Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалиму "фитна"-и ҲНИТ: Хориҷиён даст доранд...

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода – “Ҳоҷӣ Ҳалим”-ро дузахӣ, хиёнаткор, хизматгори хоҷагони хориҷӣ ва Ҳизби наҳзати исломиро фитнаангез хонд.

Абдулқодирзода имрӯз, 11 сентябр қабл аз намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе изҳор дошт, "Ҳоҷӣ Ҳалим" хиёнаткорияшро такрор намуда, модари тоҷикро боз гирён кард. Муфтии Тоҷикистон гуфт, аз ҳоли хонаводаҳои кормандони ҳалокшудаи мақомоти умури дохилӣ хабар гирифтааст, ки ҳамсарони ҷавону кӯдакони ноболиғ доранд: “Ба ҳоли онҳо гиряи одам меояд”.

Раиси Шӯрои уламо аз нуқтаи назари шариат изҳор дошт, афроде, ки монанди "Ҳоҷӣ Ҳалим" бидуни гуноҳе мусалмононро мекушанд, ҷояшон ҷаҳаннам мебошад. Муфтӣ таъкид намуд, дар хиёнати гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" хоҷагони хориҷияшон даст доранд, ки агар ин амалашонро анҷом намедоданд, барояшон марг мебуд: “Ҳоло, ки анҷом доданд, барояшон марг аст. Ду понздаҳ як сӣ”.

Абдулқодирзода таъкид намуд, хиёнаткории "Ҳоҷӣ Ҳалим" бори аввал набуда, ба қавли ӯ солҳои 90-уми асри гузашта ҳамроҳ бо Ҳизби наҳзати исломӣ мардумро ба ҷанг кашида буд: “ҲНИТ фатво баровард, ҳар касе майдон набарояд, занаш талоқ мешавад. Бо ҳамин фатво чалламуллоҳо мардумро ба майдон кашиданд, ки дар натиҷа 150 ҳазор нафар ҳалок шуд. Ин ҳама натиҷаи фитнаю найранги ҲНИТ аст”.

Ӯ илова намуд, феълан дар ҷаҳон ягон ҳизби исломӣ бе хоҷагони хориҷӣ фаъолият намекунад ва дар лаҳзаҳои муносибу зарурӣ ин аҳзоб алайҳи уммати Ислом истифода мешаванд.

Мавъизаи муфтӣ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти наздики 90 узви гуруҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" ва кушта шудани 22 шарикаш хабар дода, афзуданд, амалиёт алайҳи ин гуруҳ дар Ромит идома дорад.
Мӯҳр
ali
Усмон ачоиб одами да охир муфти аз холи модари Умар Бобочонов бигуяд ба хочааш махкул намеша охир ин дарборихо хочахои дохили доранд.

Барое ки як халими дигар набарояд хукумат бояд муомилаашро нисбати мусалмонхо дигар намояд.

Охо ин муфти ганда гизала шудааст, ку. Дар масчид дар намози чумъа бояд у амри маъруф аз худою расул гап занад. Хамеша мавъизаи у сиёсат аст. Охир як сухани дунё дар масчид 40-сола ибодату савобро месузонад, магар муфти ина намедонад.

рамз
Муфтии мухтарам! Кори сиесатро ба дигарон гузоред. Аз сийосатварзии козихову муфтихо дар харосем. Амру маьруфатонро карда гаштан гиред.

Бародарон як таклиф! Барои мо мардуми Точикистон хамин Муфтию Муфтиот чи даркор. Биёед як фикр кунем, хамин муфти ягон бор ба ягон масъалаи динни дахолат кардааст? Оё вакто ки хукумат бар зиди сатру риш, ва рафтани чавонон ба масчид карор кабул карду сатрдоронро тахкир карданд чавононро аз масчид берун карданд, ришдоронро ришашонро тарошиданд, муфти ва муфтиёт ягон ваз гуфт? Чи дар кор ин мардуми муфтхур ки вазифаашонро ичро намекунанд. Биёед муфтиро аз кор гирему муфтиётро пароканда кунем ва харачотхояшонро бар маъоши мулиму духтурон зам кунем. Аз гови бешири шохзан, огили холи бехтар.

Голиб
Бачахо хамин риш хуб аст ё ки тинчию ороми ?

Голиб ту беакл бача бдай риш ба тинчиву ороми ё чангу фитна чи дахл дора бе ришхо як шав рав калхози расия дигар чойхо кани бин унхо чи кор мекнан унча апаюхохари ману ту ту набоша аз бародарони мо хаст ин Хдозадахо харшав дар унчо меканан

Ay ahvoli oilai bevazanho habar girifta girya kardi vale ofarini zanhoi javoni muhojironi nobudshuda kay habar megiri ba dodi onho kay hohi rasid. Ba bevazanhoi kormandoni dohili davlat kumak hohad rasond a ba bevazanhoi muhojiron ki kumak hohad rasond... Ba hama boyad bo yak chashm nigoh kad vagarna azobi sahte dar pesh ast....

абубакр
Агар хочи Халим ба давлал хиёнат карда бошад шумо муфти точикистон ба Ислом хиёнат кардестен.

Муслим
Бобои муфти, дар асл бояд аз хонаводаи Умари гуррамарг хабар мегирифтед. Якта нанг карда равед- чи??...
P.S Пешниходи чолиб- ихтисори муфтиёт...))

Гапхои Хуб Муфти мухтарам Ороми давлат Ороми Халк Хаст.Мухабати халк Пешрави Давлат Хаст

abdullo
Харки демократ нест кофираш хонданд. Имруз мусалмон будан чиноят аст. Муфти ки чунин мегуяд, пас вой бар мусалмонон,. Аз шумии ин хочагон ягон балое ба сари мардуми точик миёяд.

Трҷики пушаймон
Баъди ҲНИТ, ҳизбӣ Комунистиро терористи элон мекунанд, бад ҳамаи бо ном тоҷи чашм танг ба дунё меоянд, ана бад Тоҷикистон=вилояте дар Хитой шинохта мешавад.

гулом
муфтии мухтарам чаро шумо аз холи мазлумоне ки аз дасти ин милисаву хукуматдорон маъюб ва кушта мешаванд ва масчиду мадрасахоро мебанданду дарсхои куръонро мебанданд якбор дар намози чумъа намегуед азин мебароядки бароишумо аз охират дунйо шерин

обоо хдора сад бор шкр ки калиды чаханам дар дасти хамин муфтий точикистон нест агане доим дарша боз мемона барои хар касе кий хушон наояд

хайрон
Чаноби муфти тутивор мегуяд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)