Бахшҳо

Ду корикатураи дигари баҳсбарангези “Шарли Эбдо” (АКС)

Маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо” (Charlie Hebdo)-и Фаронса, ки барои нашри корикатураҳои тавҳиномез борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст, дигарбора мавзӯи баҳсу вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Дар шумораи ахири маҷалла корикатураи кӯдаки суриягӣ – Олон Курдӣ нашр шудааст. Навори ҷасади беҷони ин тифли сесолаи гуреза дар соҳили рудхонаи Туркия ахиран тамоми оламро такон дода буд.

“Шарли Эбдо” ду корикатураи рассом Лоран Суриссоро чоп кардааст. Дар яке аз онҳо ҷасади кӯдаке тасвир ёфта, ки рӯй ба замин аст. Ин расм навиштае бо мазмуни “Хуш омадед, муҳоҷирин!” ва “Ӯ то расидан ба ҳадаф хеле наздик буд”, дорад, навиштааст The Independent. Дар пушти ҷасад таблуи рекламавие дида мешавад, ки дар он навишта шудааст: “Промо-аксия! Ду менюи кӯдакона бо арзиши якто!

Дар корикатураи дувум паҳлуи кӯдаки ғарқшуда марде тасвир шудааст, ки ба гуфтаи коршиносон паёмбар Исо мебошад. Навиштаҷоти ин расм чунин аст: “Шаҳодати он ки Аврупо масеҳист. Масеҳиҳо бо рӯи об ҳаракат мекунанд, кӯдакони мусалмон ғарқ мешаванд”.

Нашри чунин корикатураҳо дар ҳолест, ки Зуҳри 7 январи соли равон як гуруҳи мусаллаҳи номаълум ба дафтари кории ин маҷалла дар Париж ҳамла карданд. Дар пайи ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла, Стефан Шарбоне, сармуҳаррири маҷалла, Бернар Верлак, Жан Кабу ва Жорж Волински, ки ҳамчун рассом кор мекарданд, кушта шуданд.

“Шарли Эбдо” чанд маврид тасвирҳои танзомезе ҳам ба паёмбари мусалмонҳо -- Муҳаммад (с) нашр кард, ки бо вокуниши ҷомеаи мусулмонӣ рӯбарӯ шуд.

Ду корикатураи дигари баҳсбарангези “Шарли Эбдо” (АКС)

Ду корикатураи дигари баҳсбарангези “Шарли Эбдо” (АКС)
Мӯҳр
Сабо
ин кофарон барои худ ба чуз бадбахти дигар чизе намекунан.

Биродарони ахли ИСЛОМ! КУРЪОНро хонед,хонед, хонед ва боз хам хонед ва ХУДОИ ЯГОНАРО ситоиш ва сачда кунен то ба максуд бирасен боки хама хечччччч ! Ба хар як гапхои домуллохои бесавод гуш накунен ,чун ФИРДАВСИи БУЗУРГВОР фармудаанд :
Зиёни касон бахри суди хеш ,
Бичуяду дин андароранд пеш!!!!!

р
Шухрат,
марги саддом хушнудам кард

nabi farhor
Ин мачалаи шарли эбдо,бо як тахкираш миллионхо доллар ба даст меорад.Пуштибони ин мачала президентхо хастанд.Ташкилкунандаи ин кор худи президентхо мебошанд.Аз дасти мо факат дуо кардан меояд.Худовандо касе болои мусалмон даст боло мекунад,хору залилашон гардон.Омин.

Justice
Бо баъзе беору беномусхо "Я Шарли" гуфта мебароянд.

ку лидерхои давлатхои Араб, лидерхои мусулмонон? Чаро мусулмон мусулмонро кушта истодааст? Чро мумсулмон аз мусулмон дар Аврупо панох мечуяд?Чаро мо Аврупоро чанг мекунем, дар холе ,ки бародарони мо аз Точикистон хам ба ИГИЛ мераванд, то мусулмонро бикушанд. Шарли худ шайтон аст, мисли он мусулмононе, ки мусулмонро кушта худро худопараст мешуморанд. Дар марги Алан мо мусулмонхо айбдор хастем, мо уро водор кардем, ки тарки Ватан карда дар пеши христианхо мадад чуяд.хакикат талх аст, вале чунин аст.

Ку давлатхои мусулмон? Ку лигаи давлатхои Араб? Вакте ,ки мусулмон мусулмонро мекушад, чи чои шиква аз христианхост?Шарли шайтон аст, мисли он шахсоне,ки ба ИГИЛ хамрох шуда мусулмонро мекушандДар марги кудаки бегунох Алан айбдор худи мусулмонхо хастанд. баъзе чавонон аз Точикистон ба ИГИл рафта мусулмонро мекушанд, ва Алан низ бо оилааш аз чунин псевдомусулмонхо гурехт, то дар Аврупои христианхо панох чуяд. Хайхот. Хакикать талх аст, вале чунин аст.

карим
Мо мусулмонхо кай дарс мегирем? Ана бинед, Аврупо чи хел ба холамон механдад. Аз он ки Шиъаву Сунни гуфта якдигарро мекушед, якчоя шуда, бо Шарли Эбдо баринхо чиход эълон кунед!!
Шиъа ва Суннихо!!! Бас кунед кисмат кардани исломро. Ин оят аст дар Куръон. Душман (Яхуд) дар камин аз ин таксимот истифода бурда истодааст. Мавлоно дар маснавиаш макри яхудро ба мо кундзехнхо таъкид кардааст!!! Хушёр бошед!!!

Озодагон!! Аз Озоди дилам монд. Хакикатро чоп намекунад. Мисли онхо нашавед!!

Ман суханхои шуморо нафахмидам, лек гуфтани будам он Худое, ки моро аз мушти хоке халк кардааст ва тахкири тифле, ки хазор орзухои ширини кудаки дар дил дошт ин худ як амали терористи ва гайри инсони аст. Чун аз Бобои Одаму момаи Хаво, форсу аз авлоди Сино набоши пас аз осмон афтодаи? Дар чавоби мисраихои оварда шуда бори дигар тасдики гуфтахо, ки Шайхи бузургвор Саъди фармудааст.
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи ЯК ГАВХАРАНДДДДД!

Рустам
Ба АиБ ! Савьияи донишат аз навиштахоят
маьлум аст. Фарки марду зан намекуни худоро аз кучо мешиноси? Туро чи мондааст коментнависи, бехтараш бираву копату ломат бикун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)