ВИДЕО: "Асалу харбуза", "Парчам"-у "Ваҳдат", "Сада"-ву "Меҳргон". Боз кадом ид намерасад?
Бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Иди “Асал ва харбуза-2015” баргузор мегардад. Барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин чорабинӣ аз ҳисоби масъулини Вазорати кишоварзӣ як гуруҳи кории махсус таъсис шудааст.
Дар Тоҷикистон ба ҷуз Иди “Асал ва хабуза”, идҳои зиёде монанди Истиқлол, Ваҳдат, Наврӯз, Парчам, Сада, Меҳргон, идҳои динӣ -- Рамазону Қурбон ва амсоли инҳо зиёд ҷашн гирифта мешавад. Дар пасманзари ин, хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсид, ки КАДОМ ИДРО НАДОРЕМ ва чи ИДИ ДИГАРЕРО БОЯД ТАҶЛИЛ КУНЕМ?
Посухҳо якранг набуданд. Иддае мегуфтанд, "ҳама идҳоро дорем ва роҳандозии идҳои дигар сарфаи беҳудаи вақте беш несту сабаби камшавии рӯзҳои корӣ мегардад". Ин гуруҳ таъкид мекарданд, "ба ҷойи баъзе идҳо хуб мебуд маблағи харҷи он ба ятимхонаҳо дода мешуд". Аммо Саидаҳмади Қурбон, як сокини Душанбе мегӯяд, Тоҷикистон ба «Иди Китоб” ё “Китобдӯстон” ва ё чизе монанди ҳамин ниёз дорад, то мардум ба хондан ташвиқ шаванд. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, дар ин бора бояд донишмандон бештар бигӯянд, "зеро чомеае, ки панҷ дарсадаш донишманд набошад, он ҷомеа ҳеч гоҳ пеш нахоҳад рафт".
Рамазон Давлатов, устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳам гуфт, бояд бештар ба идҳое аҳамият дода шавад, ки ҷанбаи фарҳангӣ ва ахлоқӣ дошта бошанд: “Имрӯз интернету телефон шавқу ҳаваси китобхониро бурдааст. Шояд имрӯз бигӯянд, ки тоҷик миллати китобхон аст, аллакай не. Шояд як сол пурра соли китоб эълон шавад ва як ҷашни китоб эълон шавад ва дар онҷо китобдори беҳтарин, китобхони беҳтарин, китобнависи беҳтарин, хаттоти беҳтарин муайян карда шавад”.
НАЗАРИ СОКИНОНИ ДИГАРРО ДАР ИН ВИДЕО БУБИНЕД ВА ШУМО НИЗ АНДЕШАИ ХУДРО БИНАВИСЕД
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |