Эътирози навбатии Тошканд алайҳи “Роғун”
Бахтиёр Абдусамадов, раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зисти Узбакистон дигарбора алайҳи сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар Тоҷикистону Қирғизистон баромад карда, изҳор доштааст, онҳо барои кишварҳои поёноб пайомадҳои фоҷиаовари иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ доранд.
Абдусамадов, ки ҳайати Узбакистонро рӯзҳои 7-8-уми сентябр дар конфронси “Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” дар Берлин раҳбарӣ мекардааст, изҳор дошта, кишвараш бо роҳандозии технологияи муосири обёрӣ тайи 24 соли охир сарфаи обро 20 дарсад коҳиш додааст. Ба таъкиди ӯ, барои сарфаи об Узбакистон давоми 10 соли охир 2 миллиард доллари амрикоиро ихтисос додааст.
Ин дар ҳолест ки тибқи гузоришҳои байналмилалӣ маҳз масрафи барзиёди об дар майдонҳои кишти Узбакистон боиси хушкшавии баҳри Арал гардидааст. Мухолифати Тошканд алайҳи нерӯгоҳҳои бузург дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон қасд дорад, бо бунёди нерӯгоҳи 3600 мегаватии Роғун мушкили бебарқиро ҳал кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |