳаққи ин модар бедодгарии аз ҳад зиёд кардааст. бОЯД ГУФТ, ИНҶО ТАНҲО ИН МОДАР ГУНАҲКОР НЕСТ, БАЛКИ ФАҚРУ НОДОРИЕ, КИ ДАВЛАТ БА САРИ МАРДУМ ОВАРДААСТ, САБАБИ АСОСӢ ШУДААСТ. аДОЛАТ ГУФТА ИН СУДЯҲО ҲАМАРО, ҲАТТО БЕГУНОҲОНРО ГОВСУД КАРДА ИСТОДААНД, ОЗОДАГОН АЗ БОВАРӢ НАБАРО.

Заррина
сайби маърифати хукукии ту холо дар сатхи паст карор дорад аз ту барин модари бесавод духтар чи ед мегирад ин хам аз шумори туст давомашро худат фикр кун...................

Курбокулди
Ки хамин точирхои бадбахти хитойи ва уйгурро ба кишвари мо ичозати вуруд медихад ва ба онхо боз имконияти бозор кардан медихад? Онхоро хам хамрохи хамин бадбахт шинонидан даркор. Точикистонро ин уйгуру хитойихои чиркину бадбуй кардаанд. Заминхоро хам бо онхо фурухта истодаанд ва хамаи махсулоташон пур аз дорухои химияви. Оянда Точикистонро Хитойи 2-юм мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)