Бахшҳо

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар парвандаи ҷиноӣ боз карда, гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ амволашро ҳисоб намудааст.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон гуруҳи тафтишотӣ муайян кардааст, ки Назарзода ё худ Ҳоҷӣ Ҳалим соҳиби истироҳатгоҳҳо дар Варзоб, ширкати сохтмонӣ, хоҷагии кишоварзӣ, коргоҳи дузандагӣ, коргоҳи нонпазӣ, тарабхона, толори варзишӣ, хоҷагии чорвопарварӣ, хоҷагии асппарварӣ ва як қатор иншооти дигар мебошад.

Тибқи гузориши мақомот Ҳоҷӣ Ҳалим ғайриқонунӣ соҳиби молу мулки зиёд шуда, аз ҳисоби даромадаш ба гуруҳи шарикони худ маблағҳои муайян медодааст: “Аз ҷумла корхонаи нонпазӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанберо гирифта, дар ҳудудаш ғайриқонунӣ хонаи сеошёна бунёд намудааст. Зимни кофтукоб аз ин хона фиттаҳо зиёди динӣ дарёфт гардидаанд”.

Инчунин ба иттилои мақомоти тоҷик Ҳоҷӣ Ҳалим дар ноҳияи Варзоб се истироҳатгоҳи боҳашамат бо номи “Зафар”-ро бунёд намудааст, ки арзиши хеле гарон доранд: “Дар баробари ин Назарзода бинои Донишкадаи геодезии Академияи улумро дар гузаргоҳи 3-юми маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ соҳиб шуда, баъди таъмир ба манзили истиқоматӣ табдил додааст. Дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст”.

Манбаъ мегӯяд, Назарзода хоҷагии деҳқонии “Тобистон”-ро, ки 148 гектар заминро фаро мегирад, барои парвариши зироатҳо ба шахсони алоҳида супоридааст: “Дар ҳудуди ин хоҷагӣ инчунин фабрикаи мурғпарварӣ фаъолият мекунад”.

Мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки хоҷагии номбурда чор маротиба бо қарори додгоҳ ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Ваҳдат гузошта шудааст, аммо Назарзода бо роҳҳои гуногун, бо ҳалномаи Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон баҳсро ба манфиати худ ҳал намудааст.
Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин собиқ соҳиби корхонаи мурғпарварии “Тарз” муаррифӣ мешавад, ки онро ба ивази 500 ҳазор ба Саъдулло Насруллоевич фурӯхтааст: “Дар баробари ин 15 гектар замини ширкати “Сохтмон Р”-ро, ки дар гузашта бо номи “Лесоснаб”-и ноҳияи Шоҳмансур машҳур будааст, аз худ карда, қисм-қисм ба шахсони алоҳида фурӯхтаю ба иҷора додааст. Инчунин аз ҳудуди ин корхона дар шафати кӯчаи Зебуниссо Ҳоҷӣ Ҳалим толори варзишии “Лидер” ва тарабхонаи “Зайтун”-ро бунёд кардааст”.

Гуруҳи тафтишотӣ инчунин муайян намудааст, ки собиқ муовини вазири мудофиа дар кӯчаи Аҳмади Дониш кафе-бари “Бахтиёр”-ро бунёд кардааст: “Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб як мағозаи фуруши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дузандагӣ вуҷуд доранд, ки тибқи бархе маълумот ба зани сеюми Ҳоҷӣ Ҳалим тааллуқ доранд”.

Ҳоҷӣ Ҳалим инчунин соҳиби хоҷагиҳои асппарварию парвариши чорвои калони шохдор дар ноҳияи Рашт муаррифӣ мешавад.

Мақомот мегӯянд, собиқ муовини вазири мудофиа бо аҳли оилааш дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе дар як бинои 12 қабата 5 хонаи ошёнаи 5-умро харидорӣ карда, дар он ҷо зиндагӣ мекардааст: “Ҳамчунин дар хиёбони Рӯдакӣ-187 ошёнаи сеюми як бинои сеошёнаро харидорӣ намудааст”.

Ин иттилоияи мақомот дар ҳолест, ки гуфта мешавад Ҳоҷӣ Ҳалим солҳои 90-уми асри гузашта дар хориҷи кишвар ба тиҷорат машғул будааст ва баъди имзои шартномаи сулҳ бо маблағи калон ба Ватан баргашта, корхонаҳои зиёдро харидорӣ намудааст.


(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм

(АКС) Ҳисоби амволи Ҳоҷӣ Ҳалим: Аз корхонаҳою тарабхона то сехи зани 3-юм
Мӯҳр
ш Душанбе
о як хизмачии Давлати ин кадар молу кол доштааст... гайри конуни ....мебахшед коркунони сохтори давлати кучоя нигах мекарданд....хайфи хаминхел хунукназари ......

Махфи
Ман хайрон инкадар моликиятро шахиси кардаст чаро макомоти дахлдор надиданд? Ччитавр аз худ кард? Тавасути ки? Боз хам об аз боло лой хаст!

То сар задани мочаро, касе ва чизи уро намедид, холо бошад тамоми молу мулки уро (фирориро) гайриконуни мехонанд! Прокурор (ва дигар макомотхои кудрати) худ гунахкор аст, до ин дам ба кучо менигарист?!

Барои чи то хомимруза инро исбот накардед имруз осада хамаша гайри конуни гуфта ба манфиати худато мегиред

кулябец
Барои чи дар вакти чонишини вазир буданаш ин факту ракамхо тафтиш ва санчида нашуду баъди гурехтанаш дар муддати се руз ошкор шуд ?????
Бовари дорам ки тамоми вазирон ва мансабдорон чунин корхонахои гайри конуни доранд. Ва то дар вазифа буданашон хеч кас ба онхо хадди сухан гуфтан надорад !!
Чи хел дар макомотхои олии Точикистон чунин шахсони тасодуф чой мегиранд ?

Аз чи кам буди . молу мулки бисер одамро вайрон мекардааст.......акнун дар назди конун якруз джавоб мети

истиклолият
И чихели давлатай ика сол гайри конуни хамара ай худ кадай прократура хоб буд. Э ВАЗИРО ояндаи хамаи шумо хамин так что Хурсанд НА ША ВЕД. чунки шумоен закот наметен Агар закот медоден ин хел намешуд.

Бо ҳаминқадар молу давлат боз ба вазифаи хеш ва ватан хиёнат кардан ба ақли одамӣ намеғунҷад! Маст шуда будааст, ҳоҷии хоин! Шояд дигар вазиру кабирҳо низ соҳиби ҳамин хел молу мулки ҳангуфт бошанд. То рӯзе онҳо ба даст наафтида, лаббайк гӯён "иҷрои вазифа" мекунанд, мақомоти расмӣ парвояшон надоранд. Вале, андоз, андоз чӣ? Оё ин генерали ҳоҷӣ ва амсоли ӯ аз ҳамаи ин дороияшон андоз месупурданд ё месупоранд? Худо медонад! Агар ин тавр мебуд, аз тиҳигии хазина Ҳукумати мамлакат даст ба кисаи соҳибони телефонҳои мобилӣ зада, ба сокинони худ иловатан 80 дирамӣ андоз намебаст. Андоз не, ба ном андозҳои бозорҳо ва дигар иншоотҳои бузурги кишвар ба кисаҳои бетаги кӣ мераванд, ба қавле, ҳоҷати шарҳ нест. NO COMMENT!

Мардак дар вакташ тичорат када пул чамъ овардааст, ош шава барои захматаш ,

Макомотхои мо да хисоб китоб устагон надоранд. Аз ин фахмида мешавад ки натанхо Хочи Халим дорои ин хама молу мулк хаст , худи шумо низ хукуматдорон дорои ин хама мебошед. Аз шуморо ки хисобу китоб мекарда бошад ??

zik
чаро дар сари кудрат буданашон моликияташ хисоб карда намешавад шумо боин малумот хои додаатон дили мардумро аз аз хукумат сард мекунед.

Салим
хоҷагии номбурда чор маротиба бо қарори додгоҳ ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Ваҳдат гузошта шудааст, аммо Назарзода бо роҳҳои гуногун, бо ҳалномаи Суди Олии Иқтисодии Тоҷикистон баҳсро ба манфиати худ ҳал намудааст.
Шахсе, ки дар Суди иктисоди бахсро ба фоидаи Хочи хал кардааст ёфтан лозим.
Ношукри гуфта ана хаминро мегуянд. Хочи Халим туро Худо задааст. Маблагхои аз дахони сарбозон гирифтаад то хамин руз насибат кард.

Ватан вайрона аз х.кматдорост ё куфор ё х,ар ду,
Мусибат аз ришдорх,ост ё майхорх,ост ё х,ар ду?!
Х,ама лофи ватанхох,и зананд, аммо намедонам,
Ватанхох,и ба хокпоших,ост ё ик,рор ё х,ар ду?!

Аз Додситони олии Точикистон хохиш карда мешавад, ки молу амволи тамоми вазирон, чонишинони вазир, мушовирон яъне тамоми лаббайгуёни точикро, онхое, ки дам аз ватандустиву сохибистиклоли сухан мегуянд барраси бикунанд, он гох мардуми точик мефахманд, ки сарсупурдаи миллаташ асту, ки сарсупурдаи молу мулкаш. Моро бехуда фиреб надихед.Аз худованд тарсед. Шабу руз дуо кунед, то худованд нафсатонро обод кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)