Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи амалиёти муштараки мақомот то ҳол 32 узви гуруҳи генерали фирорӣ Абдуҳалим Назарзода боздошт гардида, 13 нафари дигар безарар гардонида шуданд.
Ин ниҳод бо пахши як иттилоия хабари кушта шудани 33 корманди ВКД ва Вазорати мудофиаро рад намуда, таъкид кардааст, дар баробари боздошти 32 нафар ва нобудсозии 13 узви гуруҳи Назарзода, аз онҳо зиёда аз 500 яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира шуд: “Инчунин якчанд махфигоҳи яроқу аслиҳа ва автомашинаҳои "ҶИП" ва "Седан" дарёфт карда шуд”.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, худи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" ҳамроҳи 7-8 ҳаммаслакаш дуртар аз шаҳри Душанбе ба масофаи 150 километр дар дараи Ромит пинҳон гаштааст: “Гирду атрофи ин минтақа пурра ба иҳота гирифта шуда, амалиётҳо барои дастгир ва безарар гардонидани онҳо идома дорад”.
Ин ниҳод меафзояд, бародари Назарзода - Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич соли таваллудаш 1972, ихтиёран аз гуруҳ ҷудо шуда, ба мақомот таслим шудааст: “Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ идома дорад”.
ВКД мегӯяд, дар ин амалиётҳо 9 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 6 нафар ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд: “Феълан вазъият дар ҷумҳурӣ тинҷу ором буда, таҳти назорати қатъии мақомотҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад”.Аксҳо аз навори оперативии ВКД:
Мӯҳр