Бахшҳо

Бӯҳрони идеологӣ

Азизи НАҚИБЗОД

Ҳамин идеологҳое, ки аз сулҳу ваҳдат ҳарф мезаданду мардумро ба ягонагӣ даъват менамуданд, оҳиста-оҳиста мардуми кишварро вобаста ба ақида ва ҳатто имрӯз аз рӯи зоҳир ба гӯрӯҳҳо доранд қисмат мекунанд.

Ин ки гуфтанду мегӯянд замони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз айёми Шӯравӣ бештар рушд карда, борҳо шунидаем. Ҳатто ин суханонро академикҳои тоҷик ҳам боре гуфтанд. Аммо ин ҳарфҳое буд, бидуни арқоми мушаххас ва далелҳои ҷиддӣ. Дар асл ҳама медонанд, ки таи ду даҳсола дар ҳич бахше мо ба сатҳи замони Шӯравӣ нарасидаем. Онҳое ки ба андешаи мо зид ҳастанд, лутфан як бор ба сатҳи истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзии охири солҳои 80 назар андозанд ва далелу арқоми ун замонро ба ин рӯзгор қиёс намоянд. Дигар дақиқан муқоисанашаванда будани оморро дарк хоҳанд кард. Ба замми ин вазъи буҳронии кунунии кишвар бори дигар тасдиқ намуд, ки иқтисоди ҷумҳурӣ бар болои маблағҳои муҳоҷирон истода буда ва ҳоло ки Русия гирифтори буҳрон шуд, Тоҷикистон ҳам ба гирдоби бӯҳрон ғарқ гардид.

Аммо дар ин хусус инҷо иктифо мекунем. Аз хусуси идеология ва идеологҳои ҳукумати Тоҷикстон ҳарф мезанем. Идеологҳои ҳукумат солҳои охир кӯшиш ба харҷ доданд, ки чеҳраи ҲНИТ ва аъзоёни ин ҳизбро ба мардум мағшуш нишон диҳанд. Кор то ҷое расид, ки Вазорати адлия фаъолияти ин ҳизбро ғайриқонунӣ эълон намояд ва мақомот ба дари қароргоҳаш қуфл зананд. Ва дур нест рӯзе, ки Суди олӣ ҳам фаъолияти ҳизби номбурдаро мамнуъ эълон кунад. Ва ҳоло мақолаҳое ҳам дар расонаҳои ҳукуматӣ нашр мешаванд, ки аз фаъолияти комунистон интиқод менамоянд. Дигар аз рӯи воқеиятҳои Тоҷикистон таҳлил намоед, маълум аст, ки пас аз ҲНИТ навбати ҲКТ хоҳад расид.

Аммо онҳое, ки аз сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Тоҷикистон тавсиф мекунанд, чун далеле барои аз пешрафтҳои иқтисодӣ дар ин замон гуфтан наметавонанд, ҳамеша аз он гуфтаанду мегӯянд, ки Раҳмон бо мухолифон сулҳ кард. Миллатро сарҷамъ намуд ва ба ваҳдат расонд. Ва ваҷҳи Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони олии Қаҳрамони миллат сазовор донистан ва сарафроз намуданашон ҳам ҳамин буд.

Воқеан ҳам агар таърихи дирӯзаро фаромуш накардаем, пас аз созишномаи сулҳ фазои Тоҷикистон ба самти мусбат тағйир карда буд. Дар ҳақиқат мардум ба ҳам меомаданд. Миллати тоҷик ягонагиро бар парокандагӣ тарҷеҳ медод. Ва дар асл ҳам барои ҳар як шаҳрванд аз оромию осудагии кишвар болотар орзуе вуҷуд дошта наметавонад. Аммо, ҳамин идеологҳое, ки аз сулҳу ваҳдат ҳарф мезаданду мардумро ба ягонагӣ даъват менамуданд, оҳиста-оҳиста мардуми кишварро вобаста ба ақида ва ҳатто имрӯз аз рӯи зоҳир ба гӯрӯҳҳо доранд қисмат мекунанд.

Воқеият ин аст, ки имрӯз Муҳиддин Кабирӣ раис ва лидери ҲНИТ гуреза аст. Ва маълум нест, ки чи қадар аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизб дар натиҷаи фишор дар оянда гуреза хоҳанд шуд. Ман дар дарки мантиқи иқдомоти ахири ҳукмат ва иделогҳояш мушкил мекашам. Агар ин иқдомро амале дуруст шуморем, ҳарфи ваҳдат чӣ мешавад? Агар онҳоро ба рӯзе расонем, ки гуреза бишаванд, гурезаҳоро ба Ватан баргардондани Раҳмон, ки далеле барои қаҳрамонияш мешуморанд, куҷо хоҳад шуд? Агар комунистонро низ ба танг орем, чӣ?

Магар намегуфтем, ки ҳамаи мо як миллатем ва зодаи як кишварем ва ҳама ҳаққи зиндагӣ кардан дар ин марзу бумро баробар дорем?
Воқеан қобили дарк нест, ки аз ин иқдомоти ваҳдатзудо идеологҳои ҳукумат чиро мехоҳанд ба даст оранд? Чун натиҷаҳои эҳтимолиаш халалдор сохтани ваҳдати миллат ва ба шубҳа бурдани қаҳрамонии раисиҷумҳур метавонад бошад.

Бознашр аз ҳафтаномаи “Озодагон”, №34 (390) 02 сентябри 2015
Мӯҳр
Тттт
ҳамин азиз ако чи менависад, як мушт ҳарза ин одама шинохта намиша

Офарин Озодагон чи хел чуръат карди? Шумо ку аз ошкор нависи ба таърифи хукумат гузашта будед. Дар хакикат ин макола чои оли дорад дар Точикистони мо пешрави нест баръакс мо ба камбагалу бе обуру шудаистодаем. Агар хонасозихоро дар чумхур дида пешрави гуем, ин аз чайби пулдорон аст. На пешрави асту на сулх ва на кахрамони. Точикистон дар хама нуктаи дунё бе обуруй шудасту мардумаш хору залил. Як бор мард шуда чоп кунед.

30%
Максадатон чи? Боз моро гуреза кардан-ми?

maro dar zinda budan vasf kardan kahramoni nest
agar murdam bigu madhe ki bar osi sano boiad
gulomonro kanoat 4ist agar selobi nange hast
bisozem arki ozodi garam hishtash zi jon boiad
zi gaspi jumla konunho furuhtanho guzashtanho
hiionatkor kujo istad nigar 4un kahramon oiad
sari nairangbozonro gilofi tegi rustam kun
baroi nasli shaitoni juz in podosh nameboiad
zi razmi nangbori mo kuhi gurbat faroztar gasht
panah meju az on sulhe garam hijrat biafzoiad

Бародар
МО як миллатем мухтарам муаллиф хохишмандам як бор ценр азияро хонед ман махсусан даромада кофтам ки дар бораи мо баъди ин ходисахо чи менависанд як бесавод мингбой ки хатто номи одамро надорад миллатамонро сахт тахкир кардааст ба вай чавоби сахт дихед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)