ВКД: Ҳамла ба ШКД-и Ваҳдатро Абдуллоев Зиёвиддин раҳбарӣ кардааст (НАВШУДА)
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамлаи мусаллаҳона ба Шӯъбаи умури дохилии Ваҳдат аз ҷониби гуруҳи зери итоати Зиёвиддин Абдуллоев сурат гирифтааст.
Ин ниҳод бо нашри як хабари кутоҳ дар торнамои расмии худ гуфтааст, ҳамла соати 04:28-и рӯзи чоруми сентябр шурӯъ шуда, дар пайи зарбаи ҷавобии кормандони пулис “Зиёвиддин Абдуллоев ва як ҳаммаслакаш нобуд шуда, се нафари дигари ин гуруҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд”.
ВКД таъкид кардааст, ин ҳамла ба қазияи латту кӯби Умар Бобоҷонов иртибот надорад. Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар ҳам рӯзи чоруми сентябр ба “Озодагон” гуфт, наздикони онҳо ба ин ҳамла ҳеч рабте надоранд: “Ҳамаи хешу таборон дар назди ман дар беморхона қарор доранд. Писарам ҳоло ҳам дар ҳолати беҳушӣ аст”.
Умар Бобоҷонов, як сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат аст, ки ба иддаои наздиконаш аз сӯи маъмурони пулис барои ришаш латту кӯб шудааст. Ахиран бо супориши генерал-лейтенанти милиса -- Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи шахсияти Зиёвиддин Абдуллоев ва аз чанд нафар иборат будани гуруҳи ҳамлагар иттилое надодааст. Инчунин, нагуфта, ки ин ҳама хисороти ҷонӣ дар пай дошт ё на. Дар ҳамин ҳол, манбаи “Озодагон” аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, яке аз ҳамлаварон корманди пулиси шаҳри Ваҳдат буда, бо ҳамкорони худ хусумати шахсӣ доштааст. Ҳоло аз ҳалокати чор корманди пулис ва захмӣ шудани чанд нафари дигар хабар расидааст. Иттилое, ки ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар мавриди кормандони кушташуда пулис тафтишот оғоз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шоҳидон мегӯяд, субҳи имрӯз дар гардиши фурудгоҳ низ тирпаронӣ сурат гирифтааст. Хабарнигори “Озодагон” аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур рӯи замин осори хун дида мешавад: “Сокинони ин кӯча мегӯянд, садои тирпаронӣ соати 05:15 ба гуш расид. Кормандони пулис, ки дар инҷо ҳузур доранд низ ин иттилоро тасдиқ карда, аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ намуданд”.
Дар масири Ваҳдат-Душанбе постгоҳҳо ташкил шуда, мошинҳо мавриди санҷиш қарор дода мешаванд. Як манбаи “Озодагон” гуфт, чунин постгоҳҳо дар ноҳияи Файзобод ҳам созмон ёфтаанд. АКСҲО АЗ КӮЧАИ АЙНӢ, НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |