Фарзия: "Ҳамлаи шарикони Ҳоҷӣ Ҳалим ба хонаи Холов барои ғизо"
Суҳроб Холов, сокини 15-солаи деҳаи Сорвои дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат шаби 14 ба 15 сентябр ҳадафи ҳамлаи афроди номаълуми мусаллаҳ қарор гирифтааст.
Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба бахши хабарии радиои Аврупои Озод дар Осиёи Марказӣ иттилоъ додааст, ки ҳамла тақрибан соати 22:00-и 14 сентябр сурат гирифта, Суҳроб Холов то беҳуш шуданаш латту кӯб шудааст: “Суҳроб дар хона танҳо будааст ва вақте садои қадамгузориро мешунавад, берун мебарояд, то бубинад, кистанд? Дар берун се нафар ба ӯ ҳамла овардаанд”.
Ба иттилои манбаъ, Холов гуфтааст ҳамлаварон риш дошта, мусаллаҳ буданд: “Онҳо аз хона танҳо маводи ғизоӣ гирифтаанд. Мақомот барои муайян ва дастгир кардани ҳамлаварон талош доранд”.
Бахши хабарии Осиёи Марказӣ аз қавли манобеаш иттилоъ медиҳад, ки гуруҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит ба мушкили ғизо дучор шудаанд. Чанд тан аз боздоштшудаҳои гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим қаблан ба мақомот гуфтаанд, гуруснагӣ онҳоро водор намуд, худро ба мақомот таслим намоянд.
Хабари ин ҳамла дар ҳоле нашр мешавад, ки ба иттилои сокинони Ромит шаби гузашта дар ин минтақа то ду сантиметр барф боридааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |